“Ла Масия” бештар аз академияи муқаррарӣ аст (2)

Гвардиола мактабро ба тартиб даровард

Баъд аз хатми Леонел Месси минбаъд академия рӯ ба суқут овард. Ҳолати парешони “Ла Масия”-ро солҳои баъдӣ дастпарвари ин мактаб Хосеп Гвардиола ба тартиб даровард. Вақте соли 2007 Гвардиола мураббии дастаи “Барселона Б” таъин гардид, фаъолияти ҳам дастаи дуюм ва ҳам академияро ба низом даровард. Яке аз қарорҳои боисобати Гвардиола ин буд, ҳар футболбози аз синни 21 то 26-сола, ки муддати ду сол дар дастаи “Б” натиҷаҳои назаррас нишон дода натавонистааст, ба клуби дигар фурӯхта шавад. Чунин қарори ӯ барои футболбозони нав академия, ки батозагӣ онро хатм намудаанд, фурсати хуб буд. Ҳамин тавр гардиши навбатии тавлиди футболбозон ва ситораҳои баъдии Академияи футболи “Ла Масия” аз нав ба рӯзҳои некаш баргашт.

“Ла Масия”-чиёни насли баъдӣ ба монанди Педро Родригес ва Боян Кркич (2007), Серхио Бускетс (2008) ва Серхио Роберто (2010) нафароне буданд, ки дар академия тарбия гирифта, ба дастаи асосии “Барселона” шомил шудаанд. Баъд аз он ки Гвардиола сармураббии дастаи асосии клуби каталонӣ таъин гашт, дастпарварони “Ла Масия”-ро, ки дар замони сармураббиёни қаблӣ ба ҳайати асосӣ роҳ ёфта натавониста буданду ба клубҳои дигар фурӯхта шуданд, баргардонид. Ҳамин тавр соли 2008 Жерар Пике аз “Манчестер Юнайтед” ва Сеск Фабрегас аз “Арсенал” ба хона баргардонида шуданд. Ҳамчунин Жорди Алба, ки низ аз академияи Кройфф гузашта, вале фаъолияти касбияшро дар клуби “Валенсия” оғоз намудааст, соли 2012 ба “Камп Ноу” баргашт.

Даврони тиллоии “Ла Масия”

Даврони тиллоӣ ва дурахши ситораҳои “Ла Масия” соли 2008, замоне, ки Пеп Гвардиола сармураббии “Барселона” таъин гардид, оғоз шуд. Дар соли аввали фаъолияти худ ба Гвардиола муяссар гашт, ки шаш ҷоми бонуфузи байналмилалиро ба осорхонаи дастовардҳои “Барселона” оварад. Вақте солҳои 2009 ва 2011 дар финали Лигаи чемпионҳо дастаи “Манчестер Юнайтед”‐ро шикаст дод, аз 11 нафари ҳайати асосӣ 7 нафарашон дастпарварони “Ла Масия” буданд.

Шогирдони болаёқати ин академия танҳо “Барселона”-ро муваффақ накардаан. Соли 2010‐ум вақте ки Испания бори аввал дар таърихи худ чемпиони ҷаҳон шуд, дастпарварони “Ла Масия” дар ин муваффақият саҳми арзанда доштанд. Дар он мусобиқа аз клуби “Барселона” 8 нафар дар ҳайати асосии мунтахаби миллии Испания бозӣ кардаанд. Аз ин 8 нафар 7 нафарашон (Виктор Валдес, Жерар Пике, Карлес Пуйол, Андреас Инйеста, Хави Эрнандес, Серхио Бускетс ва Педро Родиргес) дастпарварони Академияи футболи “Ла Масия” буданд. Голи ғалабаоварро дар финали “Ҷоми ҷаҳон‐2010” дар Африқои ҷанубӣ ба дарвозаи мунтахаби Ҳолланд шогирди мактаби Кройфф ‐ Андреас Инйеста ба ҳадаф расонида буд.

“Барселона” ҳам ба трансферҳо рӯ овард

Вақте ки Гвардиола “Барселона”-ро тарк намуд, “Ла Масия” аз фаъолияти босамараш ҳамоно бозмонд. Солҳои охир клуби каталонӣ ҳайати асосиашро аз ҳисоби гузаришҳо пурра мекунад. Ҳамин тавр ситораҳои футбол ба монанди Неймар, Луис Суарес, Арда Туран, Иван Ракитич, Самуэл Умтити, Марк‐Андре тер Штеген ба “Барселона” роҳ ёфтанд. “Ла Масия”, ки аз тавлиди футболбозон бозмонд, ин ҳолат ба усули бозии анъанавии даста низ таъсир расонид. Минбаъд “Барселона” аз усули бозии “тики‐така”‐и маъруф даст кашида, заминаи бозияшро аз ҳисоби партофтҳои (пас) дароз созмон медиҳад. Айни ҳол дар даста аз дастпарварони “Ла Масия” Месси, Инйеста, Пике, Жорди Алба, Бускетс ва Серхио Роберто бозӣ мекунанд.

– таҳияи Достиев Неъмат


Варзиш танҳо ҳифзи саломатӣ нест!

Усули ҷолиби огоҳӣ аз Fiat!

Рақами футболбозон ба худ маънои хос дорад

5 Comments Add yours

  1. Хисрав says:

    Неъматчон камтар дар бораи барсукхо ва ла масия навис, камтари дигар дар бораи реал ва академияи онхо низ маълумот пешниход кун!

    Like

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s