Сисола нашуда тарки қалам кард
Артюр Рембо (1854 – 1891)
Артур Рембо шеъри “Киштии маст”-ашро дар синни 16-солагӣ навишт. Дар 19-солагӣ дигар парвои шуҳрат ва аз тарафи ҷомеаи адабӣ эътироф шуданро надошт. Вақте дар синни 29-солагӣ китоби дуюми ӯ таълиф шуд, то расидани маргаш, ки баъд аз 20 сол фаро расид, аз навиштан даст кашид. Зиндагиашро ба саёҳат ва моҷароҳои хатарнок бахшид. Ӯ дар миёни Бартлбиҳо аз ҳама ваҳмоварашон ба ҳисоб меравад. Ба қавли шоири аргентин Луис Боргес “Шоир баъзан бо лаёқати фавқулодда, вале баъзан бо беҳунарии шармовараш фарқ мекард. Аз ҳама ғайриодӣ ва аҷибаш он аст, ки Рембо баъд аз соҳиби маҳорати фавқулодда гаштан, амалҳояшро мазаммат кард, онҳоро ҳеҷ шуморид ва хомӯширо авло донист”.
“Дигар наменависам, зеро амакам фавтид”
Хуан Рулфо (1917-1986)
Хуан Рулфо муаллифи яке аз беҳтарин асарҳои адабиёти Америкаи Лотинӣ – “Педро Парамо” мебошад. Нависанда баъд аз таълифи ин асараш 30 соли расо чизе нанавишт. Ӯ ҳам мисли Бартлби дар як бюро котиб буд ва пайваста зиндагиашро ба зиндагии Артур Рембо муқоиса менамуд. Маҷмӯи ҳикояҳои нависанда бо номи “Дашти оташин” асосан қиссаву ривоятҳоеанд, ки амакаш ба вай ҳикоят намудааст. Рулфо ба онҳое, ки мепурсиданд: “Чаро нависандагиро бас кардӣ?” як ҷавоб медод: “Барои он ки амакам Желерино, ки ин қиссаҳоро ба ман ҳикоят мекард, дигар дар қайди ҳаёт нест”.
Башир Усмон, ҳафтаномаи “Ҷавонони Тоҷикистон”
Онҳо хомӯширо авло донистанд-1
4 Comments Add yours