Ҳамчумнин воқеаи муҳими дигаре, ки дар ин мавзӯъ намунаи бемисл аст, дар асри XII ба вуқуъ пайвастааст. Рақобати ду доҳии ҳарбӣ – сарлашкари мусулмонон Салоҳиддин Айюбӣ ва шоҳи Англия Ричарди III (Ричарди “шердил”), ки шояд агар Гомер зинда мебуд, маҳз ҳамин рақобатро рӯйи қалам меовард. Салоҳиддин Айюбӣ пас аз фатҳи Миср ва Сурия фотеҳи шаҳри паёмбарон – Қудс низ гардида, машҳури олам мешавад. Попи калисои католикӣ лашкари навбатии “салибдорон”‐ро ба роҳбарии Ричарди III ба макони муқаддас равон мекунад. Дар набарди аввалин байни Салоҳиддин ва Ричард ҳарду тараф талафоти зиёде дода, ақибнишинӣ мекунанд. Сарлашкари салибдорон ҷароҳати вазнин мебардорад ва бистарӣ мешавад. Лашкариёнаш аз беобӣ ба танг меоянд. Ричард ба рақибаш Салоҳиддин мактуб навишта, аз ӯ оби ошомидани ва озуқа мепурсад. Салоҳиддин ба лашкари Ричард оби ошомиданӣ, меваҳои тару тоза ва барои худи сарлашкари ғарбиён доруву даво мефиристад.
Онҳо бо ҳам меҷангиданд, аммо берун аз ҷанг нисбат ба ҳамдигар эҳтироме доштанд – беназир. Ҳатто Салоҳиддин боре ба наздиконаш мегӯяд, агар душмане Қудсро аз ман мегирифта бошад, орзу мекунам, он Ричард бошад.
Инсон бояд душман дошта бошад. Душмане лоиқ ба худ. Пурзӯр, тавоно ва бофаҳм ба мисли Салоҳиддин ва Ричард, Ахилл ва Гектор. Зеро ба душмании онҳо ҳаваси кас меояд, ба онҳо душмани якдигар будан мезебад. Кам мешавад, ки инсон душмане ба худ муносиб дошта бошад. Шояд устод Лоиқ ҳам ҳаминро дар назар дошта буд, вақте ин мисраҳоро менавишт:
Душманонам заифу номарданд,
Душмани мард орзу дорам!
Ашуров Саидамир, маҷаллаи ҷамъиятӣ-фарҳангии “Саҳар”