Фирефтаи ҳиссиёт нашавед!

Муҳовараи ҷавону пирамард

Ҷавон дар ҳаяҷон буд. Барои он ки дар хусуси масъалаи муҳими ҳаёташ аз нафари солманде маслиҳат мепурсид. Ӯ назди пирамард рӯи курсӣ нишаста, аввал ба чапу рост нигарист, то бовар ҳосил кунад, ки дар қарибӣ касе нест ва гапҳояшро намешунавад, баъд шарм доштаву хиҷолат кашида пурсид:

– Ман ҳанӯз таҳсиламро дар донишгоҳ тамом накардаам. Духтари хушдорам низ ҳоло мехонад. Ҷои зисти мо аз якдигар чандон дур нест, бо вуҷуди ин рӯзҳои аввал телефонӣ суҳбат мекардем. Баъд суҳбатҳои тӯлонии телефонӣ сермасраф гашт. Масрафи иловагӣ ва барзиёд барои донишҷӯ гапи калон аст. Мо мефаҳмидем, ки ҳар ду ҳам ба якдигар қаробат ва ҳисси гуворое дорем. Пасон гуфтем, беҳтараш рӯ ба рӯ суҳбат мекунем. Бемасраф. Ин дафъа монеаи дигар пеш омад: масъалаи маҳрамият. Медонам, садҳо ҷавононе ҳастанд, ки суҳбатҳои рӯ ба рӯ мекунанд ва ин масъала азияташон намедиҳад. Вале ман дар муҳите ба воя расидам, ки ба ҷиҳати шаръии масъалаҳо диққат дода мешуд. Бинобар ин, ҳоло ният дорем, ки пинҳонӣ аз хонаводаҳоямон никоҳи динӣ бандем, то масъалаи маҳрамият ҳал шавад. Оё ин дуруст аст?

Пирамард, ки дар ғояти тамкину тафаккур ба саволи ҷавон гӯш медод, чунин гуфт:

– Шумо ба ҷойи “дуруст аст?” гуфта пурсидан, беҳтараш пурсед, ки “агар ин нияти мо дуруст ҳам бошад, оё бамаврид аст?” “Ҳамин хел як ташаббус барои мо ягон фоида дорад?”

Ҷавон афзуд:

– Мо ҳар ду ҳам дар боби бамаврид будани тасмими худ ҳамфикрем.

– Бале, суҳбати рӯ ба рӯ ё чашм ба чашмро зиёд мехоҳед. Зеро ба майнаи ду ҷавоне, ки ҳиссиёташон аз шиддати суҳбатҳои телефонӣ ба ғалаён омада оташ гирифтааст, дигар чӣ ҳам меомад? Боз ба суҳбатҳои рӯ ба рӯ қаноат накарда, барои аз байн бардоштани маҳрамият ба ҷуз бастани никоҳи динӣ кадом чораи дигареро мебинанд? Ҳоло шумо фикр мекунед, ки ин масъала масъалаи аз ҳама муҳим ва ниҳоят зарурии ҳаёти шумост. Вале аз кадом нафари солманди таҷрибадор напурсед, ба шумо мегӯяд, ки тасмиматон хатост ва ба ояндаи шумо бетаъсир намемонад. Шумо ба насиҳати онҳо розӣ мешавед ё не, инашро намедонам.

– Розӣ мешавем, зеро ба хулосае омадем, ки аз ягон нафари калонтар маслиҳат мепурсем…

– Ин тавр бошад, омода шав, зеро суханҳои ман ба ту хуш намеоянд… – гуфт пирамард мисли дӯсти сахтгӯ, вале ҳақиқатгӯе ҷавобҳои манфиро қатор карда:

– Шумо, писарам,  ҳоло таҳсилатонро тамом накардаед, санади донишгоҳро, ки барои ба ҷое ба кор даромаданатон зарур аст, дар даст надоред. Шарти асосии оилаи хушбахт таъмин будани вазъи иқтисодӣ аст, ки онро ҳам соҳиб нестед. Ба ғайр аз ин, оилаҳоятон аз тасмими шумо огоҳ нестанд… Ба қавле, ҳоло зимистон аст, вале шумо алорағми ҳама шароити манфӣ гул шинонидан мехоҳед. Бехабар аз он, ки дар зимистон гулро сармо мезнад, ҳавои сард намегузорад, ки нашъу намо ёбад. Дар ниҳояти кор волидонатон ҳам бохабар шуда, иҷозат намедиҳанд ба ин қарори шумо… Дар муқобили ин ҳама шартҳои манфӣ ҳолатон чи мешавад, фикр кардед? Медонам, ки дар ин бора ҳеҷ фикр накардаед! Барои он ки ҳиссиёти шумо, ки ҳангоми рӯ ба рӯ шуданатон монанди оташ аланга мегирад, намегузорад, шумо дар бораи ин шартҳои манфӣ, ки дар назаратон монанди кӯҳ бузург метобанд, фикр кунед!.. Як ҷиҳатро бори дигар кушоду равашан мегӯям: агар шумо минбаъд ҳам ба оташи ҳиссиётатон равған рехта, ба мулоқоти рӯ ба рӯву як ба як идома дидҳед, алангаи ин оташ ҳам ояндаатонро сӯзонда маҳв месозад, ҳам барои ба хондан таваҷҷуҳ карданатон монеъ мешавад ва мумкин аст, ҳамчун ҷавонони номуваффақ дар донишгоҳу ҷомеа ном бароред.

Ҷавон бо ҳайрат ба пирамард менигарист. Гӯё гуфтан мехост, ки “Ин хел бошад, пас, мо кай метавонем бо ҳам аз наздик суҳбат кунем?” Пирамард ҳам мисли ин ки фикри ӯро аз чеҳрааш мехонда бошад, афзуд:

– Аввал таҳсилро ба анҷом расонед, ба ягон ҷо ба кор дароед, то шарти асосии оилаи хушбахт – вазъи иқтисодиатонро беҳтар кунед, яъне аввал нону обатонро меёфтагӣ шавед, баъд… Бовар дорам, ки дар ин сурат волидонатон ҳам шуморо ба ҳоли худ намегузоранд, пеш аз шумо худашон ин масъаларо ба миён мемонанд.

Ҷавон сукут карда буд. Ӯ сархам ба замин менигарист. Ин ҳолати ӯро дида, пирамард, ки дар чеҳрааш табассум падид омада буд, илова кард:

– Медонам, ҳоло ин суханҳоям ба ту чунон расид, ки гӯё хабари ҷарроҳиро ба бемор медиҳанд. Вақте ба бемор мегӯянд, ки “шуморо ҷарроҳӣ мекунем” аз лаҳзаи аввали шунидани хабар то анҷоми амалиёти ҷарроҳӣ дард азияташ медиҳад. Яъне шунидани хабараш ҳам дарди дигар аст ҷарроҳиро. Вале ман бовар дорам, ки дар натиҷаи ин “ҷарроҳӣ” ҳардуятон ҳам шифо меёбед. Шартҳои хушбахтиро ки ба ҷо овардед, он вақт нафаси осуда кашида, шаҳди ҳузуру ҳаловатро ҳамроҳи оилаҳоятон мечашед. Он вақт мебинед, ки зимистон тамом шуда, баҳор шудааст ва гулҳои шукуфтаи умратонро сардиҳо асло хазон нахоҳад кард…

Ҷавон, ки ба суханҳои пирамард бо маайли тамом гӯш медод, гуфт: “Ман ин ҷиҳати масъаларо фикр накарда будам. Умед мекунам, ки ба “ҷарроҳӣ” тоб оварам”. Ӯ бо арзи миннатдорӣ бо пирамард худоҳофизӣ намуда рафт.

– Башир Усмон, ҳафтаномаи “Ҷавонони Тоҷикистон”


Онҳо хомӯширо авло донистанд

5 тавсия ба қаламкашони навроҳ аз Ҷорҷ Оруэлл

Рӯйхати хониши адабиёти бачагонаро аз назар гузаронем

2 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s