Рӯзе Чу Кунг аз устодаш Конфутсий суол мекунад:
– Устод, барои пойдор нигоҳ доштани давлат чӣ лозим аст?
Конфутсий чунин мегӯяд:
– Озуқавории кофӣ, силоҳи кофӣ ва эътимоди халқ!
Чу Кунг давом медиҳад:
– Агар бисёр ба танг оеду маҷбур аз баҳри ин се чиз гузаред, аввал аз кадомаш сар мекунед?
Устод посух медиҳад:
– Аввал аз баҳри силоҳ ва баъд аз баҳри озуқворӣ мегузарам.
– Чаро?
– Чунки аз давраҳои қадим то ба ин рӯз мардумон бо сабабҳои гуногун маргро чашида, ба ҳар ҳол тавонистанд пойдор бимонанд. Вале дар таърих мисоли халқеро, ки ба роҳбараш эътимод надошта, вуҷудашро идома дода бошад, пайдо кардан мумкин нест.
2 Comments Add yours