Ниҳоли зиндагӣ

Ҷуфти ба тозагӣ оиладоршуда дар моҳҳои аввали ҳаёти оилавии хеш фаҳмиданд, ки ин кор яъне ҳаёти оилавӣ тамоман он тавре набудааст, ки онҳо хаёл мекарданд. Якдигарро дӯст медоштанд. Агарчӣ доимӣ ҳам набошад, аҳён−аҳён муҳаббаташонро нисбат ба якдигар ба забон меоварданд. Аммо баъди оиладорӣ камтарин гап метавонист боиси моҷарои онҳо шавад. Моҷарои андак не, тезу шадид.

Ин ҳаёти ҳанӯз кӯтоҳи берангу дилгир ба дилашон зад. Як бегоҳ ҳар ду нишастанду хостанд муносибаташонро нисбат ба якдигар аз нав бисозанд, дуруст кунанд ва ба низом дароранд. Ҳар ду ҳам хоҳони парокандагии оила набуда, нек сарфаҳм мерафтанд, ки кор бояд ин гуна наанҷомад. Баъди хомӯшии тӯлониву фикр карданҳои зиёд ҷавон сар бардошту ба гап шуруъ кард:

− Ба сарам як фикр омад, агар бипазирӣ аз он сар мекунем.

Ҷавонзан хомӯшона бо аломати тасдиқ сар ҷунбонд ва ҷавон илова кард:

− Шояд фикри кардаам бароят кӯдакона намояд, аммо, ба ҳар ҳол мехоҳам, ки мо дар боғча як ниҳол шинонем. Агар давоми се моҳ ниҳол хушкид, мо ҷудо мешавем. Вале агар сабзиду калон шуд, фикри ҷудошавиро дигар тамоман ба сарамон намеорем. Шарт ин ки мо бояд тайи ин се моҳ ҳуҷраҳои хобамонро ҷудо кунем.

Ин фикри ғайримуқаррарӣ ба ҷавонзан ҳам маъқул афтод. Рӯзи дигар рафтанду як ниҳоли мева хариданд. Онро бурда дар боғча шинонданд.

Баъд аз гузашти як моҳ шабе нохост дар боғча вохӯрданд. Дар назди ҳамон ниҳол. Дар дасти ҳар ду ҳам зарфи пури об буд.

– Башир Усмон, Дидор


Шапотӣ

Шир

Охирон тори ғижак

4 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s