Тавсияи полиглотҳо оид ба омӯзиши забони хориҷӣ

Дар ҷомеаи имрӯза донистан ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ масъалаи мубрам аст. Инсонҳо барои аз худ кардани як забон сармоя ва вақти зиёд сарф мекунанд. Нафароне низ ҳастанд, ки қодиранд дар муҳалти кӯтоҳтарин ҳатто дар як соат забонеро биомӯзанд. Онҳоро полиглот – бисёрзабондон мегӯянд.

Алекс Роулингс, Мэттю Юлден, Лука Лампариелло ва Майкл Юлден – чор нафар полиглотҳо аз кишварҳои гуногун дар як таҷрибаи ғайриоддӣ ширкат варзиданд. Ба онҳо таклиф карда шуд, ки дар як соат забони барояшон номаълумро омӯзанд. Ҳар яки онҳо донандаи бештар аз 10 забони хориҷӣ буданд, аз ин рӯ мутасаддиён дар интихоби забон барои гузаронидани таҷриба мушкилӣ кашиданд. Хулас, мутасаддиёни озмоиш забони руминиро интихоб карданд. Зеро забони руминӣ хусусиятҳои монанд ба забонҳои фаронсавӣ, испанӣ, итолёвӣ ва португалиро дорост, ки полиглотҳо аллакай ин забонҳоро медонистанд.

Барои кӯмак ба ҳар як полиглот муаллими забони руминӣ таъин карда шуд. Бояд қайд кард, ки пас аз 60 дақиқа онҳо аллакай бо забони руминӣ бе луғат ва тарҷумон муошират мекарданд. Полиглотҳо услуб ва нозукияти омӯзиши забони хориҷиро ин навъ қайд мекунанд:

– Пеш аз ҳама барои босуръат омӯхтани забон феълҳои серистеъмолро аз худ карда, онҳоро тасриф намоед. Баъдан исмҳои маъмулиро ёд гиред. Бо ин амал шумо аллакай ҷумлаҳои содда сохта метавонед;

– Ба қадри имкон бо забони мавриди омӯзиш қарордошта муошират намоед. Баён карда тавонистани мақсади худ ба шумо рӯҳбаландӣ мебахшад;

– Калима ва қоидаҳои грамматикиро ҳатман қайд намоед. Ҳамин тавр маълумоти нав аз худ кардашуда дар хотира сабт мешавад;

• Калимаҳоеро омӯзед, ки бо забони шумо аз ҷиҳати талаффуз ва маъно монанд ҳастанд.

– таҳияи Саид Муъмин


Тавсифи психологии ҷиноят

Арифметикаи зеҳнӣ

Заминагузории малакаҳои муҳим дар кӯдак-1

One Comment Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s