Рушди ҷисмонии кӯдак-4

2-солагӣ

Кӯдак дар овони навзодияш ба падару модар ва афроди калонсоли хона ба пуррагӣ вобаста аст. Вале баъдан ӯ кӯшиш мекунад, ки мустақил бошаду озодона рафтор намояд. Аз ин рӯ баъзе аз амалу рафторҳои рӯзмарраи содаро аллакай мустақилона ба ҷой оварда метавонад:

– Ҷаҳидан, ба боло баромадан ва болои як пой париданро меомӯзад;

– Бо истифода аз шакл-бозичаҳо “пул” (кӯпрук) месозад;

– Нутқаш нисбатан инкишоф меёбад ва калимаи “ман”-ро бештар истифода мебарад;

– Савол медиҳад. Аксар калима ва ҷумлаҳоро мефаҳмад;

– Дар рӯйи қоғаз ё болои қум давра мекашад;

– Ҳамроҳи дигар кӯдакон низ бозӣ мекунад ва ҳамин тариқ дарк мекунад, ки ба ғайр аз муҳити оила боз муҳитҳои ғайр низ мавҷуд аст;

– Дуруст роҳ гаштан ва давиданро меомӯзад.

3-солагӣ

– Мушакҳои асосӣ аллакай инкишоф ёфтаанд. Аз ин рӯ бисёр медавад, ба болоҳо мебарояд ва тез ҳаракат мекунад. Дар 3,5-солагӣ зуд-зуд пешпо хӯрда меафтад;

– Коста ҳам бошад, вале ҳар вақте гушна монад, мустақилона ягон чиз хӯрда шикамашро сер мекунад;

– Қисман либосҳояшро мустақилона мепӯшад. Тугмаҳояшро мегузаронад. Пойафзолҳои осонпӯшро мустақилона мепӯшад. Вале бандҳои пойафзолро ҳоло баста наметавонад. Гесубандашро мустақилона гузаронида ё баста наметавонад;

– Бо қум, лой ва пластилин бозӣ карда шаклҳои гуногун сохта метавонад;

– Давра ва аломати ҷамъро мекашад;

– Номи ашёҳоро медонад. Ҷумлаҳои сода месозад. Шеър, суруд, тезгӯяку мақолҳои осонбаёну азёд карданашон осонро базудӣ азхуд карда, такрор мекунад. Ба дарки сухан расида, дардашро гуфта метавонад;

– Кунҷкоб ва ба ҳама чиз мароқи зиёд пайдо мекунад. Ҳама чизро омӯхтан мехоҳад. Аз ин рӯ бисёр савол мепурсад: “ин чӣ? барои чӣ? кай? чӣ хел?”;

– Бо ягон машғулият танҳо 10-15 дақиқа тамаркуз шуда метавонад. Ҳоло муддати диққатдиҳияш кӯтоҳ аст. Вале нисбат ба бозиву машғалаҳои завқдоштааш вақти бештарашро дода метавонад;

– Ду пойашро аз замин канда ҷаҳида метавонад. Бо осонӣ ба зинапояҳо баромада мефарояд. Тӯбро ба ҳаво мепартояд. Тӯбро бо пояш ба масофаи андаке зада мефиристад. Хок ва заминро канда бозӣ мекунад;

– Мувофиқ ба суръати мусиқӣ ҳаракат карда, меҷаҳаду бозӣ мекунад;

– Нисбат ба расму суратҳои кашидааш ва шаклҳои бо дастон сохтааш эътино нишон дода, мехоҳад, ки онҳо ба девор овехта шаванду ҳамагон онҳоро тамошо кунанд;

– Дар корҳои хурд ба калонсолон кӯмак мекунад. Вале мустақилона ва танҳо як корро ба ҷой овардан намехоҳад, агар он кори осон ҳам бошад. Диққаташ тез парешон мешавад ва ҳамоно роҳҳои саргарми бозӣ шуданро мекобад;

– Ҳангоми танҳо бозӣ кардан, тадриҷан ҳамроҳи рафиқонаш бозӣ карданро сар мекунад;

– Ҳамроҳи рафиқонаш чизеро тақсим карданро меомӯзад. Бо онҳо забони мувофиқ меёбад;

– Ҳар вақте дар танҳоӣ бозӣ мекунад, хаёлан рафиқонашро тасаввур карда “ҳамроҳи онҳо бозӣ мекунад”. Ҳамин тавр аз дилтангӣ худашро раҳо мекунад;

– Ҳамсолон ё калонсолонро тақлид мекунад;

– Шунидан ва нақли ҳикояву афсонаҳое, ки дар он қаҳрамонҳои асосӣ ҳайвонҳоянд, дӯст медорад. Ҳикояву афсонаҳои дӯстдоштаашро такрору ба такрор шунидан мехоҳад;

(давом дорад)


Рушди ҷисмонии кӯдак-1

Рушди ҷисмонии кӯдак-2

Кӯдакро чӣ гуна аз сигоркашӣ ҳифз намоем?

2 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s