Шапотӣ

Муаллим баъди анҷоми дарс талабаҳоро ҷавоб дода, аз синф берун шуд. Дид, ки дар даҳлез яке аз талабаҳо дигарашро пешпо дода афтонд. Талабае, ки ба замин афтод, яке аз талабагони фаъол буд. Муаллим талабаро ба хотири хушахлоқияш дӯст медошт. Омада, ӯро аз замин бардошт ва сару либосашро аз гарду хок пок кард. Баъд талабаи дигарро, ки беадабӣ карда буд, аз гӯшаш дошта, ба синфхонаи холӣ даровард.

Омӯзгор чанд сол мешавад, ки дар ин мактаб дарс медиҳад. Ба вай борҳо вазифаҳои баландтар пешниҳод карданд, аммо нарафт. Ҳатто ба шуъбаи маориф ба кор хонданд, азбаски ӯ мактаби деҳаашро мисли хонаи худаш дӯст медошт ва аз талабаҳо дил канда наметавонист, қабул накард.

Ҳоло вай талабаи “беадаб”-ашро бо нияти танбеҳ додан ба синф дароварда, ба рӯяш чунон шапотие зад, ки дандони талаба шикаста хун ҷорӣ шуд. Хуни даҳони талаба ба куртаи муаллим ҳам расида, онро доғдор кард.

Муаллим аз ғояти ғазаб надонист чӣ кор кардааст. Вақте ки ба худ омад, каме пушаймон шуд. Вале дар дил мендешид, ки сазои ин бача ҳамин аст. Талаба, ки ҳоло ҳам аз ҷой нахеста буд, дасташро саросема ба ҷайбаш бурд. Ин ҳолат аз назари муаллимаш пинҳон намонд. Муаллим худ ба худ гуфт: “Талабае, ки натарсида, ҳамсинфашро афтонд, ҳоло барои аз муаллимаш қасос гирифтан ҳама корро мекунад”.

Муаллим фикр мекард, ки талаба аз ҷайбаш корд ё олате бароварда, ба вай ҳамла мекунад. Вале писарак дасташро аз ҷайбаш берун карда, рӯймолчаеро ба муаллимаш дароз кард, ки чанд рӯз пеш ҳангоми мактабравӣ модараш ба ҷайбаш гузошта буд. Дар ҳоле ки хун дар кунҷи лабаш ҳоло ҳам сурхӣ дошт, ба муаллимаш гуфт:

− Муаллимҷон, куртаатон доғдор шуд. Иҷозат диҳед, пок кунам!

– Башир Усмон, Ҳадяи зиндагӣ


Охирон тори ғижак

Шаҳид

Шир

2 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s