10 ғизои баданро аз варам раҳодиҳанда

Баъзан субҳгоҳон бо чеҳраи варам аз хоб бедор мешавем ва мехоҳед, ки ҳар чӣ зудтар аз он варам халос шавед. Истеъмоли дурусти ғизоҳои зерин барои ҳалли ин мушкил ба шумо кӯмак хоҳад кард:

1. Ҳамарӯза истеъмоли 2-4 дона себ аз варам раҳо карда, ба ҳазмкунии меъда кӯмак мекунад. Себро тару тоза ё дар шакли мураббо истеъмол кардан мумкин аст. Барои аз фарбеҳӣ халос шудан, ҳафтае як ё ду рӯз парҳез карда, танҳо себ истеъмол намоед;

2. Ҷаъфарӣ низоми пешобро хуб ба роҳ монда, истеъмоли хӯриши аз он омодашуда варамро мегардонад. Ҷаъфарӣ калорияи кам дорад, вале таркиби он аз сафеда ғанӣ мебошад. Агар ҷаъфариро хушк карда, муддати тӯлонӣ нигоҳ дорем ҳам, хосияти шифобахши он гум намешавад;

3. Гелос, тамашк (малина), қулфинай ва олуболу мева ва буттамеваҳое мебошанд, ки аз унсурҳои калий ва магний бой буда, моеъи барзиёдро аз организм хориҷ мекунанд. Агар меваю буттавеҳои мазкурро тару тоза истеъмол карда, усули ҳаёти солимро риоя намоед, аз варамҳо раҳоӣ меёбед;

4. Истеъмоли як миқдор шӯлаи марҷумаки бенамак дар хӯроки бегоҳӣ, касро субҳгоҳон чеҳраи тару тоза мебахшад;

5. Зардолу организмро аз моддаҳои заҳролуди барзиёд эмин нигоҳ медорад. Зардолуоб беҳтарин даво барои варам буда, онро бар ивази шириниҳои гуногун истеъмол кардан ба саломатии инсон фоидабахш хоҳад буд;

6. Истеъмоли қот (клюква– навъи буттамеваи шимолӣ) ҳам дар шакли тару тоза ва ҳам хушккардашуда фоидабахш аст. Нӯшидани шарбати аз он тайёршудаи бешакар ва ё иловаҳои ғайр беҳтарин даво барои варам мебошад. Қот аз моддаҳои гуногуни зарарнок баданро тоза карда, бо витамин ғанӣ месозад. Инчунин истеъмоли он ба занони ҳомиладор ва кӯдакони аз синни 3-сола боло тавсия карда мешавад;

7. Истеъмоли бодиринг барои организм фоидабахш аст. Он ихроҷи пешобро аз бадан ба танзим медарорад. Ҳангоми гуруснагӣ нӯшидани оби фишурдаи бодиринг баданро бапуррагӣ аз варам раҳо мекунад. Ҳамчунин бодиринг барои тару тоза нигоҳ доштани пӯсти бадан кӯмак мекунад;

8. Тарбуз организмро аз моддаҳои заҳролуд ва ифлоскунанда тоза карда, суръати варамро коҳиш медиҳад. Вале итеъмоли аз ҳад зиёди тарбуз ҳам ба организм зиён расонида метавонад. Табибон қайд мекунанд, меъёри истеъмоли шабонарӯзаи тарбуз 2,5 кг аст; 

9. Боймиҷон намакро аз бадан хориҷ карда, варамро пешгирӣ менамояд. Вале онро на дар шакли бирён, балки дар шакли дампаз бояд истеъмол намуд. Ҳангоми истеъмоли бойимҷон ҳамроҳ бо хӯрок ва хӯришҳои дигар бояд эҳтиёт кард. Зеро моддаи алкалоид, ки дар боймиҷон мавҷуд аст, ҳангоми омезиш ёфтан бо моддаҳои ғайр, метавонад инсонро заҳролуд кунад;

10. Қаланфури булғорӣ пур аз калий буда, моеъи зиёдатиро аз организм хориҷ мекунад. Хусусан навъи қаланфури булғории сурх барои организм фоидабахштар аст. Зеро он дорои моддаи ликопин буда, варамшавии баданро пешгирӣ менамояд.

– таҳияи Саид Муъмин


Ҳафт муъҷизаи қуръонӣ: ГЕЛОС

Рамзи иловагиҳои ғизоӣ чиро ифода мекунад?

Фоидаҳои ҷаъфарӣ

5 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s