Оё дар ҳақиқат барои оиладор шудан омода ҳастед? (2)

Солисан, ҳам зан ва ҳам мард баъд аз оиладор шудан ба ӯҳдаи худ як қатор вазифаҳоро мегиранд. Мард рӯзгори аҳли хонаводаро таъмин намуда, мувозинати ҳиссу мантиқро барпо мекунад. Дар ӯҳдаи зан бошад одатан масъули умури хонаводагӣ ва ба миён овардани фазои ҳузуру муҳаббат аст. Агар пеш аз оиладоршавӣ ҷавонон умқи нозукияти ин масъаларо фикр накарда бо ҳам пайванданд, эҳтимол, будубоши чунин хонавода дер давом намеёбад. Бори дигар қайд мекунем, ки оиладорӣ танҳо дар заминаи эҳсосот барпо намешавад. Ва зери мушкилиҳои хонаводагӣ робитаи байни ҳам метавонад аз байн равад.

Робиан, ҳангоми интихоби ҳамсар барои худ танҳо шавҳар ва ё хонум интихоб накунед. Дар баробари қаду басти зебо ва чашму абрӯи ҷозиб падар ва модари фарзандонатонро ҳам дида тавонед. Оё нафаре, ки бо ӯ оиладор мешавед, дар ҳақиқат падар ва ё модари намунавӣ барои фарзандонатон шуда метавонад?

Бинобар омори расмӣ дар Тоҷикистон ҳамасола аз ҳар даҳ оилаи барпошуда, як ё дутояш пош мехӯранд. Вале ин маънои онро надорад, ки боқимонда ҳашт ё нӯҳ оилаи дигар хушбахтона ва байни ҳам муросо намуда ба сар мебаранд. Дар баробари ин оилаҳои зиёде ҳам ҳастанд, ки зану шавҳар ба таври расмӣ оиладоранд, вале замони тӯлонӣ боз зери шифти як хона зиста, ба ҳамдигар бепарвоянд ва ё ба рӯяшон ниқоби сохтаи муҳаббатро кашида, ҳамдигарро бо дигар зану мард фиреб медиҳанд. Агар вазъи чунин оилаҳоро ба назар гирему ба он тайи чанд соли охир бинобар мушкилиҳои хонаводагӣ худкушии ҳамсаронро ҳам илова намоем, маълум мегардад, ки танҳо бо оморҳои расмӣ вазъи хонаводагиро беҳ гардонида намешавад. Дар ин самт, агар сохторҳои дахлдор дар ҳақиқат барои беҳгардии вазъ талош меварзида бошанд, бояд қадамҳои ҷиддӣ, шуурнок ва созанда гузошта шаванд.

Барои баланд бардоштани шуури оиладорӣ дар ҷавонон хуб мешуд, ки зери бунияи Кумитаи кор бо занон ва бо ҳамкории Кумитаи оид ба корҳои дин, Вазорати тандурустӣ, Вазорати маориф ва илм, Вазорати корҳои дохилӣ ва сохторҳои дигари марбута барои навхонадор мешудагон курсҳои махсуси оиладорӣ ба таври ихтиёрӣ ташкил карда шаванд. Дар рафти он курсҳо ба арӯсу домодшаванда доир ба нозукият ва масъулияти бунёди чунин институти муҳими сотсиологии ҷомеа равоншиносони оилавӣ ва мутахассисони соҳаҳои ғайр дарсҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронанд. Ва дар охир ба хатмкунандагони курсҳои мазкур шаҳодатнома супорида шавад. Ҳамин тавр ҷавонон нисбат ба аҳамият ва ҷиддияти нияташон диққат дода, оиладориро ҳамчун раванди навбатии моҷароҷӯӣ дар ҳаёти хеш намепазиранд.

– Садбарги Ҳаким


Равшанфикрии кӯдак аз модар аст

Шавҳари камгап ё бонуи сергап

Дарозумрӣ ва хушбахтии волидайнро мехоҳед?

Оё дар ҳақиқат барои оиладор шудан омода ҳастед? (1)

2 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s