Кӯдакро чӣ гуна аз сигоркашӣ ҳифз намоем?-2

Хулосабарориҳои мантиқӣ кӯдакро ҳифз карда метавонанд

Дар асл кӯдакро аз одати сигоркашӣ ҳифз намудан душвор нест. Танҳо лозим аст ба ӯ зарарҳои сигоркашӣ ва муқобили ҳамлаҳои муҳит истодагарӣ карданро мантиқан омӯзонем. Чӣ тавр дар аввал зикр гардид, наврас сигори аввалинашро аксар вақт дар муҳити дӯсту рафиқон ва ҳамсолонаш ба даҳон мегирад. “Ту сигор намекашӣ, пас метарсӣ, тарсончак ҳастӣ!” барин суханҳои иғвоангез иродаи кӯдакро шикаст дода, майл ба одати бадро водор мекунад. Агар ӯ ба ин “ҳамлаҳо” ҷавоби дуруст надошта бошад, эҳтимол аввалин сигори худро мекашад. Зеро на ҳар нафар аз таъсири фикри муҳит раҳо ёфта, бинобар иродаи хеш тасмим гирифта озодона рафтор карда метавонад.

Тадқиқот нишон медиҳанд, ки агар ба кӯдак бо роҳи мантиқӣ оид ба зарарҳои сигоркашӣ маълумот дода шавад, ӯ ҳатман аз ин одати манфур дур меистад. Ҳамчунин дар баробари ин ӯ бояд худро аз ҳамлаҳои муҳит низ ҳимоя карда тавонад. Барои ин наврас бояд ҳозирҷавоб бошад. Агар ӯро пурсанд, ки “Аз сигоркашӣ метарсӣ мӣ? оё ту тарсончак ҳастӣ?”, наврас метавонад ба ин иддао “Агар ман сигор бикашам, маъно дорад, ки аз ту метарсам!” гуфта, посух гардонад. Иддао: “Ту магар кӯдак ҳастӣ?”, посух: “Ман дар ҳақиқат кӯдак хоҳам буд, агар ба ту итоат кунам. Ман ба андозаи кофӣ барои мустақилона тасмим гирифтан болиғ ва соҳиби ирода  ҳастам!”

Ҳамин тавр наврас соҳиби назари худ ва дар назди ҳамсолонаш соҳибэҳтиром хоҳад буд. Санҷишҳо нишон додаанд, ки тақрибан 50% кӯдакон баъд аз омӯзиши чунин “посухҳо”, нисбат ба таъсири манфии ҳамсолонашон истодагарӣ карда, ба сигор даст назадаанд. Тарбияи дуруст ва шуурнок ба воя расонидани фарзанд метавонад ӯро аз осебу одатҳои зиёди манфӣ эмин нигоҳ доранд. Ба фарзандон эътино ва эътибор додан ҷузъи муҳими тарбия аст. Адами диққат ва нисбати ҳаёти рӯзмарраашон беаҳамиятӣ кардан, натиҷаҳои манфиро ба бор оварда метавонанд.

– таҳияи Достиев Неъмат


Нос – бадбӯӣ ё кайфияти замона?

Кӯдакро чӣ гуна аз сигоркашӣ ҳифз намоем?-1

Одатҳои бади пинҳонӣ

One Comment Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s