Рушди ҷисмонии кӯдак-6

6-солагӣ

– Ҷисман серҳаракат аст. Баъзан ҳангоми давидану саргарми бозӣ шудан пешпо мехӯрад ё ба ҷое дармонда меафтад;

– Бозиҳои ҷисмониро бисёр дӯст медорад: гӯштӣ гирифтан, болои замин ғел зада тоб хӯрдан, хазида гаштан, болои замин дароз кашида китобро варақ задан ва ғайра;

– Бо тӯб бозӣ карданро дӯст медорад. Тӯбро бо пояш ба ҷойи лозима зада мефиристад. Тӯбро ба касе партофта боз бо ду даст бе душворӣ дошта метавонад;

– Дар ин синну сол писарон бештар бо тӯб ва духтарон бо лӯхтаконашон бозӣ мекунанд;

– Бо хок бозӣ карда, дар замин чуқур кофтанро дӯст медорад;

– Бо бозича ва порчаҳои тахтагин бино ва маҷмааҳои гуногун месозад. Бозичаҳои дигарашро низ ба маҷмааҳо ва бинои бунёдкардааш илова карда, сенарияи бозии навро месозад: барои мошинчаҳо ё лӯхтакҳо хонача месозад ва ғайра;

– Аллакай мушакҳои хурдаш инкишоф ёфтаанд, аз ин рӯ нисбат ба кӯдакони синну солашон хурд анҷом додани фаъолиятҳои марбут ба меҳнати дастӣ барояш қулайтар аст: бо қайчӣ мебурад, қоғазеро бо ширеш мечаспонад, сурат кашида ранг мекунад;

– Ҳарфҳоро менависад, вале баъзеяшро чаппа ҳам менависад. Баъзе кӯдакон ному насабашонро бо ҳарфҳои иловагӣ ё ягон ҳарфро партофта навишта метавонанд;

– Хислат ва атвори бад пайдо карда метавонад: ба касе лақаб часпонда бо он фарёд кардан, таҳқир кардан, баҳс кардан, бо овози баланд сухан гуфтан;

– Дар ин синну сол, бахусус дар писарон лакнати забон мушоҳида карда мешавад;

– Суръати рушди ҷисмонии кӯдак нисабтан коҳиш меёбад;

– Дар баъзе кӯдакони ин синну сол мушкилии биноӣ дида мешавад. Аксари чунин кӯдакон наздикро хуб дида наметавонанд;

– Дандонҳои шир афтида, иваз ёфтанро сар мекунанд;

– Худбин ва ҷангҷӯ шуда метавонад. Агар ба чизе қаҳру ғазаб кунад, аламашро аз модар мегирад, ӯро айбдор мекунад;

– Дар хоҳишу орзуҳояш ҳадду канор надорад. Агар чизе хоҳад, ҳамоно иҷро шуданашро талаб мекунад. Мехоҳад, ки хоҳишу орзуҳояш бинобар хост ва талаботаш иҷро шаванд;

– Дар баробари ҳама чиро хостан, бо касе тақсим карданро қабул намекунад;

– Агар айбдор бошад, айбашро қабул намекунад. Ҷазо гирифтанро қабул намекунад. Агар танқидаш кунед, аксуламал нишон медиҳад;

– Равоншиносон ин синну солро дар кӯдак зудтағйирёбанда ва эҳсосӣ меноманд;

– Дар ин синну сол миёни духтарону писарон дар бозикунӣ ва завқи машғулият тафовутҳо дида мешаванд. Вале новобаста ба ин ҳам духтарон ва ҳам писарон ба ҳама чиз мароқи зиёд изҳор намуда, ташнаи донишомӯзӣ ҳастанд;

– Бозиҳои навбанав эҷод карда, саргарми бозӣ мешавад. Миёни ҳам нақши қаҳрамонҳои хаёлияшро бозӣ карда, аз он завқи зиёд мегирад. Дастаҷамъона бозӣ карданро дӯст медорад;

– Баъзе аз ӯҳдадориҳоро қабул мекунад. Гуфтаҳоро бо диққат гӯш мекунад;

– Диққат ва тамаркузаш зиёд мешавад. Аллакай ба синну соле расидааст, ки барои таълим ва донишомӯзӣ омода аст;

– Дар ин синну сол баъзе аз кӯдакон аллакай барои таҳсил дар мактаб омода мешаванд. Агар ба мактаб раванд, дар раванди таълими мактаб муваффақ шуда метавонанд; бахусус духтарон.


Рушди ҷисмонии кӯдак-3

Рушди ҷисмонии кӯдак-4

Рушди ҷисмонии кӯдак-5

2 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s