Рушди равонии кӯдак: дусолагӣ (2)

Агар кӯдак ҳама ҷойро зеру рӯ мекарда бошад

Азбаски дар ин сунну сол кӯдак ба ҳар ашёву чиз мароқ зоҳир мекунад, ӯ мехоҳад онро бо ламс кардан шиносад. Аз ин рӯ аксар вақт дар раванди чунин шиносоӣ пайдо кардан, ӯ атрофро тит мекунад. Дар чунин ҳолат муҳим ин аст, ки барои озодона рафтор намуда бозӣ кардани кӯдак муҳит ва атрофро бехатар гардонид. Агар ашёву чизҳои барои кӯдак хатарнокро аз масофаи дастрасияш дур гузорем, ҳар дам хавотир шуда аз пасаш овора намешавем, ки мабодо кӯдак зарар набинад. Волидайни оқил тадбирҳои лозимаро гирифта, барои беҳбуд ва рушди солими фарзанд чораҷӯӣ мекунанд.

Агар дигаронро мегазида бошад

Агар кӯдак каси дигарро газад, аз дасташ гирифта бо лаҳни шадид огоҳ кунед: “Газидан мумкин нест!” Ӯ ҳатман пас аз чунин огоҳӣ одати мазкурро батадриҷ мепартояд.

Агар дар вақташ хоб намекарда бошад

Ҳар гоҳе вақти хобравӣ расад, волидайн ба танг меоянд. Зеро барои аксар падару модар дар вақташ хобонидани кӯдак азоб аст. Барои одати дар вақташ хоб карданро тарбия додан, сараввал волидайн одатҳои худро бояд аз назар гузаронанд. Дуруст аст, ки барои кӯдак аз назди телевизори ранга хеставу ба ҳуҷраи торик ва рахти хоби холӣ аз ҷолибият рафтан, душвор аст. Хуб мешуд, ки дар баробари кӯдак волидайн низ телевизорро хомӯш карда, ба назди фарзанд раванду барояш афсона нақл кунанд ва ё ҳикояеро аз китоб хонанд. Ҳатто табибон қайд мекунанд, ки пеш аз ду соат хоб кардани кӯдак, ӯро ба пуррагӣ аз телевизор ва ҷиҳозҳои электронӣ дур кунед.

Азбаски кӯдак то беҳол гашта дар ҷойи бозӣ ё ҷойи нишасташ афтида хобаш набарад, ӯ ба ҳеҷ ваҷҳ қабул намекунад, ки вақти хоб карданаш омада расидааст. Яке аз роҳҳои дигари хобонидан ӯро пеш аз хоб кардан ба ҳаммом дароварда оббозӣ дорондан аст. Бигзор, дар ҳаммом ҳамроҳи бозича ва об чӣ қадаре хоҳад, бозӣ карда нишинад. Вале ба ҳеҷ ваҷҳ ӯро дар он ҷо танҳо нагузоред. Ҳамин тавр об ӯро каме монда карда, барои роҳат хоб карданаш мусоидат мекунад.

Баъд аз ҳаммом дар рахташ хобонида, ҳатман афсона ё ҳикояе нақл кунеду болояшро нағз пӯшида бӯседу “Шаби хуш!” гӯед.

Агар одоби бо дигарон тақсим карданро наомӯхта бошад

Кӯдаки дусола аҳамияти дар навбат истодан ва бо дигарон чизеро тақсим карданро ҳоло намедонад. Бо дигар кӯдакон ҳам соз гирифта, ҳамроҳашон бозӣ намекунад. Ӯ танҳо баъд аз сесолагӣ одоби мазкурро омӯхта, ҳамроҳи дигарон бозӣ хоҳад кард. Аз ин рӯ доир ба ин масъала аз болои ӯ фишор наоред. Вақташ расад, ҳамаро меомӯзад.

Агар барои мустақилона пӯшидани либосаш исрор мекарда бошад

Маълум аст, ки либоси кӯдакро мо тезтару дурусттар мепӯшонем. Ва дар назари ӯ чунин ҳолат саҳл вонамуд мегардад. Бинобар ин баъзан кӯдак барои мустақилона либос пӯшидан исрор мекунад. Бигзор, агар вақт мусоид бошда, кӯдак либосашро азоб кашида ҳам бошад, мустақилона либосашро пӯшад. Чунин амал моторикаи ӯро фаъол гардонида, барои рушди босуръат мусоидат мекунад. Вагарна кӯдак танбал калон шуда, дар оянда ба анҷом расонидани амалҳои оддиро низ ба ӯҳда намегирад.


Рушди равонии кӯдак: дусолагӣ (1)

Кӯдакро чӣ гуна аз сигоркашӣ ҳифз намоем?

Кӯдак ва гиреҳбандии пойафзол

One Comment Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s