Рушди ҷисмонии кӯдак-2

Аз 3 то 6-моҳагӣ

– Сарашро рост ва устувор нигоҳ дошта, бо кӯмаки кас андак вақт шишта метавонад;

– Кӯшиш мекунад, ки мақсаднок ба ашёи дуртар воқеъбуда ҳаракат карда онро гирад ва ашёи дар наздаш бударо бо осонӣ ба сӯяш даст дароз карда медорад;

– Вақте ҳамроҳаш бозӣ мекунед, ӯ завқ мегираду хурсанд мешавад;

– Ҳар чизе ёфту маъқулаш шуд, ба даҳон меандозад;

– Кӯшиш мекунад, ки “майдон”-ашро фарох нигоҳ дорад; агар бо шикам хоб бошад, мехоҳад худро ба як паҳлӯ партофта бо пушт хоб равад; агар бо пушт хоб бошад, мехоҳад ҳатман бо кӯмаки оринҷ, китф ва сараш худро боло бардорад;

– Ҳар вақте ханда мекунад, аз таҳти дил механдад;

– Вақте тифлро ба оғӯш мегиред, болидарӯҳ мегардад;

– Вақте бозичаашро гум мекунад, ҳатман онро мекобад.

Аз 6 то 9-моҳагӣ

– Андаке бе кӯмаки кас нишаста метавонад;

– Аллакай аз як паҳлӯ ба паҳлӯи дигар ғелида метавонад;

– Ба сӯи ашёе ва ё кас хазида-хазида рафта метавонад;

– Агар аз дастонаш гирифта рост доред, болои пойҳояш истода метавонад;

– Вақте худашро дар оина мебинад, табассум мекунад. Зеро аллакай фарқ миёни худ ва аксашро медонад;

– Ашёеро аз ин даст ба он дасташ гирифта идора карда метавонад;

– Бо як даст ашёро маҳкам дошта метавонад;

– Ашёро бо ангушти калон ва ишорат расида, онро фарқ карда мешиносад;

– Ашёро ба сӯе партофта завқ мебарад, хурсанд мешавад;

– Агар номашро гирифта фарёд кунед, нигоҳ мекунад;

– Ҳиҷо-ҳиҷо калимаҳоеро талаффуз мекунад, ки барои мо маъное ифода намекунанд;

– Симои афроди оиларо мешиносад ва аз симоҳои бегона метарсад;

– Аз бағали модараш намефарояд;

– Агар ҳамроҳи тифл мутобиқи синну солаш бозиҳо кунед, ӯ низ ҳамроҳи шумо бозӣ мекунад: чапак задан, даст ҷунбонидан ва ғайра.

(давом дорад)


Рушди ҷисмонии кӯдак-1

Кӯдак ва гиреҳбандии пойафзол

Шири модар неъмати бебаҳост!

3 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s