Варзиш танҳо ҳифзи саломатӣ нест! (2)

Сабаби чорум ин таъмини организм бо оксиген аст. Чӣ тавре аз фанни биология ба мо маълум аст, бадани инсон танҳо аз ҳисоби оксиген моддаҳои мухталифро (карбогидратҳо, чарбу, сафедаҳо) коркард намуда, барои ниёзҳои худ нерӯ тавлид мекунад. Зимни иҷрои машқҳои мухталифи ҷисмонӣ сӯзиши оксиген дар бадан зиёд гашта, ба ин васила тамоми ҳуҷайраҳо ғанӣ гардонида мешаванд. Дар натиҷа гардиши хун ва кори мӯйрагҳо (капилляр) баҳтар мегарданд. Ҳамчунин ба реаксия, рефлекс ва кори мушакҳо таъсири мусбат мерасонад.

Сабаби панҷум беҳтар гардидани намуди зоҳирии бадан аст. Дар шабакаҳои интернетӣ метавон шоҳиди ҳазорона мисолҳо гардид, ки одамон тавассути варзиш шакли зоҳирии худро ба куллӣ тағйир додаанд. Ҳам нафарони лоғар ва ҳам ашхоси фарбеҳ ба туфайли навъҳои гуногун ва муносиби машқу тамринҳои варзишӣ бадани худро обутоб дода, соҳиби андоми зебо мегарданд. Дар ин ҳолат шахс ба ирода ва нерӯи худ боварии бештар пайдо карда, ҳамчун фарди созанда ба сар хоҳад бурд.

Сабаби шашум ин муътадил гаштани хоб аст. Ба таври систематикӣ бо варзиш машғул шудан хоби солимро таъмин мекунад. Баданро барои тавлиди моддаи эндорфин водор мекунад. Дар навбати худ эндорфинҳо инсонро аз ҳолатҳои стрессӣ ва асабишавӣ эмин нигоҳ дошта, депрессия ва бехобиро пешгирӣ мекунанд.

Сабаби ҳафтум муътадил нигоҳ доштани вазни бадан аст. Варзиш аз ҷумла воситаи беҳтарини назорати иштиҳо дониста мешавад. Ин ҷо гап боз сари эндорфинҳо меравад, зеро онҳо ҳамчун дастгоҳи амниятӣ хизмат карда, вақте ҳоҷат набошад, ҳисси гуруснагиро пешгирӣ мекунанд. Ва танҳо замоне ки бадан дар ҳақиқат ба нерӯ ниёз пайдо мекунад, он ҳиссро бедор мекунанд. Пас маълум мешавад, ки инсон вақте бо варзиш машғул мешавад, на нимгушнагӣ мекашад ва на аз ҳад зиёд хӯрок мехӯрад. Ин ҳолат низоми ҳозимаи (метаболизм) организмро ба интизом дароварда, боиси тандурустии ҷисмонӣ ва солимии равонӣ мегардад.

Сабаби ҳаштум ин барқароркунии бадан баъд аз ҷароҳат ва бемориҳо аст. Бинобар тамринҳои муносиб ва лозима баъд аз гузаронидани бемориҳои вазнин ва ҷароҳатҳои гуногун метавон фаъолияти баданро барқарор намуда, ба сиҳҳатии аз пеш беҳтар комёб шуд. Чунин тамринҳои варзишии мувофиқ баданро обутоб дода, онро нисбат ба бемориҳои ғайр қавитар мекунад.

Сабаби нӯҳум ин ба ҳаёти муваффақтар комёб шудан ва ба низом даровардани тарзи ҳаёт аст. Машғулият бо варзиш шахсият ва ҳаёти касро бакуллӣ ба самти созанда тағйир дода метавонад. Далелҳои бешумор дар ин маврид мавҷуданд. Вазришро метавона ҳатто як навъ табобат номид. Нафаре, ки зиндагӣ барояш монанди торикии шаб гашта, фардои хешро дурахшон дида наметавонанд, варзиш ба ҳукми машъал аст. Нафарони бинобар фарбеҳӣ дар ҳаёти рӯзмарра ранҷ мекашида, аз кору фаъолияти муассир бозмемонанд. Онҳо аз ин ҳолати хеш шарм карда, худро аз фаъолиятҳои ҷамъиятӣ, аз муносибат бо ҷомеа ва хешу таборон дур медоранд. Онҳо ба туфайли тамринҳои муносиби варзишӣ метавонанд дубора ба ҳаёти созанда ва фаъол баргашта, зиндагии худро пурнишот давом диҳанд. Ҳамчунин варзиш ҷиҳати халос шудан аз одатҳои бад кӯмакрасони хуб аст. Бинобар чунин одати хуби солим доираи дӯстон васеътар мегардад.

– таҳияи Достиев Неъмат


Варзиш танҳо ҳифзи саломатӣ нест!-1

Рақами футболбозон ба худ маънои хос дорад-2

Чойи кабуд нӯшида шифо ёбед!

2 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s