Рушди равонии кӯдак: яксолагӣ (1)

Овони навзодӣ

Аз замони таваллуд то замони хазида ҳаракат кардану роҳ гаштани кӯдакро “овони навзодӣ” меноманд. Ин муддат дар ҳаёти тифл муҳим буда, барои ташаккули шахсияташ нақши асосиро соҳиб аст. Зеро дар ин синну сол кӯдак доир ба атрофиён, муҳити зист ва дар бораи мавҷудияти худ донишу маълумоти аввалинашро меомӯзад. Аз ин рӯ, ҳар вақте кӯдак дар ин овон гушна мемонад, ӯро сер мекунем ва ҳангоми гиря карданаш ӯро ба оғӯш гирифта ором мекунем, ӯ худро дар амн ҳис карда, доир ба муҳит ва атрофиёнаш бардоштҳои мусбатро касб мекунад. Чунин ҳолат барои ташаккули ҷиҳати равонии навзод ҳамчун фарди солими ҷомеа муҳим аст.

Дар ин овон бояд миёни кӯдак ва атрофиён, бахусус миёни афроди оила робитаҳои мусбату созанда бунёд гарданд. Чунин робитаи ногусастанӣ ҳангоми маконидани кӯдак, ӯро ба оғӯш гирифтан, барояш суруд хондан, оббозӣ доронидаву дасту рӯяшро шустан ва дар раванди рафъи эҳтиёҷоти дигари ӯ шакл мегиранд.

Навзоде, ки бинобар меъёрҳои созанда ба воя мерасад, дунёро бо завқи бештар истиқбол намуда, ҳамчун шахси солим калон мешавад. Ҳар падида ва ҳодисаи барояш навзуҳурро бо ҳаяҷон ва ҳатто мушкили зиёд қабул хоҳад кард. Чеҳраҳои навбанави атрофиён, садову овозҳои гуногун, лаззату таъомҳои ҳархела, шиносоӣ бо кӯдакони дигар ва ғайра барояш даъват ба моҷароҳои навбатӣ мегарданд. Зеро олами мавҷудот барои навзод ҷиҳатҳои зиёдеро дар худ ниҳон медорад, ки ба ҳиссҳои зоҳирияш хитоб хоҳад кард. Дар баробари ин набояд аз хотир баровард, ки ҷиҳатҳои таҳлукаовари ин олам барои навзод низ метавонад хатар дошта бошанд.

Кӯдаки навзод махлуқи бешууру холӣ аз идрок нест. Ӯ ҳама чизро дарк мекунад, ҳар ҳиссиёти волидайнро ҳис мекунад. Аз ин рӯ волидайн, вақте ба ӯ таваҷҷуҳ мекунанд, бештар аз суханҳои латифу меҳрубон, рафторҳои шафқатомезу ғамхорона истифода баранд. Ҳамин тавр кӯдак пурнишоту бо атрофиён дар фазои мусбат ба воя мерасад. Дар ин синну сол ӯ сидқро аз сохтакорӣ фарқ карда метавонад. Эҳсосоти амиқи падару модарро ҳис карда, афкор ва андешаи волидайнро бепарда дарк мекунад. Ва бинобар ҳиссиёти мазкур аксуламал изҳор мекунад. Муносибати солим, сухан ва садоҳои ширин, равшанӣ ва дараҷаи муътадили муҳит, ғамхориву меҳрубонӣ заминаи солими рушди ҷисмонӣ ва равонии кӯдакро мегуозрад.

Кӯдаки дар муҳити меҳру муҳаббат ба воя расида, доим худро дар назди волидайн ва муҳити хонавода дар амн эҳсос мекунад ва ҳини душвориҳо дар оянда ҳатман барои маслиҳат ва тавсия бо онҳо машварат хоҳад кард. Ҳамин тавр ӯ дар ҷомеа одоби муоширатро меомӯзад. Баракс, кӯдаке, ки доим дар муҳити асабӣ, хушунат, суханҳои дағаломез ва рафтори бепарвоёнаи хонавода ба воя мерасад, дар оянда нисбат ба ҳодиса ва ҳолатҳои таҳлукаовар бепарвоёна рафтор мекунад. Чунин ҳолат ҷони ӯро дар хатар гузошта, моили даст задан ба ҷинояткорӣ ва қонунвайронкунӣ мегардонад.

Набояд аз хотир баровард!

Ҳар кӯдак соҳиби фитрат ва хусусияти равонии хеш аст. Дар як оила ҳар фарзанд дорои тавсиф ва табиати хос ҳастанд. Вале ҳамаи онҳо ширинанд, пурнишотанду барои донишомӯзӣ мароқи зиёд доранд. Аз ин рӯ волидайни оқилро лозим меояд, то ки бинобар истеъдод ва завқи кӯдак барои рушду инкишофи ақлонӣ, ҷисмонӣ ва равонии вай мусоидат намоянду бинобар хост ва диди хеш ба таври иҷборӣ ӯро хаёлшикаставу дилмонда накунанд.

(давом дорад)


Рушди ҷисмонии кӯдак

Муассисаи таълимӣ бояд ба раванди рушди психологӣ ва ҷисмонии толибилм арҷ гузорад

Кӯдакро чӣ гуна аз сигоркашӣ ҳифз намоем?

4 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s