Одатҳои бади пинҳонӣ

Пайдо кардани одати хуб кори басо мушкил аст. Вале ҳар кӣ ҳар моҳе як одати хуберо дар худ тарбия диҳад, метавоанд солро ҳамчун шахси муваффақ, шахсе, ки аз зиндагонӣ лаззат мебараду ҳамчун фарди ҷомеа барои атрофиёнаш самарабахш аст, ба итмом расонад.

Вале дар баробари ин одатҳои бад низ мавҷуданд, ки касби онҳо қулайтар аз касби одатҳои хуб аст. Ҳатто одатҳои бад пинҳонӣ ба ҳаёт ва рафторҳои рӯзмарраамон роҳ ёфта, қадам ба қадам моро ба батолат ва шикасти моддӣ-маънавӣ мекашанд. Аз ин рӯ хостем доир ба як қатор одатҳои баде маълумот диҳем, ки худ нафаҳмида дар давоми рӯз онҳоро ба ҷой меорем. Ва аз ҳама муҳим чунин одатҳо ба саломатиямон зиёни ҷиддӣ мерасонанд.

Пой болои пой монда нишастан

%d0%b0-%d0%bf%d0%be%d0%b9%d2%b3%d0%be

Доир ба зарарҳои пой болои пой монда нишастанро аввалин бор соли 1999 ширкати истеҳсолкунандаи маводи ғизоӣ эълом доштааст. Онҳо дар ИМА барои доираи васеи шаҳрвандон “The Great Cross-out” ном фаъолиятҳои тарғиботиро ба роҳ монданд. Тадқиқоти муосир муайян кардаанд, ки тарзи пой болои пой монда нишастан, боиси баланд шудани фишори хун дар бадан ва як қатор мушкилиҳои рагҳои хунгарду хароб шудани асабҳо буда метавонад.

Аз даст хӯронидани кабӯтарҳо

%d0%b0-%d0%ba%d0%b0%d0%b1%d3%af%d1%82%d0%b0%d1%80%d0%be%d0%bd

Ҳарчанд аз даст хӯронидани кафтарҳо ҳам барои кӯдак ва ҳам барои волидайн кори шавқовар аст, вале бояд қайд кард, ки кабӯтарони шаҳрӣ ҳамлкунанда ва интиқолдиҳандаи бемориҳои зиёди сироятӣ мебошанд. Табибон қайд мекунанд, эҳтимоли ин ки кабӯтар интиқолдиҳандаи кадом яке аз бемориҳо мебошад, 50%-ро ташкил медиҳад. Дар навбати худ он бемориҳо чунинанд: колибасиллез, гистоплазмоз, салмонеллез, бемории сил, листериоз, туляремия, бемории Нюкасл, токсоплазмоз ва ғайра.

Пӯшидани айнакҳои офтобии бесифат

%d0%b0-%d0%b0%d0%b9%d0%bd%d0%b0%d0%ba

Барои дастрас ва арзон гардонидани арзиши айнакҳои офтобӣ ширкатҳои истеҳсолкунанда аз пластики арзони кмасифат истифода мебаранд. Ҳарачнд номи чунин маҳсули камсифат айнаки офтобӣ аст, вале он чашми айнакдорро аз шуоҳои зараровари ултрафиолетӣ ҳифз намекунад. Азбаски айнакҳои мазкур сиёҳанд, барои биноии беҳтар гавҳараки чашм маҷбур мешавад, ки васеътару калонтар кушода шавад. Чунин амал боиси он мегардад, ки таъсири шуоҳои зараровар ба чашм ду маротиба афзуда, шуоҳои офтобӣ гавҳаракро сӯзонанд. Миқдори зиёди шуоҳои ултрофиолетӣ ба чашм зарар расонида, сабаби бемории катаракт мешавад. Аз он ҳам даҳшатовартар, боиси гирифтори саратони чашм мегардад.

Аз ҳад зиёд об нӯшидан

%d0%b0-%d0%be%d0%b1

Калонсол дар муддати рӯз бояд на кам аз 2 литр об нӯшад, вале аз меъёр зиёд истеъмоли ин неъмати гаронбаҳо метавонад боиси як қатор мушкилиҳо гардад. Ҳамин тавр табибон қайд мекунанд, ки нафарони серҳаракат ва онҳое, ки бо меҳнати вазнини ҷисмониву тамринҳои варзишӣ машғуланд нисбат ба нафарони камфаъолу камҳаракат бештар об нӯшанд. Вале нафароне, ки бо гурда ва саломатии дил мушкилӣ доранд, истеъмоли обро барои худ маҳдуд кунанд. Роҳи аз ҳама беҳтарини муайян намудани меъёри лозимаи об барои органзими инсон ин ташнагӣ аст. Агар шумо ташна набошед, пас бе сабаб ва як навъ ба таври иҷборӣ аз нӯшидани об худдорӣ намоед.

Нӯшидани шири беравған

%d0%b0-%d1%88%d0%b8%d1%80

Аксарият гумон мекунанд, ки шири аз равған тоза кардашуда, айни шири муқаррарӣ аст, вале онҳо ғалат мекунанд. Вақте аз таркиби шир равған ихроҷ карда мешавад, ҳамроҳи он витамин ва таркибҳои ғизоии барои организми инсон фоидабахш низ тоза мешаванд. Ҳамчунин ба таркиби шири аз равған тоза кардашуда, моддаҳои кимиёвӣ илова карда мешаванд, ки барои организм зараровар буда метавонанд. Аксар ширкатҳои истеҳсолкунандаи ин навъи шир барои “тақвият”-и маҳсули худ аз хокаҳое истифода мекунанд, ки холестирини дар таркиби шир мавҷудбударо оксидӣ мекунанд. Муҳаққиқон қайд мекунанд, ҳайвонҳое, ки холестерини оксидикардашударо истеъмол кардаанд, дар рагҳои хунгарди онҳо ҷузъҳое хурде пайдо шудаанд, ки боиси сактаи дил гаштаанд. Ҳарчанд таҷрибаҳои мазкур танҳо дар ҳайвонҳо гузаронида шудаанд, вале табибон қайд мекунанд, ки ин ҳолат дар организми инсон низ рух дода метавонад.

Ба шакли қаду қомат аҳамият надодан

%d0%b0-%d0%bd%d0%b8%d1%88%d0%b0%d1%81%d1%82

Шакли қаду қомати дуруст ва зебо ин дар шакли симетрӣ қарор доштани тамоми узвҳои бадан аст. Аз ин рӯ ҳангоми гаштан ва нишастан ба шакли қаду қомати худ аҳамият диҳед. Зеро қаду қомати хамида метавонад боиси хастаҳолӣ ва бемориҳои зиёд гардад:

– Болои мизи корӣ ҳатман соат гузоред. Пас аз ҳар соати нишаста кор кардан, аз ҷой хеста тамринҳои 10-дақиқаӣ кунед;

– Баландии миз аз бадан бояд якчанд сантиметр аз қафаси сина ҷойгир бошад. Барои он ки ҳангоми кор кардан оринҷ ва дастони шахс мунтазам болои миз қарор гиранду шахс қаду қоматашро рост нигоҳ дошта шишта тавонад.

– Масофаи лаби мизи корӣ аз қафаси сина бояд 8-10 см ташкил диҳад.

– Баландии мизи корӣ бо баландии курсӣ бояд мутаносибан дуруст бошад ва ҳангоми нишаста кор кардан, қаду миёнро рост нигоҳ доред.

– Пойҳо бояд бапуррагӣ бо замин дар тамос бошанд.

Саломат бошед!


Нӯшидани оби тоза бӯи даҳонро бартараф мекунад

Оқибати камхобӣ

Зардаҷӯш ва табобати он

2 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s