Мувофиқи иттилои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар дунё тақрибан 285 миллион нафар аз биноӣ пурра ё қисман маҳрум ҳастанд. Хушбахтона илм рӯз то рӯз тараққӣ карда, олимон технологияи бофандаи ҳуҷайраҳоро ихтироъ кардаанд. Идеяи мазкур ба профессори донишгоҳи Киото – Синя Яманака таълуқ дорад. Ӯ соли 2012 дар якҷоягӣ бо биологи британӣ Ҷон Гёрдон сазовори Ҷоизаи Нобел шудаанд.
Яманака ва ҳамкорони ӯ дар бадани инсон ҳуҷайраҳоеро мушоҳида карданд, ки қобилияти ба ҳолати ҷанинӣ баргаштанро доранд. Мутахассисон қайд мекунанд, ки чунин ҳуҷайраҳоро барои парвариши узвҳо ва бофтаҳои зарурӣ дар трансплантатсия (интиқоли узв) истифода кардан мумкин аст.
Ҳамин тавр олимон барои нобиноён бофтаи чашм парвариш мекунанд. Озмоишҳои клиникӣ барои интиқоли бофтаи чашм дар донишгоҳҳои гуногун гузаронида мешаванд. Масалан, дар донишгоҳҳои Кардифф ва Осака ба харгӯшони нобино амалиёти интиқоли бофтаи чашм бо муваффақият ба анҷом расонида шуд.
Чунин озмоишҳо дар Маркази клиникии Русия низ гузаронида шуда, аз ҳуҷайраи пӯст бофтаи чашм парвариш мекунанд. Дар назар аст, ки озмоиши клиникӣ дар одамон дар давоми соли 2017 оғоз гардад.
– таҳияи Саид Муъмин
2 Comments Add yours