Ҳар даҳ сония дар дунё бар асари истеъмоли тамоку як нафар ба ҳалокат мерасад. Тибқи маълумоти Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ 1,3 миллиард аҳолии сайёраи Замин вобастагӣ ба тамокуро дорад. Мувофиқи гузориши мазкур, истеъмоли тамоку дуюмин сабаби маъмулии фавти одамон пас аз садамаҳои нақлиётӣ мебошад. Ҷиҳати дигар, ки ҷомеаи ҷаҳониро нигарон кардааст ин сигоркашӣ миёни ҷавонону наврасон мебошад. Бояд қайд кард, ки дар ин миён кӯдакон низ дар гурӯҳи риск қарор доранд. Агарчӣ тайи 15 соли охир (2000‐2015) омори тамокукашӣ миёни наврасон ду баробар аз 59% ба 31% коҳиш ёфтааст, вале ин рақам ҳанӯз ҳам бузург аст. Кӯдакон аз 7‐солагӣ сигоркаишро шуруъ карда, дар 14‐15 солагӣ аллакай ба он вобастагӣ пайдо мекунанд. Чӣ гуна метавонем фарзандони худро аз ин одати манфур ҳифз намоем?
Наврасро чӣ омил ба сигоркашӣ водор мекунад?
Пеш аз ҳама бояд муайян кард, ки кадом омилҳо наврасонро ба ин одати зараровар водор мекунанд. Аз нигоҳи коршиносон майли кӯдакон ба сигор чанд сабаб дорад. Дар бисёр маврид оилаҳое, ки дар он волидайн ин одати бадро доранд, фарзандон ба хотири монанд шудан ба онҳо, яъне тақлидкорона ба сигоркашӣ сар мекунанд. Зеро дар назари кӯдак кашидани сигор нишона аз калон шудан ва мустақил будан аст. Омили дигар ин давраи гузариш душвори синну сол аст.
Дар баробари ин омили аз ҳама муҳимтарине, ки наврасонро ба сигоркашӣ водор мекунад, фишори ҳамсолон аст. Зимнан вобастагиҳои патологӣ ва нашъмандӣ низ бештар ба ин падида алоқаманд мебошанд. Фишори ҳамсолон тақрибан чунин аст: “Агар сигор накашӣ, ту бо мо нестӣ!” ё “Ту тарсончакӣ, наметавонӣ!”. Дар ҳолате кӯдак мехоҳад дар гурӯҳ бошад, гумони ғолиб ӯ ҳар кори амршударо иҷро хоҳад кард. Зеро барои наврас эътирофи гурӯҳ дар ин давраи ҳаёт аз ҳама чиз дида болотар аст. Дар ин даврон кӯдак ба баҳогузории атрофиён, махсусан ҳамсолони худ вобаста аст.
7 Comments Add yours