Рушди ҷисмонии кӯдак-1

Навзод баъд аз таваллуд шудан қадам ба қадам аз марҳилаҳои рушди ҷисмонӣ гузашта ба воя мерасад. Ин марҳилаҳои рушд дар ҳама кӯдакон одатан якранг гузашта, дорои вижагӣ ва нозукиятҳои хос мебошанд.

Овони тифлӣ

Вақте навзод ё тифли солим ба дунё меояд, қадаш 45-53 см ва вазнаш 3,5 кг ташкил медиҳад. Бояд қайд кард, ки одатан ҳангоми таваллуд ёфтан қади духтарон нисбат ба писарон пасттар мебошад.

Ҳаҷми сари навзод нисбат ба дигар узвҳои бадан калонтар аст. Он аз чор як қисми ҷисми навзодро ташкил медиҳад. Косахонаи тифли нав ба дунё омада аз ташнаки ҷумҷума (дар қисмати болоии сар наздик ба пешонӣ) ва қисматҳои мулоим иборат аст. Дар ҷамъ онҳо шаштоянд. Дар ин қисматҳои мулоими сар ҳоло косахона ба пуррагӣ сахт шуда маҳкам нашудааст. Чунин ҳолат барои инкишоф ва калоншавии бардавоми косахона ва мағзи сар имкон медиҳад. Одатан ташнаки ҷумҷума дар синни 1,5-солагии тифл пурра маҳкам шуда, қисматҳои мулоими сар сахт мешаванд.

Аз таваллуд то 3-моҳагӣ

Як қатор амалу рафторҳое мавҷуданд, ки одатан дар ин марҳилаи рушди ҷисмонии навзод дар ҳама кӯдакон якранг мегузаранд. Дар ин марҳилаи рушд кӯдак кӯшиш мекунад, ки муҳит ва атрофиёнашро тариқи малакаҳои биноӣ, шунавоӣ ва ламс шиносад:

– Аксари вақтро бо хоб мегузаронад;

– Сарашро бардошта устувор нигоҳ доштанро кӯшиш мекунад;

– Ба чеҳраи одамон бодиққат нигоҳ карда, бо табассум ҷавоб мегӯяд;

– Бо садои баланд механдад;

– Ба ашёи ҳаракаткунанда диққат дода, онро пайгирӣ мекунад;

– Олами воқеиро бо малакаҳои биноияш меомӯзад;

– Нисбат ба овоз ва садои баланд аксуламал нишон медиҳад;

– Агар безобита шуда гиря кунад, ҳар вақте ба оғӯш гирифта шавад, ором мегардад;

– Модарашро мешиносад; бахусус бӯй ва садои ӯро аз бӯй ва садоҳои ғайр фарқ мекунад. Ҳамчунин табибон қайд мекунанд, ки эҳтимол миёни модар ва фарзанд як қатор робитаҳои дигар низ мавҷуданд, ки ҳоло илми муосир аз шинохти онҳо оҷиз аст;

– Ламс, дошта гирифтан барин малакаҳо, ки бо ин тариқ низ кӯдак олами воқеиро мешиносад, дар ҳоли инкишоф мебошанд;

– Худ аз худ садоҳои гуногун мебарорад;

(давом дорад)


Шири модар неъмати бебаҳост!

Монеаҳои рушди солими кӯдакро аз байн бардоред!

Чаро кӯдакон дуздӣ мекунанд?

5 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s