Оё дар ҳақиқат барои оиладор шудан омода ҳастед? (1)

Бо фарорасии фасли баҳор ҷавонони ба синну соли оиладорӣ расида ба тараддуд меафтанд. Оворагии волидайни арӯс ва домод дучанд гардида, ҷонибон аз пайи муайян кардани теъдод ва арзиши ҳадя, бӯхчаву сандуқҳо мешаванд. Зеро тобистон тӯй барпо мешаваду тамоми нозукиятҳои маъракагузаронӣ бояд риоя шуда ба ҷой оварда шаванд. Гарчанде ҷавонони навхонадор мешуда ҳангоми интихоби ҳамсар одатан ба ҷиҳатҳои моддӣ-зоҳирии ҳамдигар бештар аҳамият медиҳанд, вале баъд аз ба мурод расидан, нақши асосиро ҷиҳатҳои маънавӣ-равонии ҳамсарон мебозанд. Чунки ҳамдигарфаҳмиву оқилона рафтор намуда, ҳамдигарро эҳтиром карда ба ҳамдигар эътимод доштанро болои намуди зоҳирии зану мард ва ё дороии ҷонибайн бино кардан ғайри имкон аст. Пас пурсида мешавад: “Ҷавонон, оё шумо дар ҳақиқат барои оиладор шудан омода ҳастед?”

Чанд нафар аз ҷавонон аз худ ин суолро пурсон шудаанд? Бахусус нафароне, ки ҳоло дар арафаи оиладоршавӣ қарор доранд. Оё дар ҳақиқат барои чунин қадами тақдирсози ҳам ҳаёти фард ва ҳам ҷомеа омода ҳастед? Посухи ин суолро танҳо такя ба ҳиссҳои ҳамдигар карда додан абас аст. Зеро новобаста ба ҳама чиз “ошиқон” доим омодаанд, ки ҳар чӣ тезтар ба висоли ҳамдигар расанд. Вале хонадоршавӣ масъалаи муҳиме аст, ки то ҳаматарафа фикр карда нашавад, моҷароҷӯёна худро ба “оғӯш”-аш партофтан, қобили маслиҳат нест. Ғалат фаҳмида нашавад, мо ба ҳеҷ ваҷҳ касеро ба ваҳм гирифтор намуда, аз оиладоршавӣ бозмононданӣ нестем. Танҳо қайд мекунем, ки хонадоршавӣ танҳо бинобар эҳсосот бунёд намешавад. Дар ин миён ақлу мантиқро низ бояд ба кор бурд.

Сараввал оиладорӣ ин масъулиятшиносӣ аст. Зеро мақсад аз оиладор шудан танҳо бо ҳам пайвастани ду нафар нест. Аз он ҳам васеътар оиладоршавӣ раванди ташаккули ҳуҷайраи ҷомеа мебошад. Аз ин рӯ фаъолияти ҳуҷайраро нодида гирифта, ба он беаҳамиятӣ кардан дуруст нест. Аҳамият ва нақши як ҳуҷайраро дар организми инсон аз бемори гирифтори саратон пурсед. Бунёди оилаи солим, бунёди ҷомеаи солим аст. Оилае, ки на танҳо аз ҷиҳати моддӣ, балки аз ҷиҳати маънавӣ доро аст, метавонад ҷомеаи мукаммалро ташаккул диҳад. Оё аксари нафарони навхонадормешуда ба ин талабот ҷавобгӯ ҳастанд? Оё дар ҳақиқат онҳо соҳиби иродаи қавӣ ва ҷаҳди ҷиддие мебошанд, ки бо барпо намудани оилаи хеш, омодаанд масъулияти таъмин намудани ҳамсар ва фарзандонро ба ӯҳда гиранд?

Ҷиҳати сонии ин масъала қобили диққат аст. Оё нафарони оиладормешуда соҳиби ҳадаф ҳастанд. Зеро оиладоршавӣ ин як раванд ва саҳифаи ҷадиде дар ҳаёти шахсии онҳост. Фарди ҷомеа то он дам ҳар нақшаву орзуе дошт, танҳо барои “ман” буд. Вале баъд аз оиладоршавӣ “ман” аз байн рафта, ҷойи онро бояд “мо” гирад. Ҷавони сарҳую бепарво минбаъд бояд ба мард ё зани босалоҳияту масъулиятшинос табдил ёбад. Зану мард бояд аз худандешӣ, орзуву ҳавои шахсӣ даст кашида, барои созгории оилаашон муросо кунанд. Оё ҷавонон барои ин ҷиҳати равонии оиладорӣ омода ҳастанд?

(давом дорад)


Моҳият ва аҳамияти никоҳ

Фотиҳа ва муҳлати шиносшавии ҷуфти оиладормешуда

Фирефтаи ҳиссиёт нашавед!

6 Comments Add yours

  1. Bijo says:

    Agar baze kalimahoi duwvorfahmro kame oson mekarded boz ham xubtar mewavad chunki baze winoshoi malumoti oli nadowta dorem ki namefahmand va mo nametavonem in matnhoro ba onho tavsiya kunem. Baroi ommafahm wudanaw kamtar digar soddatar mewud.

    Like

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s