Онҳо хомӯширо авло донистанд-2

Ӯ худро ҷевон мепиндошт

Клемент Кадо (? – ?)

Кадои ҷавон ба нависандагӣ шавқу ҳаваси зиёд дошт. Боре оилаи вай нависандаи машҳур Витолд Гомбровичро ба меҳмонӣ даъват карданд. Он вақт Кадо 15-сола буд. Гомбровичро дар хонаашон дида, ҷавон ба ҳаде мутаассир гашт, ки ҳамагӣ чанд калима гап зада тавонисту бас. Он рӯз ӯ худро ҳамчун яке аз ҷевонҳои хона пиндошт. Минбаъд барои фаромӯш кардани фаъолияти эҷодкорӣ то охири умр худро мисли ҷевон тасаввур мекард. Вақте ӯро аз шавқу ҳаяҷони нависандагии замони кӯдакиаш хотиррасон мешуданд, мегуфт: “Ман худамро ҷевон тасаввур мекунам ва то он ҷое, ки бароям маълум аст, ҷевонҳо қобилияти навиштан надоранд!” Бешубҳа, Кадо аҷибтарини зумраи Бартлбиҳои адабиёт маҳсуб мешавад.

Сода, вале ғайриодӣ

walser.jpgРоберт Валзер (1878 – 1956)

Адиби швейтсар Валзер шояд аз он адибоне бошад, ки дар ҳаёт ба қаҳрамони тахайюлии асари “Бартлбии муншӣ” бештар шабоҳат доранд. Дар зиндагиаш гоҳо дар сари дастгоҳи фабрика кор кардааст, гоҳо котиби адвокат будааст. Чанд муддат ба сифати корманди бонк фаъолият доштааст ва баъзан дар фабрикаи дӯзандагӣ ҳар гуна корҳои майдаро анҷом додааст. Вале дар баробари иҷрои ин корҳо боз фурсат ёфта, ба “Клуби нависандагӣ барои бекорон”, ки дар шаҳри Сюрих амал мекард, иштирок менамуд. Алорағми итоатнопазирии Бартлби, итоати Валзер дунёбезорӣ ва инзивои ӯро ифода мекард. Валзер инкор ё шикояташро на бо тарк намудани нависандагӣ, балки бо ихтиёр намудани хомӯшӣ амалӣ гардонд. Аз ҳама зиёд орзу мекард, ки дигарон ӯро фаромӯш кунанд. 28 соли охири умри ӯ дар девонахона бо навиштан дар рӯи поракоғазҳо, ки ҳеҷ кас чӣ навиштанашро фаҳмида наметавонист, паси сар шудааст. Ҳерман Ҳессе дар бораи ин нависандаи сода ва дар айни замон ғайриодӣ чунин гуфта буд: “Агар Валзер сад ҳазор хонанда дошта бошад, дунё ба макони аз будаш ба маротиб зебое табдил меёбад”.

Башир Усмон, ҳафтаномаи “Ҷавонони Тоҷикистон”

(давом дорад)


Онҳо хомӯширо авло донистанд-1

Чӣ тавр одати китобхониро касб намоям?-2

Ивазёбиро аз нафси хеш оғоз бикун!

3 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s