“Ла Масия” бештар аз академияи муқаррарӣ аст (1)

Соли 2010 барои гирифтани Ҷоизаи “Ballon d`Or” (Тӯби тиллоӣ) се футболбоз – Месси, Инйеста ва Хави талош варзиданд. Хусусияти муштараки ҳар сеи онҳо танҳо дар дастаи “Барселона” бозӣ карданашон набуд. Айни замон ин футболбозон тарбиятгирандаи Академияи футболи клуби каталонӣ “Ла Масия” мебошанд. Натанҳо ин се ситора, балки дар оғози асри нав бисёр аз ситораҳои футболи Аврупо сабақҳои аввалини профессионалиро маҳз дар ҳамин академияи футбол омӯхтаанд. Ҳамин тавр муваффақияти тими мунтахаби Испания дар солҳои 2008, 2010 ва 2012 дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ маҳз ба тарбиягирандагони Академияи футболи “Ла Масия” вобаста дониста мешавад. Аз соли 2002 ҳамчун яке аз академияҳои беҳтарин ва муваффақтарини футбол миёни ҷаҳониён шинохта мешуд. Замоне ба ин академия умедҳои зиёд баста шуда буд, вале ҳоло бошад он сукутро интихоб кардаасту чун замонҳои қаблӣ дар ҷодааш фаъол нест. Хостем каме доир ба ин “фабрика”-и истеҳсолкунандаи футболбозон ба хонандагони Сомонаи тафреҳӣ-ахлоқии “ОФТОБ” маълумот диҳем.

Таърихи “Ла Масия”

Академияи футболи “Ла Масия” дар канори майдони футболбозии “Камп Ноу” соли 1702 ҳамчун бинои ферма сохта шуда, соли 1954 аз ҷониби клуби “Барселона” харидорӣ мешавад. Ҳамин тавр як муддат ҳамчун бинои идории клуб хизмат мекунад. Баъд аз он, ки садорати клуби “Барсеолна” ба бинои дигар гузашт, соли 1979 “Ла Масия” бо пешниҳоди ситораи футболи Ҳолланд, Ёҳан Кройфф, ки солҳои тулонӣ дар ин даста ҳамчун футболбоз ва сармураббӣ фаъолият намуда буд, ба академияи футбол табдил дода шуд. Гуфта мешавад, ки Кройфф идеяи Академияи футболи “Ла Масия”‐ро аз клуби ҳолландии “Аякс” гирифта буд. Кройфф мехост, ки дар “Ла Масия” наврасон бинобар диди футболии ӯ тарбия ёфта рушд кунанд. Вақте ки ба фалсафаи футболи Кройфф усули “тики така”-и маъруфи испанӣ илова шуд, як усули ҷолиби футболбозӣ ба миён омад.

Наврасон аз 6-солагӣ қабул карда мешаванд

Кӯдакони боистеъдоди футболбоз ба “Ла Масия” аз синни 6‐солагӣ қабул карда мешаванд. Кӯдакон зери назорати панҷ мутахассиси соҳибтаҷриба аз санҷиш ва муоинаи тиббӣ гузашта, бинобар тавсия-қарорномаи онҳо ба академия қабул карда мешаванд. Хараҷоти солонаи “Ла Масия” баробар 5 миллион евро буда, дар баробари тамринҳои варзишӣ ситораҳои ояндаи футбол таҳсили мактабияшонро низ идома медиҳанд. Кӯдаконе, ки берун аз шаҳри Барселона меоянд, бо хобгоҳ таъмин карда мешаванд. Дар ҳудуди Испания 15 ва берун аз он боз 15 мутахассиси дигар барои клуби «Барселона» ситораҳои ояндаро аз синни наврасӣ меҷӯянд. Албатта на ҳар тарбиягирандаи клуби “Ла Масия” шонси дар дастаи “Барселона” бозӣ карданро пайдо мекунад. Вале бояд қайд кард, ки клуби каталонӣ бо 15 дастаи маҳаллӣ созишномаи ҳамкорӣ дорад. Ҳамин тавр хатмкунандагони Академияи футболи “Ла Масия” дар ин клубҳо фаъолияти профессионалии худро оғоз намуда, баъдан ба клубҳои бонуфузтар гузариш мекунанд. Бадин тартиб орзуи футболбози ҳақиқӣ шудани онҳо барбод намеравад.

Беҳтаринҳои “Ла Масия”

Аввалин нафаре, ки аз академияи Кройфф – “Ла Масия” ба ҳайати асосии даста роҳ ёфт, Гилйерме Амор буд. Амор аз соли 1998 дар ҳайати асосии дастаи “Барселона” 311 маротиба ба майдон баромадааст. Баъд аз Амор дарвозабон Карлес Бускетс (падари Серхио Бускетс), Хосеп Гвардиола ва Алберт Феррер аз академия ба ҳайати асосии дастаи “Барселона” роҳ ёфтанд. Маҳз ҳамин футболбозон нафароне буданд, ки солҳои 90‐ум “тими ормонӣ”-и Ёҳан Кройффро бе онҳо тасаввур кардан мумкин набуд. Соли 1998 Хавӣ, 1999 Карлес Пуйол, соли 2002 Инйеста ва дарвозабон Виктор Валдес ва соли 2004 бошад, Лионел Месси баъд аз тарбияи “Ла Масия” ба дастаи асосии “Барселона” роҳ ёфтанд. Вале баъд аз ин солҳо фаъолияти “Ла Масия” коста гашта, чун замонҳои пеш самаранок фаъолият намекунад.

(давом дорад)


Рақами футболбозон ба худ маънои хос дорад

Варзиш танҳо ҳифзи саломатӣ нест!

3 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s