Дарди дандон шояд барои кас нофорамтарин ҳиссиёте бошад. Мушкили асосӣ ин аст, ки “ташриф”-и онро наметавон қаблан тахмин кард. Дар сурати ногаҳон пайдо шудани дарди дандон, метавонед ба воситаи 6 чораи таъсирбахш аз воситаҳои дар зери даст мавҷуда, шиддати дардро таскин бахшид. Вале дар баробари ин дар фурсати кӯтоҳтарин ҳатман ба назди дандонпизишк равед.
Чойи пудинагӣ
Чойи пудинагӣ аз қадим ҳамчун давои таскинбахши сареъ ва муассир маълум аст. Баъд аз тайёр шудани чой ковокии даҳонро бо он мазмаза кунед. Дар баробари ин дурдаи пасмондаи чойро миёни дандон ва рухсора барои чанд дақиқа гузоред. Ҳамчунин метавонед пахтаро дар қиёми чой тар карда ба дандон бимолед.
Равғани мехчагул
Равғани мехчагул дорои хосияти зиддибактерявӣ ва таскинбахш буда, барои дарди дандон давои фоидабхш аст. Он илтиҳобро коҳиш дода, ҳамчун антиоксидант хизмат мекунад.
– Пахтаро ба равғани мехчагул тар карда бо эҳтиёт дандонро молиш диҳед. Таъсири он дарҳол ҳис карда мешавад. Табибон тавсия медиҳанд, то ки ин амалро дар як рӯз 3 маротиба ба ҷой оред;
– Дар ним истакон об 2–3 қатра равғани мехчагулро илова карда, бо ҳам омезиш диҳед. Бо махлути омодашуда муддати 30 сония даҳонро мазмаза кунед;
Намакоб
Бо намакоби гарм обгардон кардани даҳон яке аз чораҳои муассир барои таскин додани дарди дандон дониста мешавад. Намак вирус ва бактерияҳои беморизоро, ки асабҳои дандон аз он нороҳат мешаванд, нобуд мекунад. Илова ба ин дандонпизишкон ҷиҳати пешгирии чунин ҳолатҳои нохуш тавсия медиҳанд, ки баъди тановули ғизо, ҳатман даҳон бо намакоб мазмаза карда шавад.
Ванилин
Болои дандони дардманд якчанд кристали ванилинро гузоред. Чунин амал дар муддати кӯтоҳ дардро коҳиш хоҳад дод. Ванилин барои рафъи варами милк низ муассир аст.
Ях
Барои таскин бахшидани дарди дандон яхро болои қисмати V-шакли панҷаи даст молиш диҳед (ба сурат нигаред). Ҳангоми ба ҷой овардани ин амал, каме болои ҳамон маҳал муддати 5-7 дақиқа фишор оварда бо ях молиш диҳед. Ҳамин тавр ба хатти асабҳо таъсир расонида, дард батадриҷ таскин меёбад.
Равғани дарахти чой
Пахтаро ба равғани дарахти чой тар карда, ба маҳалли дард гузоред. Ҳамчунин метавонед дар як истакон об якчанд қатра равғани дарахти чойро илова карда, ҳар чӣ муддати бештар даҳонро мазмаза карда дар даҳон нигоҳ доред. Вале ба ҳеҷ ваҷҳ онро фурӯ набаред.
Саломат бошед!
– таҳияи Достиев Неъмат
3 Comments Add yours