Ду ҳамсоя – олуча ва гелос

Дар як боғчаи хурд ду дарахт паҳлӯи ҳам қарор доштанд. Яке дарахти олуча ва дигаре гелос буд. Ин ду ҳамсоя бо ҳам меҳрубон набуданд ва доим дили ҳамдигарро ранҷур мекарданд.

Фасли баҳор, ки мерасид шохҳои ин ду дарахт бо гулҳои сафеди шукуфтаашон зеботар мешуданд. Вале баробари расидани фасли баҳор, баҳси ҳамсояҳо низ авҷ мегирифт. Ҳамин тавр баҳси ду дарахт-ҳамсоя то қарибиҳои фасли тирамоҳ идома меёфт. Олучаву гелос доим доир ба меваҳои кадомӣ беҳтару хушмаззатар аст, миёни ҳам баҳс мекарданд.

Дарахти олуча мегуфт:

– Ман майдаяки зебо ва сершираи донакдор ҳастам, аммо гелосҳои ту сиёҳи бузурганд, вале шохҳоят зиёд нозуканд.

Дарахти гелос ҳам дар посух мегуфт:

– Ман ширину пешпазак ҳастам, аммо олучаҳои ту таъмаш турш аст. Агар туро бо думчаат начинанд, зуд вайрон мешавӣ.

Онҳо тамоми рӯз бо ҳам доир ба кӣ ширинтару кӣ турштар аст, кӣ нозуктару кӣ бузургтар аст баҳс мекарданд. Солҳо мегузашт ва ин ду дарахт пиру кӯҳансол шуданд. Вале онҳо ҳанӯз ҳам бо ҳам меҳрубон набуданд. Дар яке аз рӯзҳои охири тирамоҳӣ ва омад-омади фасли зимистон шамоли шадиде мевазад. Ногаҳон яке аз шохҳои дарахти гелос ба вазиши шамол тоб наоварда, мешиканаду он аз дард нолаву фиғон мекашад. 

Дарахти олуча, ки то он рӯз ҳеҷ вақт дилаш барои дарахти гелос насӯхта буд, дарҳол дилаш нарм шуда, раҳмаш карда гуфт:

– Ҳамсояи азиз, агар дар муқобили ин боди шидид қудрати рост истодан надошта бошӣ, метавонӣ ба ман такя намоӣ. Ман канори ту ҳастам ва то ҷое тавонам, кӯмакат мекунам. Чун дар назди ману ту ба ҷуз ҳамдигар касе нест.

Дарахти гелос аз ин муҳаббат ва меҳрубонии дарахти олуча таскин ёфта, гуфт:

– Олучаҷон аз лутфи ту сипосгузорам. Мебинем, ки дӯстӣ ва меҳрубонӣ хеле зебост! Ҳайф шуд, ки мо ин чанд соли гузаштаро нисбат ба ҳамдигар сарфи кина ва бадбинӣ кардаем. 

Пасон ҳар ду тасмим гирифтанд, ки дуруштгӯиву худхоҳиро канор гузоранд ва зебоиҳои ҳамдигару дигаронро ҳам бубинанд. Минбаъд, вақте фасли баҳор фаро расад, дарахти гелос ба олуча рӯ оварда мегӯяд:

– Баҳ-баҳ! Ғарқи гулҳои хушбӯю хушрангӣ, хеле зебо шудаӣ!

Дарахти олуча ҳам ҷавоб медиҳад:

– Дӯсти нозанинам, ин зебоӣ дар вуҷуди туст, ки маро зебо мебинӣ. Ба худат назар кун, ки чӣ қадр зебо ва дилнишин шудаӣ!

Дигар ҳар он сухане, ки байни онҳо мегузашт, аз меҳрубонӣ ва ҳамдилӣ буд! Дӯстӣ ва муҳаббат ҳар нафарро бо ҳам қариб карда, оламро зебоӣ мебахшад.

– таҳияи Шаҳнозаи Муродзода


Рӯбоҳ ва Лаклак

Подоши некӣ

Чистон

2 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s