Рушди ҷисмонии кӯдак-3

Аз 9 то 12-моҳагӣ

– Мустақилона ягон ҷойро дошта ба пой мехезад;

– Агар аз дастонаш гирифта кӯмак кунед, қадам мезанад. Баъдтар бошад аз як дасташ ҳам доред ё ӯ ягон ҷойро дорад мустақилона қадам зада мегардад;

– Садо ва овози шунидаашро тақлид карда такрор мекунад;

– Талаффузи ду-се калимаро меомӯзад;

– Огоҳӣ ва фармонҳои кӯтоҳро ба зудӣ мефаҳмад;

– Барои кашфи олами воқеӣ бештар талош мекунад: ба ҳама чиз мароқ зоҳир карда тамошо мекунад, ламс мекунад, ҳар чӣ ёбад ба даҳонаш меандозад;

– Бо калонсолон бо осонӣ саргарми бозӣ мешавад.

Аз 12 то 18-моҳагӣ

– Аллакай мустақилона роҳ гашта, аз пайи кашфи муҳит мешавад;

– Ду-се шакл-бозичаҳои тахтагиро болои ҳам рост ва устувор монда метавонад;

– Зарферо бо ашёҳои хурд пур мекунад;

– Аллакай 5-10 калимаро талаффуз мекунад;

– Ҳангоми бо ҳамсолон ё бародаронаш бозӣ кардан, ҳирси зиёд изҳор мекунад: ба ғазаб меояду аксуламал нишон медиҳад.

Аз 18 то 24-моҳагӣ

– Дар аввал бо кӯмаки кас ва баъдан мустақилона ба зинапояҳо баромадаву фаромада метавонад;

– Аз шакл-бозичаҳои тахтагияш манораи шашқабата сохта метавонад;

– Бинӣ ва чашмонашро ишора мекунад;

– Ду калимаро пайиҳам талаффуз мекунад. Ин нишона аз ҷумлабандӣ аст. Бойгонии луғавияшро зиёд мекунад.

– Мустақилона хӯрок хӯрданро меомӯзад;

– Расми дар болои қоғаз ё қум кашидашударо тақлид карда мекашад;

– Ҳоло нисбат ба “пояк доштан” якравӣ мекунад, аз ин рӯ тагашро тар карда меистад;

– Амалу гуфтори калонсолон барояш ҷолиб метобанд, аз ин рӯ кӯшиш мекунад ба монанди онҳо рафтор намуда тақлидашон кунад;

– Нисбат ба шинохатни дигар кӯдакон майл пайдо карда ҳамроҳашон бозӣ мекунад. Вале чунин бозӣ болои хости шахсии ӯ такя мекунад: бозичаи кӯдаки дигарро гирифта, худаш бозӣ кардан мехоҳад.

(давом дорад)


Рушди ҷисмонии кӯдак-1

Рушди ҷисмонии кӯдак-2

Равшанфикрии кӯдак аз модар аст

3 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s