Оби хунук нӯшида хароб шавед!

Ҳаёти инсони муосирро метавон ҳаёти ғайрифаъол номид. Зеро бо сабаби дастовардҳои технологӣ ва тағйирёбии усули зист, инсон то рафт камтар ҳаракат мекунад. Ин ҳолат тадриҷан ба саломатии инсон зарар расонида, боиси равғанбандии аз ҳад зиёди бадан мегардад. Дар Тоҷикистон бештар занони хонашин ва мардони бе меъёр хӯранда ба ин мушкилот гирифтор мешаванд.

Барои он ки аз ин нобасомонӣ раҳо гардид, табибон ва диетологҳо машғул шудан бо тамринҳои сабуки мунтазам тавсияи мекунанд. Имрӯз миёни шаҳрвандон, бахусус ҷавонон муд шудааст, ки тариқи машқҳои ҷисмонии вазнин бадани худро обу тоб диҳанд. Вале на ҳар нафар ба чунин машғулият тоб оварда метавонанд. Аз ин рӯ дар баробари тамринҳои сабук занони хонашин ва нафарони камҳаракат дар як шабонарӯз ҳатман на кам аз 2 литр оби тозаи хунук истеъмол намоянд.

Истеъмоли мунтазамонаи оби нӯшокии хунук майл ба хӯришҳои навъи “фастфуд” ва нӯшокиҳои зарарноки газнокро коҳиш медиҳад. Ба ҳамагон маълум аст, ки чунин хӯриш ва нӯшокиҳои зарарнок боиси равғнбандӣ дар бадан мегарданд. Ҳамин тавр оби хунук майли истеъмоли онҳоро коҳиш дода, организмро сиҳҳату саломат нигоҳ медорад. Ҳамчунин нӯшидани оби хунук боиси хориҷ шудани моддаҳои токсикӣ аз бадан мегардад.

Нӯшидани об иштиҳои барзиёдро коҳиш медиҳад

Соли 2015 маҷаллаи Obesity натиҷаи тадқиқотеро нашр кард, ки бинобар он, агар кас тӯли 12 ҳафта мунтазам ним соат пеш аз тановули хӯрок як истакон об нӯшад, 1,5 кг зиёдтар вазн мепартояд. Зеро дар таркиби об низ моддаҳои ғизоие мавҷуданд, ки талаботи гуруснагии баданро коҳиш дода, боиси бинобар меъёр тановул кардани хӯрок мешаванд. Дар натиҷа инсон бо хӯроки андак сер шуда, аз пурхӯрӣ даст мекашад.

Об мубодилаи моддаҳоро  дар бадан метезонад

Олимони олмонӣ муайян кардаанд, ки нӯшидани 2 истакон оби ҳарорати хонагӣ дошта, метавонад дар муддати ним соат то 30% мубодилаи моддаҳоро дар бадан (метаболизм) битезонад.

Об калорияро месӯзонад

Бинобар тадқиқоте, ки маҷаллаи Journal of Clinical Endocrinology and Metabolism” нашр кардааст, истеъмоли мунтазами оби хунук метавонад то 490 калорияро дар як ҳафта бисӯзонад. Барои то гармии мувофиқ расонидани 1 истакони оби хунуки нӯшидашуда, организм 7 калория сарф мекардааст. Агар рӯзона 10 истакон оби хунук бинӯшед, организм тайи як ҳафта бештар аз 500 калорияро месӯзонад.

– таҳияи Достиев Неъмат


Нӯшидани оби тоза бӯи даҳонро бартараф мекунад

Об нӯшида сиҳат ёбед!

Агар тамоми рӯз танҳо об нӯшед

4 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s