Итоаткорӣ

Боре шабонгаҳ Ҳазрати Зулқарнайн (а.с.) ҳамроҳи лашкаронаш ба сафар мебарояд. Ҳангоми сафар ба онҳо амр мекунад:

– Ҳар чизе пеши поятон ояд, ҷамъ кунед!

Вақто аскарон ин амрро мешунаванд, як гурӯҳ аз миёни онҳо чунин мегӯяд:

– Бисёр роҳ гаштем ва ҳам монда шудем. Боз дар ин поси шаб, ки роҳамонро намебинем, боз ҳар чӣ пеш ояд бояд ҷамъ карда, борамонро вазнин кунем мӣ?, -гӯён ғур-ғур карда қадам заданду чизе ҷамъ накарданд.

Аз миёни аскарон гурӯҳи дуюм бошад:

– Модом амри сарфармондеҳ аст, кам ҳам бошад, ягон чиз ҷамъ кунем. Ҳамин тавр ҳам борамонро сабук нигоҳ медорем ва ҳам ба амр итоат мекунем, -гуфта шабона ҳар чӣ пеши пояшон бармехӯрд андакашро ҷамъ мекарданд.

Гурӯҳи сеюм бошад, ки итоаткор ва нозукбин буд:

– Суханони сарфармондеҳ ҳеҷ гоҳ аз ҳикмат холӣ набуданд. Агар амр карда бошад, пас лозим аст, -гуфта ҳар чӣ ёфтанд, хӯрҷинҳояшонро бо он пур карданд.

Вақте пагоҳӣ рӯз дамиду ҳама ҷо равшан шуд, аскарон аз манзараи бо он рӯ ба рӯ шудаашон дар ҳайрат буданд. Зеро ҳар чизе, ки шабона пеши пояшон бармехӯрду Ҳазрати Зулқарнайн ҷамъ кардани онро амр кард, тиллову сангҳои қиматбаҳо буданд.

Ин манқиба оқилонро ибрат аст. Ҳоли инсон дар ин дунё ба сони аскарон мебошад. Агар ҳангоми сафари дунё новобаста ба зулмоти он пеши пой ҳар чӣ омад ҷамъ кунем, бо дамидани субҳи рӯзи охират бурд хоҳем кард. Як гурӯҳи одамон дар ин дунё ба амри Сарфармондеҳ аҳамият надода, ба маҳшар бо дасти холӣ ҳозир мешаванд. Гурӯҳи дуюм аз нигоҳи худ оқилона рафтор карда “на сих сӯзаду на кабоб” гуфта, ба амри додашуда итоати мутлақ изҳор намекунад. Вале гурӯҳи сеюм, ки дар ин сафар доим аз пайи шинохти оламу одам, моддаву маънавият аст, аз нозукияти итоаткорӣ бархӯрдор шуда, дар рӯзи мизон бо хӯрҷинҳои пур аз алмосу ёқут ҳозир хоҳад гашт. Агар Ӯ (ҷ.ҷ.) амр карда бошад, пас ҳатман ҳикмате мавҷуд аст!


Ҳадя кардани либос савоб аст!

Ҳикмат аз Бишри Ҳафӣ бишнав!

Фотиҳа ва муҳлати шиносшавии ҷуфти оиладормешуда

2 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s