Рақами футболбозон ба худ маънои хос дорад (2)

Мушкилиҳо сари интихоби рақам

Дар вақти интихоби рақам, футболбозон одатан рақамеро интихоб мекунанд, ки бо он дар дастаи пешина ё дар мунтахаби миллӣ бозӣ мекунанд. Ин шояд рӯзи таваллуд ва ё танҳо рақаме бошад, ки барои худ “рақами бахтовар” медонанд. 

Вақте рақамҳо вижагӣ пайдо мекунанд, баҳсҳо низ атрофи он зиёд мешаванд. Футболбозоне, ки солҳои дароз бо як рақам бозӣ мекунанд, вақте ба дастаи дигар мегузаранд, бо чунин мушкилӣ дучор мешаванд. Масалан, вақте соли 1997 Роберто Баҷҷо ба Милан гузашт ва хост, ки рақами 10‐ро ба ӯ диҳанд, Деян Савичевич, ки ҳанӯз аз дастаи “Црвена Звезда” соҳиби ин рақам буд, онро ба Баҷҷо намедиҳад. Баҷҷо маҷбур шуд рақами 18-ро интихоб кунад ва натавонист маҳорати худро ба пуррагӣ нишон диҳад. Роналдо низ вақте аз дастаи “Барселона” ба дастаи “Интер” омад, бо ин мушкилӣ рӯ ба рӯ гашт. Иван Саморанои чилиягӣ, ки соҳиби рақами 9 буд, нахост онро ба Роналдо диҳад. Саморано танҳо то охири мавсим рақами дӯстдоштаашро ҳифз карда тавонист. Аз мавсими нав рақами 9 насиби Роналдо шуд ва Саморано бошад таҳти рақами 18 ба майдон мебаромад ва барои ёдоварӣ аз рақами 9 дар футболкааш 1+8 навишта буд. 

Луиш Фиго солҳои зиёд ҳам дар ҳайти мунтахаби миллӣ ва ҳам дар дастаи клубӣ таҳти рақами 7 бозӣ мекард. Вақте ба дастаи “Реал”-и Мадрид омад, маҷбур шуд рақами 10‐ро интихоб кунад, зеро таҳти рақами дӯстдоштаи ӯ дар ин тим Раул бозӣ мекард. Зинедин Зидан низ вақте ба Мадрид омад, рақами дӯстдоштааш 10-ро банд дарёфт. Зидан дар “Реал” рақами 5‐ро гирифт ва то анҷоми карйераи футболбозияш бо он бозӣ кард.

Дарвозабон бо рақами 5

Дар мусобиқаи “Ҷоми Ҷаҳон‐78”, ки дар Аргентина гузашта буд, мизбонон бо рақамҳои ғайриоддӣ ба майдон баромаданд. Дарвозабон Убалдо Филлол бо рақами 5 ва Ардилес бошад зери рақами 1 вориди майдон шуданд. Ин ду футболбоз, ки дар таърихи футбол аввалӣ шуда ин корро карданд, то охири карйераашон бо ин рақамҳо бозӣ карданд.

Йоҳан Кройфф тамоми умр таҳти рақами 14 бозӣ кардааст. Сабабаш дар он аст, ки Кройфф дар синни 14‐солагияш бори нахуст чемпион гашта, минбаъд таҳти ин рақами барояш “бахтовар” вориди майдон мешуд. Баъд аз ӯ писараш Жорди Кройфф низ таҳти ин рақам бозӣ мекард.

Рақамҳое, ки аз муомилот бардошта шудаанд

Ҳамчунин охирҳои асри гузашта баъзе аз клубҳои футбол анъанаи навро барои худ ҷорӣ карданд. Минбаъд рақамҳоеро, ки футболбозони бориз дар он даста бо муввафақият ҳунарнамоӣ карда, фаъолияташонро ба охир расонидаанд ва ё бинобар ин ё он воқеаи хотирмон дар клуб ёдоварӣ мешуданд, аз муомилот бардошта шуданд.

Дастаи “Милан” ба хотири ҳимоягарони маъруф Франко Барези ва Паоло Малдини рақамҳои 6 ва 3-ро аз муомилот баровардааст. Ба ин монанд дар дастаи “Васко де Гама” таҳти рақами 11, ки голзани афсонавӣ Ромарио бозӣ мекард, касе ба майдон намебарояд. Дар дастаи “Челси” рақами 25 (Франко Зола), дар дастаи “Кишпешт”‐10 (Ференс Пушкаш), дар “Рома”‐6 (Алдаир), дар “Брешиа”‐10 (Роберто Баҷҷо), дар “Интер”‐3 (Ҷачинто Факетти), дар “Наполи”‐10 (Диего Марадона), дар “Аякс”‐14 (Йоҳан Кройфф), дар “Космос” (ИМА)‐10 (Пеле) ба хотири хизматҳои барҷастаи футболбозон ин дастаҳо рақамҳои мазкурро аз муомилот баровардаанд.

Баъзе дастҳо бошанд рақамҳоро хоси мухлисон пиндоштаанд. Ҳамчун рамзи бозикуни дувоздаҳуми даста рақами “12” ба мухлисон бахшида шудааст. Миёни онҳо “Бавария”, “Фенербаҳче”, “Фейеноорд”, “ПСВ”, “Фламенго”, “Бешикташ”, “Портсмут”, “Рейнҷерс”, “Торино”, “Вердер”; аз кишварҳои собиқ Шӯравӣ бошад “Динамо” (Киев), “ЦСКА” (Москва), “Зенит”, “Сатурн”, “Крылья Советов” ва “БАТЭ” (Белорус)‐ро номбар кардан мумкин аст.

– таҳияи Достиев Неъмат


5 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s