Рушди ҷисмонии кӯдак-5

4-солагӣ

– Бидуни кӯмаки зиёд мустақилона либосҳояшро пӯшида метавонад;

– Дасту рӯяшро мустақилона мешӯяд;

– Хӯрокашро боинтизом мехӯрад;

– Агар ташна монад, мустақилона обро ба зарфе рехта менӯшад;

– Мустақилона қазои ҳоҷат карда метавонад, вале ҳатман ба волидон хабар медиҳад, то ки нафаре дар ҳоҷатхона дар наздаш бошад;

– Бисёр фаъолона саргарми бозӣ мешавад. Аз як ҷой ба ҷойи дигар тез ҳаракат мекунад. Тамоми амалҳои ба ҷой меовардааш босуръат аст. Дар як ҷой ором намеистад;

– Сечархаро бемамоният ронда метавонад;

– Тӯбро ба сӯйи касе мепартояду онро боз бо ду дастонаш дошта метавонад;

– Аз шакл-бозичаҳои тахтагӣ манораву биноҳо сохта, ҳамроҳи онҳо сенарияи бозиҳои навро ба миён меорад;

– Бо эътинои зиёд расм мекашад. Вале калонсолон чӣ кашидани ӯро бо осонӣ сарфаҳм намераванд;

– Бо қайчича хати рости дар қоғаз кашидашударо мебурад;

– Бо ангуштонаш қаламро медорад. Қоғазро дуруст қат мекунад. Нигоҳ карда ё хаёлан кӯшиш мекунад, то ки ҳарфу рақамҳоро нависад;

– Аз ҳад зиёд гап мезанад, ҳеҷ ором нишаста наметавонад. Воқеаҳои рухдодаро бо муболиға нақл мекунад. Дар тахайюлаш ҳодисаҳову шахсиятҳо сохта дар бораи онҳо ҳамчун ҳодиса ва шахсони воқеӣ қисса мекунад; бо онҳо гап мезанад;

– Худ аз худ ибора ва таркибҳои холӣ аз маъно сохта, онҳоро доим такрор мекунад;

– Ҳар амали хубу бади калонсолонро бо диққат нигоҳ карда тақлид мекунад;

– Зиёд таҳқир мекунад. Касро ҳақорат карда, суханони бад гуфта метавонад. Ба атрофиёнаш лақаб монда, онҳоро бо ин лақабҳои мондааш садо медиҳад;

– Аз ҳад зиёд савол мепурсад ва то посухи қонеъкунанда нашунавад, ором намешавад: “Барои чӣ? Чаро? Чӣ хел?”

– Рангҳоро аз ҳам ҷудо карда метавонад. Номҳояшонро медонад;

– Муддати диққатдиҳияш зиёд мегардад ва 15-20 дақиқаро ташкил медиҳад. Вале агар машғулияти дӯстдоштааш бошад, муддати бештар тамаркуз шуда метавонад;

– Ҳамроҳи ҳамсолон ва калонсолон бо осонӣ забон меёбад;

– Бо гуфтор ва ҳаракатҳои ноҷо изҳори ғазаб мекунад;

– Бозичаҳояшро мешиканад, онҳоро хароб мекунад;

– Дар ҷомеа ҳам боодобона ва ҳам беодобона рафтор мекунад;

– Нисбат ба рафиқонаш дағалӣ карда метавонад. Ба онҳо зӯрӣ карда, бартарияташро нишон медиҳад;

– Ҳангоми бозӣ кардан ба қоидаҳои бозӣ риоя мекунад. Ҳарчанд дар аввали бозӣ душворӣ кашад ҳам вале баъдан бо завқ бозӣ мекунад. Ҳамроҳи ҳамсолонаш дастаҷамъона бозӣ мекунад;

– Гӯш кардани афсонаву ҳикояҳо, варақ задани саҳифаҳои китоб ва тамошо кардани расмҳои онро дӯст медорад.

(давом дорад)


Китобхониро саҳл нагиред!

Заминагузории малакаҳои муҳим дар кӯдак

Дарозумрӣ ва хушбахтии волидайнро мехоҳед?

2 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s