Душмани мард орзу дорам!-1

“Агар тамоми одамон дӯст мебуданд,
қадру фазилати дӯстиро фаҳмидан номумкин мешуд!”
– Арасту

Дар боби дӯстӣ ва рафоқат, ҳамдилӣ, иттиҳоду иттифоқ зиёд шунидаем. Ин мавзуъҳо ҳамеша дар маркази диққати шоирону адибон қарор гирифтаанд. Дар ин мавзуъҳо қиссаву достонҳои бешуморе китобат шудаанд. Мафҳумҳое чун вафо, ёрӣ, ҳурмат, шафқат ва садоқат мудом осори бузургонро оро додаанд.

Аммо аз одоби душманӣ ба мо ҳеҷ нагуфтаанд. Бешубҳа, аз ин мавзӯ ками дар кам бархӯрдорем. Аз хурдӣ ба мо дӯстиро ташвиқ кардаанду аз душманӣ ҳазар кунондаанд. Гӯё дар зиндагӣ бо душман муомила кардан зарурат надорад.

Мафҳуми дӯстӣ аз беҳтарин ахлоқҳои ҳамидаи инсонӣ буда, ҳамеша мекӯшад то халқони ҷаҳонро дар гирди худ ҷамъ оварад. Гарчанде душманӣ муқобили ин мафҳум ҷой гирифтааст, инсон бояд душман дошта бошад. Шояд дар назари аввал дӯстии универсалӣ фирки хуб намояд, лекин дар амал он номумкин аст ва ҳамеша ба сохтори тиранӣ ва ҷангҳо рӯ меоварад. Зеро идеяҳои утопиявӣ (хаёлӣ) ҳамеша зидди нияти аслиро ба миён меоварад.

Дуруст аст, ки “хушбахтӣ” ҳамеша бо “дӯстӣ” қарин мебошад, вале магар оне, ки душман надорад, хушбахт аст? Магар дар таърихи инсонӣ нафаре номашро гузоштааст, ки душман надошта бошад?

Дар асл нигарем, худ фитрати инсонӣ созгор нест, ки бо ҳама дӯст бошад. Яъне ин андеша, ки душманӣ бояд решакан шавад, беҷову бемаврид аст. Моҳияти аслии ҳар ҳақиқат дар муқоиса бо зидди он фаҳмида мешавад. Ин аст, ки Арасту мегӯяд: “Агар тамоми одамон дӯст мебуданд, қадру фазилати дӯстиро фаҳмидан номумкин мешуд”.

Инсон бояд душман дошта бошад. Душмани асил, бофаҳм ва тавоно – душмани ҳақиқӣ! Душмане, ки аз одоби душманӣ бархӯрдор бошад. Душмане, ки ба душманӣ арзанда бошад. Душмане, ки шахсро сайқал дода, ӯро боз ҳам қавитар месозад. Кӣ метавонад бе донистани одоби душманӣ лаззати дӯстиро чашад? Фикр мекунам, ҳеҷ кас!

“…пардаи хайма кушода мешаваду падари Гектор –шоҳи Троя– Приям ба дарун даромада, пеши пои Ахилл зону мезанад, дастони ӯро бӯсида мегӯяд:

– Ҳурмати Худоро ба ҷой овар ва ба ман марҳамат бикун, Ахилл! Дар олам ҳеҷ кас таҳаммул накардааст он чиро, ки ман таҳаммул кардаам. Оё бадбахтӣ аз ин беш мешавад, ки дастони қотили фарзанди худро илтиҷоомез мебӯсам?!

Ахилл дар ҷанги тан ба тан Гекторро кушта, ба аробаи аспаш баста, дар ҳузури халқи Троя ҷасадро ба замин кашолакунон ба қароргоҳи лашкараш оварда буд. Приам барои гирифтани ҷасади писараш ба назди душман омада буд, то онро бо ҷанозаи лоиқи шоҳон ба хок супорад. Паҳлавони юнонӣ – Ахилл бо ҳайронӣ ба пирамард менигарад ва чунин мегӯяд:

– Чӣ азабҳое кашидаӣ, эй марди бетолеъ? Дили муаззаме чун кӯҳ доштаӣ, ки ҷуръат карда, ба ҷойгоҳи ман омадӣ. Наздиктар нишин, то дарду аламат паст шавад!

Ду рақиб, яке шоҳи номдори Троя – Приям, дигарӣ паҳлавони номағлуб Ахилл сари як дастархон нишаста, хӯрок мехӯранд. Аввалӣ барои фарзанди ғӯрамаргаш, дигарӣ барои душмани бемислаш мотам медоранду мегирянд…”

Дар филми ҳунарии “Троя”, ки аз рӯи достони “Иллиада”-и Гомер рӯи навор оварда шудааст, саҳнаи болоро каме тағйир додаанд. Онҷо Приам чизи дигаре мегӯяд:

– Душманонатро эҳтиром бикун, Ахилл!

Ин достони бузург, ки таърихи башарӣ эътирофаш мекунад, дар баробари мавзӯи дӯстӣ ва ҳатто зиёдтар аз он “шеъри асолати душманӣ”-ро сурудааст.

Шахсе, ки аз асолат ва виқори душманӣ маҳрум аст, душмани арзанда шуда наметавонад. Душмани арзанда дар ғайб рақибро бад намегӯяд, муштро дар торикӣ намезанад, сари роҳи ҳарифи худ “доми шағғодӣ” намегузорад, аз рӯ ба рӯ шудан ҳаргиз намеҳаросад ва ба майдони набард танҳо меояд.

Ҳамчунин дар филми “Троя” боз як саҳнаи зебое ҳаст. Вақто Ахилл дар зери деворҳои қалъаи Троя бо Гектор тан ба тан меҷангад, нохост пойи Гектор ба санге бармехӯраду ӯ ба замин меафтад. “Бархез!”, –мегӯяд Ахилл ва илова мекунад:

– Ман намегузорам, ки ғолибияти маро ба кӯмаки санге нисбат диҳанд!

Бале, душмани асил ба ғайр аз ақлу қувват ва фаросати худ майли муроҷиат ба дигар қувваҳоро намекунад ва аз зафарҳои осону ноҳақ бадастомада доим рӯ мегардонад.

(давом дорад)


Қаҳти риҷол ва “онҳо”

Ҳайкалтарош

Орзуе дорам!

2 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s