Шавҳари камгап ё бонуи сергап

Муҳаббат он нест, ки ба чашми ҳамдигар нигоҳ кунӣ,
Муҳаббат онест, ки ҳарду ба як тараф нигоҳ кунӣ.

Маъмулан нигаронии занҳоро оид ба сергапии ҳамсарон зиёд шунидаем, вале бонувоне ҳам будаанд, ки аз камгапӣ ва ё сукути мардон нороҳат шуда, то ҳатто асабӣ ҳам мешаванд. Бояд гуфт, манбаҳои гуногун қайд мекунанд, ки дар як шабонарӯз занон то 20 000 калима ва мардон бошанд 7000 калима гап мезананд.

Бонувон ба гунае аз худ мепурсанд: Чаро ҳарфе барои гуфтан надорад? Камбудӣ дар ман аст ё худаш? То кай хомӯш менишаста бошад? Ӯ сукутро қасдан интихоб мекунад ва ё мехоҳад маро озор диҳад? Ё шояд гапҳояшро дар ҷойи дигар мезанад? Ва даҳҳо саволи беҷавоби дигар аст, ки зеҳни аксари бонувонро ба худ машғул медорад.

Ба таъкиди равоншиносон, баъзе камгапҳо инсони дарунӣ” (интровёрт) ҳастанд ва шумори дигар дар ҳаёти рӯзмарра андармони корҳои зиёд шуда, ба сӯҳбат кардан чандон майл надоранд. Чунин одамон маъмулан ва ё табиатан гапу сӯҳбати зиёдатиро хуш надоранд. Танҳо дар ҳолатҳои зарурӣ, гоҳе дар ҷамъи хонавода ва ё машғулиятҳо ҳарф мезананд. Дар ин ҳолат бонувон сабабгори камгапии шавҳарашон набуда, балки дар умум хислати табиати мард чунин аст.

Вақте фитрати ҳамсар “дарунӣ” асту фитрати зан “берунӣ”, дар муомила ва гуфтор тавозунро риоя карда, кӯшиш карда шавад, ки ҳавои солими муколама фароҳам оварда шавад. Камгапӣ ва ё сукути муваққатии шавҳарро пеш оварда, дар оиладорӣ ҷанбаҳои мусбати ӯро нодида гирифтан ноҳаққӣ мешавад. Бонуи оқил чунин ҳолати ҳамсарашро дарк намуда, камсухании ӯро нисбати хеш дарҳол ҳамчун бетаваҷҷуҳӣ намепазирад.

Яке аз нозикиятҳои дигари муколамаи байни зану шавҳар ин аст, ки аксар бонувон босонӣ дар бораи машғулиятҳои рӯзона ва дар корашон чӣ рух дод, сӯҳбат мекунанд. Вале мардон чунин нестанд. Аксари мардон моили нақл кардани машғулиятҳои корӣ ва равандҳои фикрронӣ нестанд. Чун шояд метарсанд, ки завҷаашонро дучори нигаронӣ ва изтироб накунанд. Ва бо ин роҳ мутмаин мешаванд, ки мустақилона аз ӯҳдаи ҳалли мушкили пешомада мебароянд. Вале бештари занон мехоҳанд, ки шавҳар масоили гуногунро барояш бештар қисса кунад ва ҷараёни тамоми мушкилотро бо ӯ қарор диҳад. Дуруст аст, ки ҳар кор ва мушкилие, ки ба афроди оила ва умури хонаводагӣ дахл дорад, ҳамсарон бояд онро муштарак ва бо ҳам маслиҳату машварат намуда, аз пайи ҳал шаванд. Бонувон фарқ миёни умури хонаводагӣ ва машғулияти касбии мардро бояд дарк кунанд. Бинобар ин ҳаргиз ба муқоиса напардозед ва мудом нагӯед, ки шавҳари дугонаатон чунин асту чунон аст, бо завҷааш зиёд ҳарф мезанаду дигару дигар. Чун ҳамон андоза, ки шумо наметавонед камгап бошед, ӯ низ наметавонад сергап шавад.

Вақте шавҳар дар хона сукути муваққатиро ихтиёр мекунад, барои ба сухан оварданаш саросема нашавед. Фурсат диҳед, пурсишҳои пайдарпайро канор гузоред ва саъй кунед, ки фазои орому пурҳузурро дар хона фароҳам созед. Маъмулан баъди бозгашти шавҳар аз кор шояд ӯ ниёз ба оромӣ дошта бошад ва ҳоло майли сӯҳбат карданро надорад. Пас беҳтарин роҳ ин аст, ки замони муносиберо барои муколама интизор шуда, бо муҳаббату оромӣ сӯҳбат кунед. Чун баъзан мардони хона низ роҳи сукутро шикаста, ба наздиконашон дарди дил мекунанд.

Аз ин рӯ ба бонувон тавсия дода мешавад сӯҳбатро ба заминаи баҳсҳои носолим накашанд. Агар баҳсе ба миён ояд, онро дар ҳавои мантиқӣ ва созанда гузаронед. Аз он ки кӯшиш кунед, ҳамсаратон танҳо суханҳои шуморо шунавад, ба суханҳои ӯ низ гӯш диҳед. Вақте баҳс бо истифода аз суханҳои таҳрикомези “ман…ту…”, “ту ҳаргиз…”, “ту ҳамеша…” шурӯъ мегардад, дар муносибати хонаводагӣ ва ҳамдигарфаҳмии ҳамсарон халал эҷод мешавад. Дубора матраҳ кардани иштибоҳоти гузашта рӯ мезанад ва ҳар яке кӯшиши пайдо намудани далелҳои худро мекунад. Аслан асари баҳсҳои тунд аз лавҳи хотира ба зудӣ намераванд, онҳо метавонанд ба зуҳуроти ранҷиши байниҳамдигарии аъзоёни оила сабаб шаванд. Танҳо бо оромиву ширинсуханӣ ва эҳтирому накӯкорӣ метавон ҳисси муҳаббатро зиёда гардонд.

Агар тавсияҳои мазкур барои муносибати аллакай харобгаштаи шумо ба кор намеомада бошад, пас ҳатман бо равоншиноси умури оилавӣ ё мутахассиси касбӣ машварат кунед.

– Шаҳнозаи Муродзода


Агар ҳамсарон ҳамкор бошанд

Модари коргар ва тарбияи фарзанд

Дар хона дигару дар кӯча дигар

3 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s