Бузургони олами маънавиёт: Бишри Ҳафӣ

Дар рӯзи сарди фасли зимистон дари яке аз ашрофони Марв – Ҳорис Абдурраҳмон тақ-тақ мешавад. Шахси омада соҳиби хонаро суроғ мекард, вале ӯро дар манзилаш пайдо карда наметавонад. Пешвозгиранда мегӯяд:

– Соҳиби хона ҳоло дар хона нест, вале фарзандаш ҳамин ҷост!

– Бишр мӣ?

– Бале, Бишр!

– Оё ӯ нафари озод аст ва ё банда (ғулом)?

– Албатта, ки нафари озод аст!

Сухани баъдии шахси омада аз саволҳояш дида аҷибтар буд:

– Дуруст мегӯӣ! Бе он ҳам нафари сарҳую озод буданш маълум аст. Зеро аз банда буданаш асаре нест!

Пешвозгиранда каме ба тааҷҷуб омада, суол мекунад:

– Бахшиш, маънии суханатонро сарфаҳм нарафтам?!

– Ту танҳо ҳамин қадарашро ба Бишр расон, ӯ худ дарк мекунад.

Вақте суханҳои мазкурро ба Бишр мерасонанд, ӯ дарҳол аз ҷояш бархеста ба сӯи дар медавад. Вале дар назди остона касеро пайдо намекунад. Он шахс ғайб зада буд. Маълум буд, ки суханони он шахс ба ҳадаф расида буданд:

– Оё он шахси омада Ҳазрати Хизр (а.с.) буд?

Аз ҳаёти сарҳуй ва холӣ аз маърифат, ки то ин дам Бишр ба сар мебурд, бо тамоми ҳастияш нафрат карда, мехост ба он буғз кунад. Вале атрофиён ва муҳити ифлоси Бишр ӯро иҷозат надоданд, ки доираи фасодро тарк кунад.

Баъд аз як муддат Бишр боз ҳам ғӯттаи айшу ишрат ва хамру фасодкорӣ мешавад. Вале ин дам Бишр аллакай Бишри қаблӣ набуд. Суханони он шахс як кунҷи ақлу дили ӯро хӯрда меистоданд. Ҳарчанд ҷисми Бишр олудаи расвоиҳо буд, вале рӯҳу равонаш аз ин ҳолат ба танг меомаданд. Ҳамин тавр як шаби боронӣ, ки гӯё осмон кафида бошаду оби само аз сатил мерехт, Бишр аз маъракаи навбатии айшу ишрат ба хонааш бармегашт. Ҳангоми қадам задан, диққаташро коғази лойолуде, ки дар роҳ хобида буд, ҷалб мекунад. Вақте ба коғаз бо диққат нигоҳ мекунад, мебинад, ки болои он “бисмиллоҳ” навишта шудааст. Дарҳол хам шуда порчаи коғазро аз замин мебарораду онро тоза карда, мебӯсаду болои сар мемонад. Бишр ба хона мерасаду коғазпораи “бисмиллоҳ” навишташударо бо гулоб муаттар карда, онро ҳамчун лавҳа ба девор меовезад.

Ҳамон шаб уламои Марв дар хобашон Бишрро мустаҳаққи ризои Худованд мебинанд. Бишр дар чунин мақоми маънавие қарор дошт, ки худи уламо он мақомро танҳо орзу мекарданду дар хаёлҳояшон ҳасрати онро мекашиданд. Фардои рӯз уламо Бишрро суроғ карда, ҳамоно дар сари дастархони айшу ишрат пайдо мекунанд. Онҳо Бишрро ба берун мебароранд. Аз ин ҳолат рангу табъи Бишр зард гашта, аз тарс мепурсад:

– Бахайр аст?

– Ба ту аз Рабби Каримамон паёме дорем!

– Медонам, ба ман ғазаб мекунад!

– Баръакс, туро бисёр ҳам дӯст медорад.

– Барои чӣ? Ҳеҷ хислати шоистае надорам, ки писандаш ояд.

– Оё ту дина шаб аз дохили лой коғазпорае ёфтӣ?

– Бале!

– Аз замин бардоштӣ?

– Бале, бардоштам!

– Бӯсида, мақомашро болои сар кардӣ?

– Бале!

– Онро хушбӯй гардонида, ҳамчун изҳори эҳтиром ба девор овехтӣ?

– Бале, овехтам!

– Худованди меҳрубон низ ба шарофати пок гардонидани номи муборакаш аз ифлосиҳо туро пок гардонид ва чӣ тавре, ки ту номи Ӯро муаттар кардӣ, Ӯ (ҷ.ҷ.) низ номи туро дар наздаш азиз гардонид.

Бишр бори охир ба майхона даромада, бо дӯстонаш хайрухуш мекунад. Ва ҳамчун нишонаи тарки лавсиёт ва оғози ҳаёти поку мубарро кафшҳояшро дар майхона кашида, ба берун пойи луч қадам мемонад. Аз он рӯз ва баъд Бишр то охири умраш пойи луч мегардад ва мардум ӯро Ҳазрати Бишри Ҳафӣ (пойи луч) меноманд.


Ҳикмат аз Бишри Ҳафӣ бишнав!

Ҳабиби Аҷамӣ

Маъруфи Кархӣ

2 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s