Рушди равонии кӯдак: яксолагӣ (2)

Агар кӯдак зуд-зуд мегириста бошад

Баъд аз таваллуд шудан кӯдак зуд-зуд гиря мекунад. Чунин ҳолат, агар дар саломатияш мушкилие мавҷуд набошад, боке надорад. Дар ин синну сол сабаби зуд-зуд гиря кардани кӯдак нишона аз гурусна мондан ва ё тагашро тар кардаасту аз он нороҳат шудааст, буда метавонад. Барои ором кардан метавонед тифлро ба оғӯш гирифта меҳрубонӣ кунед. Навзод гармӣ ва бӯйи “худӣ”-ро фаҳмида, худро дар амн ҳис мекунаду ором мешавад.

Вале набояд аз хотир баровард, ки агар кӯдак беист гиря мекарда бошад, он ҳатман ягон сабабе дорад. Азбаски дар ин синну сол кӯдакон ҳоло гап зада наметавонанд, онҳо дархосту талабҳояшонро бо гиря кардан ифода мекунанд. Чӣ тавре қайд карда шуд, навзоди беист гирямекарда ё гурусан аст, ё хаста шудаасту аз чизе нороҳат аст. Баъзан дар меъдаашон бод пайдо мешаваду онро бароварда наметавонанд, аз ин рӯ бо алам гиря мекунанд.

Кӯдаки гиря кардаистодаро бояд ором кард. Агар бемор ё мушкилие надошта бошад, аввал шиками гуруснаашро сер кунед. Баъдан ба оғӯш гиреду ӯро хобонед. Баъзан барои хобонидан кӯдакро ба дохили болопӯш гузошта аз чор кунҷи он дошта, дар ҳаво ҷунбонед.

Одоби қазои ҳоҷат

Инкишоф ва фаъолияти муътадили ҳалқамушак (сфинктер) дар ҷисми кӯдак муҳим аст. Бояд қайд кард, ки идора карда тавонисатни ҳалқамушак дар кӯдак танҳо баъд аз якуним ё дусолагӣ инкишоф меёбад. То он дам кӯдакро маҷбур карда, одоби қазои ҳоҷат карданро омӯзонидан дуруст нест ва ҳатто беҳуда аст. Зеро ҳоло ӯ мушакҳои лозимаро барои қазои ҳоҷат идора карда наметавонад.

Боз чӣ кор карда мешавад?

– Нисбат ба гирякунии навзод ҳассос бошем ва барои рафъи ҳоҷаташ кӯмак расонем. Ҳамин тариқ кӯдак эҳсос мекунад, ки ҳар вақте “гап мезанад”, ба ӯ эътибор медиҳанд. Барои робитасозӣ бо муҳит эътимодаш зиёд мешавад;

– Ҳар вақте гурусна мешавад, шикамашро сер кунед. Вақте ӯ эҳсос мекунад, ки атрофиёнаш эҳтиёҷоти ӯро рафъ мекунанд, эътимодаш нисбат ба одамон зиёд мегардад;

– Бо кӯдак зуд-зуд робитаи биноӣ созед. Ба чашмонаш нигоҳ карда таассурот ва эҳсосоти хешро изҳор намоед. Зеро барои кӯдак чеҳраи атрофиён ва наздиконаш манбаи хуби дарки эҳсосот ва донишомӯзӣ аст. Ҳамин тавр онҳо ишораву эҳсосоти мухотабро беҳтар мешиносанд. Дар навбати худ бинобар чунин донишомӯзӣ онҳо бо атрофиён робита месозанд;

– Дар ин синну сол ҳар чӣ бештар кӯдакро ба оғӯш гиред. Ҳамин тавр кӯдак аз ваҳмҳояш озод шуда, ҳузур ва итминони комил пайдо мекунад, ки ӯро дӯст медоранд;

– Агар кӯдак дилшикаста ва ғамгин бошад, ӯро тасаллӣ диҳеду меҳрубонӣ кунед. Ҳамин тавр эҳсос мекунад, ки ӯро мефаҳманду барои мушкилияш кӯмак мекунанд;

– Муҳиташро бо бозича ва ашёи рангоранг иҳота кунед;

– Дар ин синну сол модар бояд кӯдакро аксар вақт ба оғӯш гирифта гардонад. Зеро оғӯши модар барои кӯдак макони таҷрибаомӯзӣ, ҳузур, омӯзиш ва манзари шинохти муҳит ва атрофиён аст;

– Агар имкон бошад, соли аввал модар кӯдакро ҳатман дар наздаш хобонад. Ҳамин тавр кӯдак пай мебарад, ки хоб кардан падидаи ваҳмангез нест. Ва баҳузур хобида, дорои одати хоби солим мегардад;

– Ҳар чӣ бештар бо навзод сӯҳбат намуда, ҳамроҳаш бозӣ кунед;

– Ба кӯдак имкони дар оина дидани акси худро фароҳам оваред. Ҳамин тавр заминаи идрок ва шинохти шахсияташ гузошта мешавад;

– Ба кӯдак хушҳолӣ ва муҳаббататонро изҳор намоед. Ҳамин тавр ӯ пай мебарад, ки бо ҳузури худ атрофиёнашро хушҳол мекунад ва аз ин ҳолат хурсандияш дучанд меафзояд.


Рушди равонии кӯдак: яксолагӣ (1)

Рушди ҷисмонии кӯдак

Кӯдакро чӣ гуна аз сигоркашӣ ҳифз намоем?

2 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s