“Кӯдак аст!” –нагӯед! Аҳамияти муколама бо навзод

Китоб: “Тридцать миллионов слов” Развиваем мозг малыша, просто беседуя с ним.

Муаллиф: Дана Саскинд

Нашриёт: Манн, Иванов и Фербер, соли 2016

Теъдоди саҳифа: 288

Забони китоб: русӣ


Аз таваллуд то 3-солагӣ дар мағзи сари кӯдак ҳар сония аз 700 то 1000 дона робитаҳои навбанави нейронӣ ташаккул меёбанд; ҳар сония..!

Мағзи сари навзод ҳангоми таваллуд нисбат ба узвҳои дигари бадан ҳоло бапуррагӣ ташаккулёфта нест. Агар фаъолияти дил, гурда, шуш ва ғайра узвҳои дарунӣ аз рӯзи аввали таввалуд то ба рӯзи охирин ҳамоно якранг кор мекарда бошанду барои идомаи ҳаёти солими шахс адои вазифа мекунанд, мағзи сар дар давоми ҳаёт такмил ёфта, бинобар раванд, ҳодиса ва муҳит қадам ба қадам рушд мекунад. Дар дохили косахонаи тифли навзод самиме мавҷуд аст, ки барои эҳсосоти навбанав, омӣзишу таҷрибагириҳои тарутоза омода аст. Қобилияти азхудкунии чунин мағзи сар аз дарк ва омӯзиши қобилияти доҳии математикии калонсол даҳчанд афзунтар аст.

Асари табиб, ҷарроҳ ва профессори амрикоӣ Дана Саскинд бо номи “Тридцать миллионов слов” доир ба аз таваллуд то сесолагӣ аҳамияти инкишоф додани фарҳанги гуфтугӯӣ дар кӯдак аст. Ӯ қайд мекунад, ки маҳз ҳамин қисми ҳаёт дар муайян кардани муваффақият ва ташаккули шахсияти созандаву боризи кӯдак нақши ҳалкунанда мебозад. Зеро баъд аз таваллуди тифл муддати 3 соли аввали кӯдак дар мағзи сар роҳ ва робитаҳои нейронӣ ташаккул ёфта, он ба 85% икмол мерасад. Дар навбати худ чунин робитаву роҳҳои ташаккулёфтаи нейронӣ фаъолияти баъдинаи майнаи сарро муайян мекунанд. Бинобар тадқиқоти ҷарроҳ Саскинд дар ташаккули солими робита ва роҳҳои нейронӣ муколамаи волидайн ва атрофиён бо кӯдак дар се соли аввали ҳаёти ӯ инкишоф, рушд ва муваффақияти баъдинаи ӯро то охири ҳаёт муайян мекунанд. Муҳаққиқони соҳа иброз медоранд, ки фарқ миёни кӯдакони муваффақ аз номуваффақро 30 миллион калима муайян мекунад.

Дана Саскинд дар китобаш “Тридцать миллионов слов” қайд мекунад, илман исбот шудааст, ки инкишофи созандаи мағзи сар бо муҳити забонии кӯдак зич алоқаманд аст. Ӯ дар асар таҳқиқоти олим ва коршиносони зиёди соҳаро ҷамъ оварда, ба хулосае мерасад, ки теъдод ва сифати калимаву гуфторҳои шунидаи кӯдак аз таваллуд то сесолагӣ муваффақият ва комёбиҳои ояндаи ӯро дар ҷодаи илмомӯзиву маорифпарварӣ муайян мекунанд. Аз ин рӯ кӯдак бояд дар муҳити бой аз гуфтори мусбат ва имкони ғанӣ гардонидани захираи луғавӣ ба воя расад. Олимон қайд мекунанд, кӯдаке, ки дар муҳити заифи фарҳанги гуфтор  ба воя мерасад, ба монанди кӯдакест, ки аз таваллуд кар таваллуд шудааст, мебошад.

Бояд қайд кард, ки фарҳанг ва одатҳои миллии тоҷикистониён ба асос ва ҳақиқатҳои илмии “фарҳанги гуфтор” бегона нестанд. Вале  насли муосир, аниқтараш волидайни “мудерн” ба ин фарҳанг ва арзишҳои барои ташаккули фарди ҷомеа муҳим бегона ҳастанд. Китоби “Тридцать миллионов слов” барои аз нав кашф кардани арзишҳои маънавӣ-фарҳангии хеш бо истифода аз исботи далелҳои илмӣ барои ҷомеаи тоҷикстонӣ имкони самарабахшро фароҳам меоварад.

Хониши китоби “Тридцать миллионов слов” ба табибон ва мутахассисони соҳа, равоншиносон, педиатрҳо, мураббиёну кормандони муассисаҳои таълимии томактабӣ ва мактабӣ, кормандони соҳаи маориф, волидайне, ки соҳиби фарзанди аз таваллуд асамм (кар) ҳастанд ва барои ҳамаи падару модарон ва дояҳои соҳибиродаву масъулиятшинос тавсия карда мешавад. Заминаи ҷомеаи муваффақу соҳибмаданият аз тарбияи солими кӯдак оғоз меёбад.


Баъд аз 3-солагӣ аллакай дер мешавад!

Рушди равонии кӯдак: яксолагӣ

Шири модар неъмати бебаҳост!

5 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s