Фарёди булбул

Вақте Намруд хост Ҳазрати Иброҳимро (а.с.) дохили оташ партояд, тамоми малак, ҳайвонот ва парандагон ғамгин шуда, фарёд мезананд. Онҳо дар атрофи оташ ҷамъ омада, чораи наҷот додани Иброҳим Халилуллоҳро меҷӯянд. Миёни ҳамаи онҳо чӯҷаи заифи булбул низ ҳузур дошт. Вақте аз ночорӣ хост худашро ба оташ партояд, Худованди Карим ба Ҳазрати Ҷаброил (а.с.) амр мекунад:

– Он паранда чӣ ният дорад, бипурседаш!

Ҳазрати Ҷаброил (а.с.) булбулро дарҳол дошта, “Чаро худро ба оташ мепартоӣ?” гуфта, суол мекунад. Булбул посух медиҳад:

– Халилуллоҳро ба оташ мепартоянд, вале қудрати халос кардани ӯро надорам. Бигзор, ақаллан ӯро ҳамроҳӣ карда, ман ҳам бисӯзам!

Вақте Ҷаброил (а.с.) посухи булбулро ба Худованди Карим мерасонад, Ҳақ Таъоло мефармояд:

– Оё ин паранда аз ман талабе дорад?

Булбул мегӯяд:

– Маро дар ин дунё ба ҷуз ёд кардан ва зикр намудани исми Аллоҳ Таъоло дигар орзуву нияте нест. Шунидам, ки Офаридгор соҳиби ҳазору як исм аст. Ман аллакай яксаду як исми мубораки Ӯро (ҷ.ҷ.) медонам. Ҳоло мехоҳам аз нӯҳсад исми шариф ҳам огоҳ бошам.

Худованди Азим-уш-шаън талаби булбулро ба ҷой оварда, нӯҳсад исми боқиро низ барояш меомӯзонад. Акнун ҳар булбуле, ки дар кадом як ақсои олам озодона парвоз мекунад, танҳо ҳазору як исми шарифи Ҳақ Таъолоро бо садои дилнавозаш хонда зикр мекунад.

Вақте оташи афрохтаи Намруд барои Ҳазрати Иброҳим ба масобаи гулистон мегардад, булбул омада ба яке аз шохҳои гул менишинаду нағмасароӣ мекунад. Аз он рӯз ва баъд булбул ба гули ягонааш муҳаббат баста, барояш танҳо аз Ҳабиби барҳақ (ҷ.ҷ.) месарояд.


Итоаткорӣ

Ҳикмат аз Бишри Ҳафӣ бишнав!

Ҳадя кардани либос савоб аст!

One Comment Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s