Варзиш танҳо ҳифзи саломатӣ нест! (1)

Машғул шудан бо варзиш, ба ҷой овардани тамринҳо, давиданҳои пагоҳирӯзӣ, тарзи ҳаёти солим – дар ин хусус чӣ фикр доред?

Чунин машғулиятҳои варзишӣ ба касе писанд аст, ба дигарӣ не, сеюмӣ бошад умуман бо он алоқае надорад. Вале онҳое, ки мунтазам ба варзиш машғуланд, бартарии хос доранд. Дар ин матлаб он бартариятҳоро баррасӣ хоҳем кард. Лекин дар аввал якчанд сухан дар бораи тарзи ҳаёти камҳаракат.

Мувофиқи тадқиқоти тиббӣ меъёри миёнаи ҳаракати инсони муқаррарӣ барои ҳифзи саломатӣ дар як шабонарӯз 15 ҳазор қадамро (тақрибан 10 км) бояд ташкил диҳад. Оё мо ин миқдор роҳро қадам мезанем ё ин масофаро тай мекунем? Албатта, на ҳама ба ин савол ҷавоби мусбат дода метавонад.

Ҳар субҳ одамон ба кор рафта, тамоми рӯзро дар сари мизи корӣ мегузаронанд. Бегоҳӣ ба хона баргашта истироҳат мекунанд, хӯрок мехӯранд ва хоб мераванд. Ва бояд қайд кард, ки аксарият масофаи наздикро ҳам ба нақлиёт савора шуда тай мекунанд. Чунин тарзи ҳаёти камҳаракат ба саломатии фарди ҷомеа зарар расонида, боиси равғанбандӣ дар бадан ва ҷамъ шудани намаку токсинҳо гардида метавонад. Ҳамчунин камҳаракатӣ ба кайфият ва ҳолати маънваӣ-равонии инсон ҳам зиён мерасонад.

Масалан, коҳиши нишот, ҳолати рӯҳафтодагӣ, сустиродагӣ, аз даст додани боварӣ ба худ ва ғайра аз қабили зиёнҳои маънавӣ мебошанд. Агар инсон рӯҳан шикаста, рӯҳафтода ва доим хастаҳол бошад, он ба кулли ҷанбаҳои ҳаёти иҷтимоии ӯ таъсири манфӣ мерасонад. Илова ба ин вазни зиёд ё фарбеҳӣ имрӯз ба як проблемаи ҷиддӣ мубаддал гашта, ҷомеаи Ғарбу Шарқро нигарон кардааст. Камҳаракатӣ ва инчунин истеъмоли хӯроки ғайрисолим боиси зиёд шудани вазн ва чарбуи бадан мегардад, ки ин дар навабти худ ба бемории норасоии дил, нафастангӣ, касалии қанд ва дар баъзе маврид ба саратон оварда мерасонад.

Агар тамоми ҷанбаҳои манфии камҳаракатӣ ва холӣ аз тамринҳои рӯзмарра зистанро ба назар гирем, пас маълум мегардад, ки чунин фарди ҷомеа дар робита ва ба ҷой овардани ӯҳдадориҳои иҷтимоияш ғайрифаъол буда, худи ҷомеа аз ҳосилнокии ақлӣ-ҷисмонии ӯ маҳрум мемонад. Зиёни камҳаракатӣ на танҳо фард, балки кулли ҷомеаро таъсиррасон буда метавонад. Илова ба ин дар арзишҳои маънавии мардуми минтақаамон оид ба ташвиқу тарғиби ҳаёти солим ва аҳамияти тамринҳо “дурдонаҳо”-и зиёд рехта шудаанд. Аз ин рӯ хостем оид ба манфиат ва таъсирҳои мусбати машғулият бо тамринҳоро зикр намоем:

Сабаби аввал ва аз ҳама муҳим, албатта ҳифзи саломатӣ аст. Саломатии инсоне, ки бо тамринҳои давомнок машғул аст, назар ба нафарони онро сарфи назар мекарда, чанд маротиба қавитар мебошад. Ин аз ҳикмат холӣ нест, зеро машқҳои ҷисмонӣ дилро нерӯ бахшида, фишори хунро муътадил карда, ба кори системаҳои ҳаётан муҳими бадан таъсири мусбат мерасонанд. Вақте гардиши хун дар бадан боинтизом аст, фаъолияти мағзи сар низ чанд маротиба беҳтар мегардад. Ҳамчунин тамринҳои давомнок раванди пиршавиро боз медоранд.

Сабаби дуюм болидахотирӣ аст. Инсон баъд аз машғулият бо машқҳои ҷисмонӣ, агарчи ҷисман хаста шуда бошад ҳам, доим афзоиши нерӯи ҷисмиро эҳсос карда, аз ин болидахотир мегардад. Ҳамин тавр дар ҳолати хуби рӯҳию равонӣ қарор дошта, ҳаёташ пурнишот мегузарад. Варзиш дар бартарафсозии ҳолатҳои стрессӣ низ хелел муфид аст, чунки ҳангоми машғулият бо машқҳои варзишӣ аз мушкилиҳои кору зиндагӣ дур шуда, ҳолати равонии инсон оромӣ меёбад.

Сабаби сеюм – варзиш эътимод ба худ ва иродаи инсонро қавӣ мекунад. Худбаҳодиҳиро баланд бардошта, шахсро барои анҷоми корҳои аввалиндараҷа ва истодагариро муқобили мушкилоти зиндагӣ инкишоф медиҳад. Инсонро ҳамчун шахсият қавитар мекунад ва мушаввиқи комёбиҳо мегардонад. Зеро дар бисёр маврид иҷрои машқҳои ҷисмонӣ барои бартараф кардани ҷанбаҳои заифи кас, таҷдиди назар ба арзишҳо ва дигар омилҳои обу тоб диҳандаи ирода боис мегарданд.

(давом дорад)


Рақами футболбозон ба худ маънои хос дорад

Таъсири як финҷон қаҳва ба организми инсон

Таъсири як қуттичаи нӯшокии газноки кола ба организми инсон

5 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s