Рушди равонии кӯдак: дусолагӣ (1)

Давраи дусолагӣ замони изҳори мароқ барои шинохти ашё ва муҳит барои кӯдак аст. Дар ин синну сол ӯ аз ҳад фаъол гардида, ҳар ашё ва чизро чаппаву росто мекунад. Азбаски аллакай кӯдак болои ду пояш устувор истода метавонад, серҳаракат шуда барои шинохти муҳит тариқи ҳиссҳои берунааш ҷаҳд мекунад.

Чунин малакаи кашфкунӣ кӯдакро аз шубҳаҳо раҳо карда, ҳисси эътимод ба худро инкишоф медиҳад. Аз ин рӯ бигзор, кӯдак барои кашфи муҳит, шинохт ва рушди малакаҳои шахсияш озод бошад. Дар раванди таҷрибаомӯзӣ мушакҳои калону хурдашро фаъолона истифода мебарад: мегардад, медавад, меҷаҳад, ба боло мебарояд; бо бозичаҳояш бештар бозӣ мекунад, ба даруни лой медарояд, хокбозиву оббозӣ мекунад; ҳангоми ба гап даромадан садоҳои гуногун мебарорад, китобҳоро варақ зада бозӣ мекунад ва мехоҳад, ки барояш китоб хонед. Агар дар рафти ба ҷой овардани ин амалҳо кӯдакро озод вогузоред, барои ташаккули шахсияти мумтоз, дорои хислати хос ва пайдо кардани ҳисси эътимод ба худ замина мегузоред. Бояд қайд кард, ки сифату хислатҳои мазкур барои рушди минбаъдаи шахсияти ӯ ҳамчун фарди созанда ва комили ҷомеа кӯмак хоҳанд кард.

Баръакс, агар ҳар рафтору амали кӯдакро маҳдуд кунеду муҳити кӯдакро бо фармонҳои манфии токсикӣ “Инро нарас! Ором шин! Бисёр наҷунб! Ба он ҷо нарав!” ва ғайраву ҳоказо пур кунед, малака ва шахсияти боризи нуҳуфтаи ӯ ҳамоно дар ботинаш маҳкумшуда ва ноқис мемонанд. Чунин кӯдак дар ҳаёти минбаъдааш доим дар рӯ ба рӯи душвориҳо шикаст хӯрда, дар рӯ ба рӯи имкониятҳои рушду инкишоф ва фурсати комёб гаштан бошад ҳаросида, ҷаҳдаш коста мегардад.

Беҳтар мешавад, ки нерӯи донишомӯзӣ ва ҳисси кунҷкобии ӯро ба самти самарабхш равона карда, бинобар қарори ҳадафнок барои малакаомӯзияш мусоидат намоед. Олами шинохтаистодаи кӯдаки дусола новобаста ба мароқи ӯ аз ҳад бузург аст. Ва инсон ҳеҷ гоҳ ба пуррагӣ онро азхуд карда наметавонад. Тифл ҳаррӯз бо ҷанбаҳои навбанави муҳиташ шиносоӣ пайдо карда, мароқ ва ҳайрати ӯ боз ҳам бештар мегардад. Шинохт ва дарки олами воқеӣ аз ҳисси кунҷкобӣ сар мешавад. Аз он ки чунин ҳисси волоро дар кӯдак доим дар ҳолати қабз қарор диҳед, онро ба самти лозима равона карда, заминаи ташаккули шахсияти барҷастаи олим, ориф, мутафаккир, муҳаққиқ, мудаққиқро дар тифл ба роҳ монед.

Ба ин нозукиятҳо бояд диққат дод!

– Муҳит ва атрофи кӯдакро барои озодона амал карда тавонистанаш аз халал, монеа ва таҳлукаҳои эҳтимолӣ эмин нигоҳ доред;

– Атрофи кӯдакро бо ашё ва бозичаҳои рангоранг ва малакаҳои ӯро инкишофдиҳанда иҳота кунед;

– Кӯдакро бо равандҳои воқеии ҳаётӣ рӯ ба рӯ гузоред. Бигзор, мустақилона аз пайи ҳалли мушкилӣ ва душвориҳои мувофиқи синну солаш шавад. Дар чунин ҳолат дахолат накарда, танҳо назорат кунед;

– Вале дар баробари ин ба ҳеҷ ваҷҳ аз кӯдак ба ҷой овардани ҳаракат ва амалҳои ба синну солаш номувофиқро интизор нашавед. Агар кӯдак бо мушкилие рӯ ба рӯ шавад, ки ҳалли он барояш душвор аст, ҳатман барои рафъи он кӯмакаш кунед;

– Агар кӯдак аз ӯҳдаи ҳалли масъалаи мувофиқи синну солаш оддӣ ё мураккабе барояд, ӯро ҳатман аҳсан гуфта, мукофотонед: “Офарин!” гӯед, барояш қарсак занед ва ғ.

Агар кӯдак хӯрок намехӯрда бошад

Агар кӯдак ҳангоми хӯрокхӯрӣ ноз мекунаду хӯрок намехӯрда бошад, дилтанг нашавед. Шумо чун ҳарвақта барои кӯдак хӯроки солиму ғизобахшро омода карда, наздаш гузоред. Вале бояд қайд кард, пеш аз вақти хӯрокхӯрӣ, агар ба ӯ шириниву хӯришҳои ғайр диҳед, пас беиштиҳо буданаш муқаррарист. Вақте кӯдак гурусна мемонад, ӯ ҳатман хӯроки омодакардаатонро боиштиҳо мехӯрад. Одатан, вақте кӯдак баъд аз ду-се исрори волидайн хӯрок нахӯрад, падару модар ҳамоно дасту по хӯрда асабӣ мешаванд. Дар чунин ҳолат худро ба даст гирифта, собир бошед. Дер ё зуд кӯдаки гурусна ҳатман хӯрокашро мехӯрад.

(давом дорад)


Рушди ҷисмонии кӯдак

“Кӯдак аст!” –нагӯед! Аҳамияти муколама бо навзод

Рушди равонии кӯдак: яксолагӣ

3 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s