Графен – аз пӯлод қавитар, аз пари мурғ сабуктар

Эҳтимоли зиёд ҳоло аксари сокинони Тоҷикистон аз хусусиятҳои моддаи графен хабар надоранд, вале он батадриҷ соҳаҳои гуногуни ҳаётамонро фаро мегирад. Бояд қайд кард, ки хусусияти графен дар баробари аз пӯлод қавитару сахттар будан, аз пари мурғ сабуктару аз резин мулоимтар аст. Дар асл моддаи графен аз моддаи дигаре, ки ба ҳамаи мо шиноса аст – графит, ба даст оварда мешавад. Графитро дар дохили қалами оддӣ пайдо кардан мумкин аст. Графен бо усули махсуси қабат болои қабат мондани графит истеҳсол карда мешавад. Шакли кафкмонанди графен аз вазни худ бардошти вазни чил маротиба зиёдтарро дорад. Аввалин бор чунин хусусиятҳои графенро ду олими рус шаҳрвандони Ҳолландия ва Англия – Андре Гейм ва Константин Новосёлов кашф кардаанд. Барои чунин саҳми арзанда дар ҷодаи илм онҳо соли 2010 бо “Ҷоизаи Нобел” мукофотонида шуданд.

grafen-nobel.jpg

Кафке, ки аз графен ба даст оварда мешавад, қудрати бардошти зарбаи як тоннаиро дар масоҳати як сантиметри мураббаъ дорад. Ин нимноқил ҳамчунин хусусияти аз масоҳати муқаррарияш то ба панҷ маротиба хурд гашта, боз ба шакли қаблӣ баргаштанро дорад. Ва бояд қайд кард, агар ин амал сад маротиба такрор шавад ҳам, графен аз сифат ва хусусиятҳои ибтидоияш чизе гум намекунад.

graph_flameБинобар хусусиятҳои термофурӯбарӣ (гармиро бо осонӣ ба худ фурӯ мебарад) графенро дар соҳаи ҳарбӣ барои коҳиш додани зарбаи тӯпу рокетаҳо, барои ҳимояи техникаи ҳарбӣ ва худи аскарон аз зарба ва зиёнҳои силоҳӣ истифода бурда мешавад. Ҳамчунин интизор аст зубдаи микросхемаҳои компютерӣ ва ҷиҳозҳои мобилиро, ки ҳоло барои истеҳсоли онҳо моддаи кремен ба кор бурда мешавад, бо графен иваз намуда, суръати коркунии онҳоро даҳчанд маротиба зиёдтар кард.

Компютерҳои баландсуръат ва телефонҳои дарозмуддат

graph_processorМутахассисони ширкати IBM соли 2011 муваффақ шуданд, ки аввалин транзисторро аз графен ихтироъ намоянд. Ҳамин тавр онҳо қайд карданд, ки солҳои наздик имкони ба роҳ мондани истеҳсоли супер-компютерҳо мумкин аст. Ширкати Samsung бошад, такя ба таҳқиқоти охираш иброз дошт, ки бо истифода аз графен дарозумрии батареяҳои ҷиҳозҳои мобилиро ду маротиба зиёд кардан мумкин аст.

Телефонҳои ёзандаи дарозумр ва соҳаи тиб

graph_samsungАкнун телефонҳои ёзандае, ки рӯзҳои дароз яз як қувва додан кор мекунанда, моли филмҳои фантастикӣ намешаванд. Солҳои наздик ҳамагон соҳиби чунин ҷиҳозҳо гардида метавонанд.

Гузашта аз ин, азбаски хусусияти графен дар натиҷаи тамос бо моеъҳои организми инсон тағйир намеёбад ва ҷисмро зарар намерасонад, табибон ва муҳаққиқони соҳа умеди зиёд мебанданд, ки якқатро мушкилоти ҷарроҳӣ ҳалли худро пайдо хоҳанд кард. Гӯшу чашмони бионикӣ, сифати беҳтари протезҳои бионикӣ низ бо васеъ гардонидан ва инкишоф додани имкониятҳои моддаи графен имконпазир хоҳад буд.

Қариб, ки талафоти энергетикӣ вуҷуд надорад

graph_structure

Бинобар шакли молекулии шашкунҷаи графен, он аз мис дида энергияро муассиратар ве бе талафот интиқол медиҳад. Яке аз хусусиятҳои дигари графен устувор ва қавӣ будани он аст. Аз ин рӯ энергияро дар шакли мукаммал ҳифз карда интиқол дода метавонад. Ҳамчунин олимон қайд мекунанд, ки агар графенро бо моддаи пластикӣ бо меъёри як ба сад омезиш диҳед, пластик низ ҳамчун ноқили энергия хизмат карда метавонад. Бояд қайд кард, ки графен дар табиати худ метали комил набуда, навъи карбон, яъне нимноқил аст. Аз ин рӯ барқро варотар аз миқёси метал ҳам интиқол дода метавонад.

18 кишвари ҷаҳон доир ба хусусиятҳои графен таҳқиқот мебаранд

graph_monitor

Вақте соли 2010 хусусият ва бартариятҳои графен ба оламиён муаррифӣ шуд, донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон доир ба ин модда таҳқиқоти хешро суръат бахшиданд. Ҳатто дар бунияи Донишгоҳи Манчестери Англия (NGI), ки яке аз кошифони ин модда дар он ҷо кору фаъолият мекунад, Институти графен бунёд мегардад.

Графенро дар кадом соҳаҳо истифода кардан мумкин аст?

graph_lightҲоло мутахассисон қайд мекунанд, ки графен самти ояндаи рушди соҳаҳои тиб, технология, кайҳонавардӣ, био-технология ва соҳаҳои дигари ҳаётиро муайян хоҳад кард. Азбаски барои арзонтар гардонидани истеҳсоли графен ҳоло кору фаъолиятҳои зиёд бурда мешаванд, истифодаи он ба ҳамагон дастрас нест. Вале солҳои наздик ин мушкилӣ низ ҳалли худро пайдо хоҳад кард. Ногутфа намонад, ки графен аз пӯлод 300 маротиба қавитар буда, сохтори дубуъдаро доро аст.

Ҳамчунин дигар хусусиятҳои муфиди моддаи графен чунинанд:

– Зиреҳро сабук, тунук ва барои ҳаракат моилтар мегардонад;

– Оби шӯрро ба оби ошомиданӣ табдил медиҳад;

– Телефонҳои ёзанда;

– Батареяҳои зудқуввагиру дарозумр;

– Тайёраҳои сабуктар, боқуваттар ва бехатар;

graph_mater– Либосу пӯшокаи об намегузаронда;

– Ҷиҳозҳои био-сенсории хурд;

– Муҳитро аз таъсири партовҳои радиоактивӣ муассиртар пок мегардонад;

– Барқароркунии бофтаҳо;


Бунёди деҳаи “пластикӣ”

Ҳадаф ҳамчун нерӯест, ки касро зинда нигоҳ медорад!

Арифметикаи зеҳнӣ

4 Comments Add yours

  1. Abdurahmon says:

    Салом. Чумлаи аввали маколаро иваз мекарден хуб мешуд. Мо мардуми точик хабар дорем, лекин имкониятхои тачрибагузаронии мо махдуданд дар сохаи нанотехнология.

    Like

  2. Abdurahmon says:

    Нимметал нею нимнокил мегуянд дар точики.

    Like

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s