Рақами футболбозон ба худ маънои хос дорад (1)

Рақами футболбозон танҳо шуморае нест, ки дар пушти либоси варзишиашон навишта шудаасту бо он ба майдон мебароянд. Бинобар боварии онҳо муваффақият ё шикасти касбӣ дар майдони алафпӯш аз интихоби рақам оғоз меёбад. Аз ин рӯ аксари футболбозон ба рақами барояшон интихобшуда аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд.

Анъанаи дар футболкаҳои футболбозон навиштани ном ва рақам аз ватани футбол – Англия оғоз мегардад. Бори аввал 13‐уми октябри соли 1928 клубҳои лондонии “Арсенал” ва “Челси” муқобили “Уэнсдей” ва “Суонси Таун” бо футболкаҳои рақамдор вориди майдон гардида буданд. Сипас Италия ва Олмон ба британиҳо пайравӣ намуда, онҳо низ минбаъд таҳти рақамҳо муайян бозӣ мекраданд. Анъанаи бо тартиб рақамгузорӣ кардани футболбозон аз 1 то 11, ки ба зудӣ саросари ҷаҳон паҳн гардид, минбаъд ба як амали маъмулӣ табдил меёбад. Акнун ҳар як футболбоз рақами дӯстдоштаи худро интихоб намуда, бо он дар майдон арзи андом мекунад.

Ҳарчанд имрӯзҳо ба ин на он қадар аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад, вале дар аввал рақами футболбоз мавқеи бозимекардаашро дар майдон ишорат мекард. Масалан, рақамҳои аз 2 то 5 дар хати муҳофизат қарор мегирифтанд. Вале аз оғози солҳои 90-ум футболбозон новобаста ба мавқеи хати бозӣ дар интихоби рақам (аз 1 то 99) озод гаштанд. 

Гузоштани рақам ба футболкаҳои футболбозон пеш аз Ҷанги дуюми ҷаҳон (1939) шуруъ гардида, дар он давра либоси дарвозабонҳо рақам надошт. Онҳо одатан дар ҳайат соҳиби рақами 1 буданд. Ҳимоягари қаноти рост зери рақами 2 бозӣ мекард. Вижагии бозикунони ин мавқеъ тездавӣ ва ҷонсахтӣ буд. Кафу, Роберто Карлос, Хавйер Занетти, Ҷанлука Дзамбротта, Хорди Алба, Филипп Лам намунаи боризи футболбозони ин мавқеъ мебошанд.

Дар Италия рақами 2 ба ҳимоягаре мансуб дониста мешуд, ки бо рақиб зич бозӣ мекунад. Дар Англия бошад футболбозони зери рақами 2 ҳамчун бозингарони хуби паҳлӯӣ (қанот) шинохта мешудаанд, ки хеле моҳирона бозиро ба қанотҳо паҳн мекарданд.

Ҳимоягари қаноти рост рақами 3 аст. Дар Италия соҳиби ин рақам бештар ба хати ҳамла мувоҷеҳ буда, барои ташкил ва танзими ҳамла кӯмак мерасонад. Дар Англия бошад футболбози рақами 3 дорои ҳамон вижагиҳост, ки рақами 2‐юм дорад. Ҳимоягари мавқеи марказӣ таҳти рақами 4 бозӣ мекард. Футболбзони мавқеи марказии майдон, ки дар хати ниммуҳофиза буданд, ҳамчунин ин шумораро интихоб мекарданд. Дар Испания рақами 4 барои футболи ҳуҷумкунанда нақши калидӣ дорад. Масалан дар дастаи “Барселона” ин рақам маънои хос дошт. Хосеп Гвардиола тӯли 11 сол дар “Барселона” бо ин рақам дар пушташ бозӣ кардааст.

Рақамҳои 5 ва 6 лидерҳоянд

Муҳофизони хати марказӣ одатан рақами 5‐ро интихоб мекарданд. Онҳо аз ҷиҳати ҷисмонӣ боқувват, қадбаланд, дорои малакаи хуби бозӣ бо сар мебошанд. Футболбозоне, ки соҳиби ин рақам ҳастанд, лидери даста маҳсуб меёбанд. Ҳам барои мухлисон ва ҳам барои ҳамдастагон  чунин нафарро ҳамчун лидери ҳақиқӣ қабул мекунанд. Онҳоро ҳамчунин либеро ‐ муҳофизагари озод (итал. libero — озод) меноманд. Дар усули “катеначчо”‐и Италия солҳои 60‐ум либеро бо рақами 6 баромад мекард ва яке аз футболбозони калидии даста маҳсуб меёфт. Дар хати муҳофизаи чорнафараи Англия бошад рақами 6‐ум нафаре буд, ки низоми хати муҳофизаро назорат мекард. Намунаҳои барҷастаи ин хати майдон Франс Беккенбауэр ва Франко Барези мебошанд.

9 – рақами шоҳона

Дар мунтахаби Испания рақами 7 маънои вижа дорад. Дар дигар кишварҳои Аврупо таҳти ин рақам бисёртар футболбозони хати ниммуҳофиза бозӣ мекунанд, аммо дар Испания бошад соҳиби ин рақам ҳамлагарони тезпо мебошанд. Тӯли солҳо ҳам дар ҳайти мунтахаби миллӣ ва ҳам дар дастаи “Реал”-и Мадрид Эмилио Бутрагено бо ин рақам ҳунарнамоӣ мекард ва баъдтар эстафетаро ба дасти Раул супорид. Луиш Фиго, ки дар “Барселона” бо рақами 7 ба майдон мебаромад, вақте ба “Реал” гузашт, маҷбур шуд рақами 10‐ро интихоб кунад. Зеро таҳти рақами дӯстдоштаи ӯ дар клуби шоҳона Раул бозӣ мекард.

Футболбози рақами 8 дар маркази майдон бозӣ карда, вазифааш хеле пурзаҳмат аст. Агар футболбозони рақамҳои 7‐9 бо маҳорати бозияшон (техника) ҷолиби диққат бошанд, пас футболбозони рақами 8 дар маркази майдон бозӣ карда, барои бурди дастаашон заҳмати зиёд мекашанд. Дар мисоли бозиҳои Стивен Ҷеррард инро мушоҳида кардан мумкин аст.

“Шоҳон”-и даста бошанд доим рақами 9‐ро мепӯшанд. Ин ҳолат ҳам дар Аврупо ва ҳам дар Амрикои лотинӣ ба назар мерасад. Роналдо (Бразилия), Филиппо Инзаги, Габриэл Батистута, Христо Стоичков, Луис Суарес маъруфтарин намояндагони ин мавқеъ мебошанд. Рақами 10 бошад “майнаи сар”‐и даста дониста мешавад. Соҳибони ин рақам дастаашро ба қаҳрамониҳо ва ҷомҳо мебаранд. Пеле, Марадона, Ривалдо, Тотти, Месси, Неймар аз шумори чунин футболбозонанд. Футболбози рақами 11 ҳамлагари қаноти чапи хати ҳамла мебошад.

(давом дорад)


Варзиш танҳо ҳифзи саломатӣ нест!

Чаро онҳо лидерони муваффақанд?

Ҳазар аз одамони «заҳролуд»!

6 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s