4 усули муфидтарини тадриси фанни технология ва меҳнат (2)

3. Аҳамияти касби малакаи пухтупаз ва кор дар ошхона барои шогирдон

Имрӯз духтарони наврасро дар ошхона саргарми пухтупазу дигар корҳои хонаводагӣ дарёфт кардан банудрат аст. Ҷойи тааҷҷуб нест, чунки ҳаёти мудерн фарҳанги кадбонугиро аз байн бурдан дораду ҳамсарон ва модарони ояндаи хонадон то рафт бемаҳорат мешаванд. Ҳоло каме аз хонандагон бошууронаву мустақилона ба тозагиву интизоми синфхонаву муассисаи таълимӣ, муҳити зисту хонаи хеш аҳамият медиҳанд. Аксарият бошанд то огоҳ карда нашаванд, бо иродаи озод барои анҷоми коре аз ақли хеш истифода намекунанд.

Яке аз вазифаҳои фанни меҳнат ин бедор кардани ҳисси масъулиятшиносии хонанда нисбат ба риояи назофату ба ҷой овардани ӯҳдадориҳои шаҳрвандӣ аст. Шинохт ва ба ӯҳда гирифтани масъулиятҳои рӯзмарра дар ҷомеа аз боғчаи кӯдакона оғоз ёфта, дар муассисаҳои таълимии мактабӣ инкишоф меёбад. Бахусус духтарону занон дар ин раванд нақши муҳимро мебозанд. Вақте ба кӯдак аз овони хурдсолӣ доир ба аҳамият ва нақши меҳнат дар ҳаёти инсон ҳам назариявӣ ва ҳам бо роҳи таҷрибаву амалия омӯзонида мешавад, ҳам худи фард ва ҳам ҷомеа бурд хоҳанд кард. Омӯзгори фанни меҳнат нозукиятҳои мазкурро дарк карда, шогирдонро дар ин самт бояд роҳбаладӣ кунад.

Касб кардани маҳорати хуби хӯрокпазӣ ё анҷоми корҳои марбут ба ошхона аз духтарон зани хонашин намесозад. Баръакс дар онҳо меҳри меҳнат ва малакаомӯзиро тарбия дода, заминаи дурусткорӣ ва ҳалолкориро мегузорад. Вақте инсон дар як кор соҳиби маҳорат мешавад, минбаъд ӯ кӣшиш мекунад, ки тамоми корҳояшро дар дараҷаи аъло ба анҷом расонад. Ин ҳолат ба ӯ завқ бахшида, ҷаҳди касбомӯзиву донишомӯзияшро бештар мегардонад. Барои ҳамин омӯзгорро лозим меояд, қабл аз он ки ба шогирдонаш малакаеро омӯзонаду доир ба аҳамияти он сӯҳбат гузаронад, сараввал ба нақши ин малака худ бовар кунаду онро касб намояд.

4. Дӯзандагӣ, бофтан ва тарҳу ороиши шакли либос

Касб намудани малака ва маҳорати дӯзандагӣ, бофтан ва дар худ тарбия додани завқу идроки либоспӯшӣ барои занон шарт ва зарур аст. Гарчанде баъзеҳо гумон мекунанд, ки модом дар оянда дӯзандаву тарроҳи либос намешаванд, пас ин маҳорат чӣ лозим аст, ғалат мекунанд. Зеро малакаҳои мазкур як қисми машғулиятҳои рӯзмарраро ташкил медиҳанд ва касби онҳо барои ҳамсар ва модарони мустақбал аз ҳикмат холӣ буда наметавонад.

Боз ҳам нақши омӯзгор дар ин раванд муҳим аст. Агар худи муаллима малака ва завқи дӯзандагиро надошта бошад, шогирдонаш низ чизеро аз худ карда наметавонанд. Бахусус дар ин масъала бояд аз усул ва методҳои ташвиқкунанда истифода кард. Талабагонро аз тарроҳони олами муд огоҳ намуда, наворҳои дахлдорро намоиш дод. Атрофи услуби дӯзандагӣ ва бофтан сӯҳбатҳо орост. Агар имкон бошад, барои мулоқот ва оростани сӯҳбатҳои касбӣ бо хонандагон тарроҳ ва дар ин самт ашхоси соҳибмалакаро ба муссисаи таълимӣ даъват намуд. Ва яке аз усулҳои муассиртарин ин либосдӯзии худи омӯзгор аст. Агар муаллима баъзе аз порчаҳои либосашро худ тарҳрезӣ намуда дӯзад, шогирдон аз ин завқ гирифта, ҳатман ба чунин маҳорат дил мебанданд. Ҳамчунин омӯзонидани хусусиятҳои физикии матоъҳо, ҷобаҷогузориву мувофиқати характери рангҳо метавонад барои омӯзиши ин касб муассир бошанд.

Ҳамин тариқ муаллима метавонад ба ҷуз ин усулҳо боз мунтазам ё рӯзҳои муайяни ҳар ҳафта дар вақти танаффус, ё вақти дигари холигияш дар синфхонаи таълими меҳнат, ки духтарон ба он ҷо омадурафт мекунанд, бо бофтан, дӯхтан, дизайн ё кори мансуб ба касбаш машғул шавад. Бо ин роҳ муҳаббату эҳтироми духтарон нисбат ба муаллима, сипас ба касбу дарси ӯ зиёд мешавад.

Тарбия ва таълими насли навраси муосир бо имкониятҳои даврони истиқлолият назар ба баъзе аз мамолики дунё дар асл хеле осон ва қулай гаштааст. Дар ин самт танҳо хоҳиш, истеъдод ва истифодаи босамари имкониятҳо лозим аст. Барои амалӣ гардонидани орзуву нақшаҳои созанда ба ҳамаи муаллимони фанни меҳнат бурдборӣ орзумандам. Банда мутмаинам, ки рисолати мударрисони ин фан бунёди фардои ҷомеаи созандаро ба роҳ хоҳанд монд.

– Ашурова Шаҳло


Ҳамарӯза 100 дақиқа тасарруф намоед

Нидои тифли гаҳвора

Шарҳи мухтасари вазъи ҷомеаи тоҷикистонӣ

One Comment Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s