Онлайн-курсҳо барои такмили малакаи эҷодкорӣ ва санъат

Имкониятҳои фазои интернетӣ барои нафарони соҳибмароқу ташнаи донишомӯзӣ фурсати хуби такмил додани донишҳои мавҷуда ё аз худ кардани донишу таҷрибаҳои нав ба навро фароҳам овардааст. Бахусус, агар баъзе аз чунин онлайн-курсҳо ройгон бошанд, барои донишҷӯён фоидабахш хоҳад буд. Ҷиҳати мусбати чунин курсҳо дар он аст, ки онро ҳатман болои мизу курсӣ нишаста гӯш кардан шарт нест. Ҳангоми роҳ рафтан, истироҳат кардан, дар нақлиёти ҷамъиятӣ ва ё автомобили шахсӣ сафар кардан низ метавон аз онҳо баҳравар гашт. Хостем номгӯи якқатро онлайн-курсҳоро дар соҳа ва фанҳои гуногун ба хонандагони Сомонаи тафреҳӣ-ахлоқии “ОФТОБ” арз намоем:

Сураткашӣ, суратгирӣ, мултипликатсия

Шиносоӣ ва маҳорати хонда тавонистани наққошиву сураткашии асри XIX-ум. Донишгоҳи Арзамас.
Забони омӯзиш: русӣ; 8 лексия.
Маводи курс аллакай дастрас аст.

Алифбои сураткашӣ. Сомонаи таълимии “Универсариум”.
Забони омӯзиш: русӣ; 43 лексия.
Курс ҳафтаҳои наздик шуруъ мешавад; аллакай метавон худро ба курс қайд намуд.

Дарк намудани санъати суратгирӣ. Осорхонаи санъати муосири MoMA. Сомонаи таълимии “Coursera”.
Забони омӯзиш: англисӣ; муддати курс 6 ҳафта.
Курси мазкур 20-уми феврал шуруъ мешавад.

Мултстудияи хонагӣ. Сомонаи таълимии “Универсариум”.
Забони омӯзиш: русӣ; 22 лексия.
Курс ҳафтаҳои наздик шуруъ мешавад; аллакай метавон худро ба курс қайд намуд.

Таърихи санъат

Муқаддимаи таърихи санъат. Мактаби олии иқтисод, “Таҳсили озод”.
Забони омӯзиш: русӣ; 12 ҳафта.
Курси мазкур 20-уми феврал шуруъ мешавад.

Санъати муосир ва идеяҳо. Осорхонаи санъати муосири MoMA. Сомонаи таълимии “Coursera”.
Забони омӯзиш: англисӣ; муддати курс 5 ҳафта.
Курси мазкур 20-уми феврал шуруъ мешавад.

Санъат ва бостоншиносии Рими қадим. Донишгоҳи Аризона, Сомонаи таълимии “Coursera”.
Забони омӯзиш: англисӣ; муддати курс 6 ҳафта.
Курси мазкур 20-уми феврал шуруъ мешавад.

Мусиқӣ

Муқаддимаи мусиқии классикӣ. Донишгоҳи Йел, Сомонаи таълимии “Coursera”.
Забони омӯзиш: англисӣ; муддати курс 9 ҳафта.
Курси мазкур 27-уми феврал шуруъ мешавад.

Асосҳои назарияи мусиқӣ. Донишгоҳи Эдинбург, Сомонаи таълимии “Coursera”.
Забони омӯзиш: англисӣ; муддати курс 6 ҳафта.
Курси мазкур 27-уми март шуруъ мешавад.

– Омӯзиши гитаранавозӣ, муқаддима. Донишгоҳи Беркли, Сомонаи таълимии “Coursera”.
Забони омӯзиш: англисӣ; муддати курс 7 ҳафта.
Курси мазкур 27-уми феврал шуруъ мешавад.

Инкишофи малакаи мусиқинависӣ. Донишгоҳи Беркли, Сомонаи таълимии “Coursera”.
Забони омӯзиш: англисӣ; муддати курс 6 ҳафта.
Курси мазкур 6-уми феврал шуруъ шуд. Метавонед худро қайд кунед.

Адабиёт

– Адабиёти русро чӣ тавр бояд хонд? Донишгоҳи Арзамас.
Забони омӯзиш: русӣ; 4 лексия.
Маводи курс аллакай дастрас аст.

– Олами Булгаков. Донишгоҳи Арзамас.
Забони омӯзиш: русӣ; 5 лексия.
Маводи курс аллакай дастрас аст.

– Шекспир ва олами ӯ. Донишгоҳи Варвика, Сомонаи таълимии Future Learn.
Забони омӯзиш: англисӣ; муддати курс 10 ҳафта.
Курси мазкур 20-уми март шуруъ мешавад.

– Габриэл Гарсиа Маркес: нерӯ, таърих ва ишқ. Донишгоҳи Анд, Сомонаи таълимии Future Learn.
Забони омӯзиш: англисӣ; муддати курс 4 ҳафта.
Курси мазкур 27-уми феврал шуруъ мешавад.

– Санъати сенариянависии силсилафилмҳо ва телешоуҳо. Донишгоҳи иёлати Мичиган, Сомонаи таълимии Coursera.
Забони омӯзиш: англисӣ; муддати курс 5 ҳафта.
Курси мазкур 13-уми феврал шуруъ мешавад.

Таърих ва бостоншиносӣ

– Таърихи бузург: аз Таркиши Бузург то имрӯз. Донишгоҳи Амстердам, Сомонаи таълимии Coursera.
Забони омӯзиш: англисӣ; муддати курс 4 ҳафта.
Курси мазкур 27-уми феврал шуруъ мешавад.

– Бостоншиносӣ. Аз ҳафриёт то лаборатория. Донишгоҳи Ридинг, Сомонаи таълимии Future Learn
Забони омӯзиш: англисӣ; муддати курс 2 ҳафта.
Курси мазкур 6-уми март шуруъ мешавад.

Барои маълумоти бештар: ADME


Қаҳти риҷол ва “онҳо”

Ҳамарӯза 100 дақиқа тасарруф намоед

Душмани мард орзу дорам!

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s