Шири модар неъмати бебаҳост!

Шири модар барои навзод дар баробари ғизобахш будан, ҳамзамон миёни модар ва кӯдак заминаи робитаи устувор ва ногусастаниеро мегузорад, ки дар тӯли ҳаёт меҳру муҳаббати фарзанд ба модар ва модар ба фарзанд аз он маншаъ мегиранд. 

Ширмаконӣ шакли беҳтарин ва муфидтарини ғизогирии навзод буда, ҳамчунин моддаҳои дар таркиби шири модар мавҷудбуда масунияти организими тифлро қавӣ гардонида, ӯро аз рӯзҳои аввал аз ҳар гуна бемориҳо ҳифз мекунанд. Илова ба ин дар таркиби шир элементҳое мавҷуданд, ки онҳоро бо ҳеҷ як роҳи дигар ба даст овардан мумкин нест ва он элемнетҳои лозима барои рушду инкишоф ва бемушкилӣ амал кардани мағзи сари кӯдак хизмат мекунанд. Дар баробари ҳамаи ин ҷиҳатҳои муъҷизавии шир, ҳамчунин раванди ширмаконӣ дар модар малакаи шинохтан ва “хонда тавонистан”-и фарзандашро инкишоф медиҳад. Бо ширмаконӣ модар нишонаҳо аз гушна мондани фарзандро меомӯзад, аз ин рӯ барои дарҳол сер кардани меъдаи ӯ кӯшиш мекунад.

Бояд зикр кард, ки ширмаконӣ танҳо барои кӯдак лозим нест. Ин амал дар баробари пайдо кардани робита миёни модар ва фарзанд, ҳамчунин худи модарро низ фоидабахш аст. Зеро ҳангоми ширмаконии фарзанд, организми модар гармонҳои таскинбахш ба монанди пролактин ва окситосинро истеҳсол мекунад, ки ҳам ҷисман ва ҳам рӯҳан модарро роҳат бахшида, ӯро ҳисси дар ҳақиқат модар буданро боис мегардад.

Кӯдаконе, ки аз рӯзи аввал бо шири модар тағзия гирифтаанд, нисбатан доно, ҳушёр ва закӣ мешаванд. Азбаски ҳазм намудани шири модар барои меъдаи кӣдак қулай аст, онҳо зудтар гушна мемонанд ва аз ин рӯ доим бо модар дар тамос мешаванд. Дар навбати худ модарон низ нисбати фарзандонашон ҳассосноктар гашта, кӯдаки хешро беҳтар мешиносанд.

Ҷиҳатҳои фоидабахши шири модар то имрӯз ба пуррагӣ омӯхта нашудаанд ва илми муосир таҳқиқотро аз болои фоидаҳои он то ба ҳол давом дода истодааст:

Шири модар дорои элемент ва моддаҳои фоидабахш аст, ки барои инкишофи системаи асаб, бофтаҳо, устухонҳо ва масунияти организми кӯдак мусоидат менамоянд. Аз ин рӯ нафароне, ки аз овони навзодагӣ бо шири модар ба воя расидаанд, дар тӯли ҳаёт ба бемориҳо камтар гирифтор мешаванд;

Кӯдаконе, ки аз рӯзҳои аввал бо шири модар ба воя мерасанд, бо модар робитаи рӯҳӣ-равонии қавӣ пайдо мекунанд. Ин амал барои рушди зеҳнӣ-маънавии солими онҳо мусоидат мекунад;

Ҳангоми ҳомиладорӣ қисматҳои шикам ва раҳми модар равған мебанданд. Ширмаконӣ бофтаҳои равғанбастаи бадани модарро об карда, ба шакли қаблӣ бармегардонад;

Ширмаконӣ барои ҳифзи саломатии кӯдак муҳим аст;

Шири модарро организми зан бо осонӣ истеҳсол мекунад. Аз ин рӯ шир доим барои кӯдак омода аст. Мушкилӣ бо гарм ё хунук кардани он мавҷуд нест. Бахусус шабона модсар аз ҷой нахеста метавонад фарзанди гушнамондаро сер кунад. Ҳазми он барои меъдаи кӯдак қулай аст. Кӯдаки ширмак ташна ҳам намемонад. Шири модар барин неъмати бебаҳо дар таркиби худ тамоми элементҳои ғизоии барои кӯдак лозима ва фоидабахшро доро аст.

Бинобар ҷиҳатҳои фоидабахши дар боло зикр гардида, табибон ба таври ҳатмӣ огоҳ мекунанд, ки кӯдаки навзод бояд ҳадди ақал 6 моҳи аввал танҳо шири модарро ғизо гирад. Ҳамчунин тавсия дода мешавад, ки кӯдак дар баробари ғизоҳои дигари мувофиқ то синни 2-солагӣ ҳатман шири модар макадинаро идома диҳад. 

Ин нозукияти тарбияи фарзанд дар Каломи илоҳӣ низ зикр мегардад: “Ва модарон бояд ки ба фарзандони худ ду соли тамом шир диҳанд…” (сураи Бақара, 233). “…Модараш ӯро бо душворӣ дар шикам бардоштааст ва ба душворӣ ӯро зодааст; ва (ақалли муддати) бор гирифтани ӯ – ва аз шир боз кардани ӯ сӣ моҳ аст…” (сураи Аҳқоф, 15).

– таҳияи Садбарги Ҳаким


Тифли навзод ва интизориҳои волидайн

Таъсири аз ҳам ҷудошавии волидайн ба кӯдак

Кӯдак аз чандсолагӣ бояд ба кӯдакистон равад?

7 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s