4 усули муфидтарини тадриси фанни технология ва меҳнат (1)

Хуррамии дунё имрӯз бар асоси ҷомеаи обод, ҷомеаи обод бар асоси оилаи обод ва оилаи обод бар асоси тарбияи дурусти падару модар бунёд мегардад. Ва боз ҳамин падар низ аз банди дилу тани як модари дигар ба дунё омадааст. Пас агар мукаммалтар назар кунем, мебинем, ки хуррамии ҷаҳон ва ободии он аз тарбия ва ташаккули фардии як мавҷуди хеле назифу латиф – зан сарчашма мегирад ва он калиди ҳама дарҳо мегардад. Аз ҳамин ҷост, ки тадбирҳои бохирадонаи Пешвои миллат дар ҳимоя ва ҳифзу дастгирии занону духтарон хеле мӯшикофона равона шуда, болотар аз ин дастгирии онҳо аз хурдсолӣ (эълон кардани “Соли маориф”) то наврасӣ (бо ҷорӣ кардани Қонун дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд) ва аз ҷавонӣ (эълон кардани “Соли ҷавонон”) ва то ба охири умр (эълон кардани соли оила) чораандешӣ шудааст.

Ин гуна иқдомот аввалан намояндаи зиёии кишвар, махсусан муаллимро бояд ба ҳаяҷон оварда, боиси бештар гардидани ҷаҳду ғайраташ шавад. Охир муаллимӣ ин касбу ихтисос нест, балки тарзи ҳаёт аст, ки зиндагонии афроди ҷомеаро иршод мекунад. Нуқтаи аз ҳама муҳим дар фаъолияти муаллим ин ташаккулу тафаккур, тарбияи хислату характер, инкишофи маънавиёт ва таълим додани инсони ҳақиқист. Барои муаллими имрӯза хеле муҳим аст, ки ҳеҷ гоҳ дар нуқтаи ҳадафи бадастовардааш иктифо накунад, балки боз ҳам пешрафт кунад. Зеро меҳнати ӯ сарчашмаи беназирест барои эҷодиёти беканор. Ва маҳз ҳамин нукта боиси ташаккули ҷомеаи ҷаҳонӣ мегардад ва садди роҳи бадбахтиву нобудшавӣ аз васати сайёра мегардад. Ҳамин назари муҳим бандаро ҳамчун муаллима қуввати дучанд дода, рисолату масъулиятамро даҳчанд мегардонад.

Ман муаллимаи фанни алгебраву математика не, асосҳои компютерӣ не, забони англисӣ ё русӣ ҳам не, балки муаллимаи технология ё худ таълими меҳнат барои духтарони муассисаи таълимии асосӣ ҳастам. Шояд тадриси фанҳои боло имрӯз хеле ҷиддӣ, аввалиндараҷа, ҳадафпазир, роиҷ ва умуман мувофиқ ба талаботи замона бошанд, ки дар асл дар кишвари мо ҳамин хел ҳам ҳаст, вале назари банда ин аст, ки аҳамияти таълими меҳнат барои духтарон на камтар аз ин фанҳо аст. Агар фанни технологияро ҳақиқатан ҳам мутахассис ва гузашта аз ин педагоги дурандеш, соҳибзавқ ва инсондӯсту инсонпараст таълим диҳад, рисолатеро анҷом медиҳад, ки дар натиҷа аз духтарбачаи оддӣ апаи ғамхору муаддаб, хоҳари оқилу серҳаракат, ҳамсари босабру тамкин, модари соҳибмаърифату заковатманд, хушдомани некандешу хайрхоҳ, келини донову хушсалиқа, янгаи меҳрубону самимӣ, корманди мутахассису соҳибиродаи давлат ва фарди масъулиятшиносу созандакори ҷомеа тарбия меёбад. Ва ана ҳамон иқдоми пешгирифтаи Пешвои миллатамон амалӣ гашта ҷомеаи соҳибфарҳангу пешрафтаи ҳақиқӣ сохта мешавад. Пас ба боварӣ ва ҷиддият сари таълиму тадриси ин фан зарур аст, ки масъулони бисёре гирди мизи мудаввар нишинанду сари андеша фурӯ рафта, чораҳои беҳтару манфиатбортареро дар ин ҷода ба роҳ монанд.

Бо собиқаи корӣ ва ишқу шӯрам ба фанни хеш якчанд усули тадрисро, ки ҳамкасбонам боз беҳтару ҷадидтар карда истифода бурда метавонанд, пешниҳод менамоям. Аз таҷрибаи шахсии хеш қаблан зикр менамоям, ки муаллими дилсӯз ба фанни хеш ва эҷодкор бо истифода аз ин усулҳо дар рафти кораш усулҳои ҷадидтарро ба кор бурда метавонад. Ин панҷ усул садҳо усулҳои беҳтареро дар зеҳни муаллим бедор карда метавонад:

1. Усули муфидтари дафтардории шогирдон

Бигзор дафтарҳои фанни таълими меҳнат мисли дафтарҳои синфиву кории дигар фанҳо муқаррарӣ ва аз ҳад зиёд расмӣ набуда, шакли қулай ва аз рӯи хоҳиши худи духтарон бошанд. Масалан, хонанда саҳифаҳои дафтарашро мувофиқи табъу завқи хеш рангу бор кунад: аз боло ба поён, аз миёна ё аз ҳар ҷонибе, ки хоҳиш дорад, бинависад; дар дафтари хатмайда, дар хаткалон ё бехат, ин интихоби худи ӯ бошад; намуди болои дафтар, бо тарҳрезии худи хонанда бо риштаҳо дар болояш бофташуда, ё матое илова карда медӯзад, ё нақшчиние мекунад, ё аз қоғазу картонҳои махсус апликатсия менамояд.

Азбаски дарси меҳнат бояд дар хонандагон қувваи тахайюл ва малакаи эҷодкориро бедора кунад, бигзор чӣ тавре хоҳад, вале бо назардошти меъёрҳои ахлоқиву эстетикӣ, асбобу анҷомҳои дарсияшро оро диҳад. Хонанда дафтари фанни меҳнаташро ҳамчун дафтари хотирот, дафтари шахсӣ ё дафтари роҳбаладаш ҳис ва қабул кунад. Ин аввалин қадам барои ба даст овардани муҳаббати духтарон ба фанни технология буда метавонад.

2. Тадриси техникаҳои бехатарӣ ҳангоми кор бо мошинаҳои дарздӯзӣ, пухтупазу ҷомашӯӣ ва дигар фаъолиятҳои кадбонугӣ

Қоидаву қонунҳои хушку холии тахтаи синф, ё слайди тахтаи электронӣ, ё овезаи солҳо хобидаи девори синфхонаро ба духтарон нишон дода, метавонем онҳоро аз из ин фан дилмонда кунем. Онҳо бе ин ҳам ин гуна мамнуъоту мумкинотро ҳар рӯз дар синф аз муаллима, дар роҳрав аз навбатдорону фаррошҳо, дар ҷамъомад аз маъмурият, дар хона аз падару модар мешунаванд. Боз якчанд чизҳои дигари дар назари онҳо “гӯшхарош”-ро ба дафтар кӯчонидан ҳеҷ манфиате ба бор намеоварад. Онҳо фақат метавонанд ба хотири баҳо гирифтан қориазёд карда, ба муаллима ҷавоб дода боз фаромӯш созанд.

Беҳтараш ин усул муҷаддадан аз назар гузаронида шавад. Масалан, бигзор духтарон қоида ва усули истифодаи анҷому лавозимоти мактабиву ғайраро мустақилона таҳқиқ намоянд: аз имкониятҳои шабакаи интернетӣ истифода кунанд, аз адабиёти лозима маълумот гиранд, аз модару холаву бибиҳояшон пурсанд, аз таҷрибаи шахсияшон омӯзанд. Танҳо сипас дар дарс аз ҷараёни тадқиқу таҳқиқоташон қисса карда, бардошту хулосаҳояшонро бо факту далел пешниҳод намоянд. Дар навбати худ чунин раванд дарсро самаранок гардонида, худи духтарон низ бо шавқи зиёд дар дарс фаъолона иштирок мекунанд. Зеро ҳадаф аз омӯзонидани фанни меҳнат аз худ кардани донишҳои назариявӣ набуда, балки амалӣ гардонидани малакаҳои мавҷудаву ҷадид аст.

(давом дорад)


Муассисаи таълимӣ бояд ба раванди рушди психологӣ ва ҷисмонии толибилм арҷ гузорад

Зинда аз онем, ки…

Нидои модар

One Comment Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s