Бозии гургони мешмонанд

Китоб: Моҷароҳои “Водии гургон”

Муаллиф: Маҳмуд Усмонов

Нашриёт: Ирфон, соли 2017

Теъдоди саҳифа: 145

Забони китоб: тоҷикӣ


Террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад. Гузашта аз ин, зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм, ки аксаран таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат мегирад, ба дини мубини ислом иртиботе надорад…

–Аз Паёми  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, 20 январи соли 2016.

Маҳмуд Усмонов хабарнигори таҷрибадор ва таҳлилгари моҳири масоили Афғонистон ва Ховари Миёна аст. Ӯ солҳои зиёд боз дар расонаҳои ватанӣ кор ва фаъолият намуда, қалами фаъоли худро сайқал медиҳад. Китоби тадқиқотии аввалини ӯ бо номи Моҷароҳои “Водии гургон”, ки маҷмӯи мақолаҳои таҳлилӣ оид ба низоъҳои Ховари Миёна аст, ба тозагӣ аз чоп баромад. Китоб дорои муқоваи ҷолиб буда, хонандаро аз саҳифаҳои аввал ба худ ҷалб мекунад. Ҳарчанд муаллиф барои асараш исми “Водии гургон”-ро интихоб намудааст, вале бояд қайд кард, ки муҳтавои таҳлилии ӯ бо силсила-филми хаёлӣ ҳеҷ рабте надорад.

Асари мазкур маҷмӯи мақолаҳои таҳлилӣ-тадқиқотии муаллиф аст, ки миёни солҳои 2014-2016 ба қалам гирифта шудаанд. Новобаста ба замон муҳтавои матлабҳои дар китоб дарҷшуда то ҳол тозагии хешро нигоҳ дошта, барои дарк ва пайдо кардани диди воқеӣ ба ҳодисаҳои кишварҳои Ховари Миёна ба монанди Сурия, Ироқ, Эрон, Туркия, олами исломӣ ва мушкилоти падидаи манфури терроризму идеологияҳои ваҳҳобӣ-салафӣ кӯмак мекунад. “Водии гургон” дар қиёфаи “гӯсфанд” чӣ гуна пинҳон шудани “гург”-ро ошкор намуда, парда аз равандҳои минтақавӣ мебардорад.

Хониши китоби Моҷароҳои “Водии гургон” ба зумраи васеи хонандагон тавсия карда мешавад. Вале аз номи худ қайд мекунем, ки онро ҳатман мутахассисони соҳа, кормандони соҳаи амниятӣ, донишҷӯён ва муҳаққиқони бахши марбута мутолиа намоянд.


Тавсифи психологии ҷиноят

Олами рӯҳии судхӯрон

Шуҷоатмандиву вифоқи халқҳо

2 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s