Рушди равонии кӯдак: сесолагӣ

Дар ин синну сол кӯдак аллакай мустақилона давидаву ҷаҳида мегардад. Ӯ як навъ “ман акнун калон шудааму ҳоҷат ба нигоҳубини модар надорам” гуфта, эълон мекунад. Аз ин рӯ барои исботи ин иддаояш баръакси ҳар гапу рафторро ба ҷой меорад. Хулас, ӯ гапнодарову саркаш мешавад.

Синну соли мазкур ҳамчунин овони бемувозинатӣ аст. Кӯдак миёни хоҳишҳояш калавида меистаду худ намедонад, ки чӣ мехоҳад. Ҳарчанд кӯдак дар ин овон дар назари волидайн муваққатан хираву шум менамояд, вале бо сабаби боз ҳам зиёд гардидани иштиҳои донишомӯзӣ, дилкушодиву соддагӣ, тахайюлу ҷаҳди инкишофи малакаҳои шахсӣ ва васеъ гардонидани ҷаҳонбинияш боз ҳам барои падару модар ширину дилписанд аст.

Дар ин синну сол бо ҳар гуфтаи кӯдак розӣ шудан ва ҳам нисбат ба ҳар талаботу хоҳишаш муқовимат карда зиддият нишон додан ғалат аст. Оқибати ҳолати аввал эрка ва гапнодаро гардидан ва дар ҳолати сонӣ боиси дилсахту асабӣ ба воя расидани кӯдак мешавад. Вижагии ин овон дар кӯдак авҷ гирифтани майли шинохти атрофиёну олам аст. Аз ин рӯ доим савол мепурсад ва то ҷавоби саволашро пайдо накунад, ором намешавад. Ҳарчанд волидайн гумон мекунанд, ки ҳоло кӯдак аст ва саволҳояшро сарфи назар мекунанд, вале кӯдак бо камоли ҷиддият интизори посух мешавад. Ва ҳар вақте ҷавоби муносибашро мегирад, онро дар як кунҷи ақлаш сабт мекунад. Бинобар ин ҳангоми ба саволҳои кӯдак посух додан, волидайн “ҳавоӣ” гап назананд.

Барои сиҳҳату саломат, хурсанду боҳузур ба воя расидани кӯдак, бояд дар оила муҳити лозима муҳайё гардад. Кӯдак бояд ҳис кунад, ки ӯро дӯст медоранду барои афроди оила азиз аст. Ҳамчунин дар ин раванд нозукияти мауҳайё гардидани муҳити дӯсту рафиқони ӯ бояд ба инобат гирифта шавад. Ҳамин тавр ҷиҳати иҷтимоигардии кӯдак ҳамчун фарди ҷомеа инкишоф ёфта, ӯ хислатҳои мақбулро ҳамчун бо касе тақсим кардан, саховатманд будан, ба касе кӯмак расонидан, муросо карданро касб мекунад.

Ҳамчунин ӯро бо муҳити муносиби калонсолон низ шинос намоед. Зеро дар баробари рафтор дар муҳити ҳамсолонаш, ӯ бояд одоби муошират бо калонсолонро омӯзад. Вале дарси аввалро бояд дар мисоли рафтори волидайн омӯзад.

Агар саркашу гапнодаро бошад

Мушкили саркашу гапнодаро будани кӯдак ба инкишофи эҳсосотии ӯ вобаста аст. Бахусус, агар муҳити озода рафторкунии кӯдакони аз синни 2 то 4-соларо, ки онҳо худро аллакай калонсол ва дар рафтор мустақил гумон мекунанд, маҳдуд кунед, чунин дахолати беҷо ӯро саркашу гапнодаро мекунад. Ин вазъиятро ҳамчун муқаррарӣ қабул кунеду асабӣ нашавед. Волидайн дар чунин ҳолат бояд оқилона рафтор намуда, сабрро пеша кунанд. Аз ин рӯ:

– Ҳамчун волидайн беадабона рафтор намуда, барои фарзандон намунаи амалу гуфтори ношоиста нашавем;

– Хоҳишҳои аввалиндараҷаи кӯдак сари вақт ба ҷой оварда шаванд. Нисбати ҳаракатҳояш дағалона рафтор накунем. Барои рушди солими равониву ҷисмонияш муҳити лозимаро фароҳам оварем;

– Аз амалу рафторҳои фишороваранда, бемеъёр ва ҳаракатҳои бепарвоёна худдорӣ намоем;

– Иҷозат надиҳед, ки кӯдак саркашӣ карда, ҳар чӣ талаб мекунад, ба даст орад. Баръакс, ҳар вақте саркашӣ намекунад, хоҳишҳояшро ба ҷой оварда, ҳамин тавр ӯро мукофотонед. Кӯдак чунин ҳолатро пай бурда, орому боэътидол рафтор карданро писандад.

– Ҳангоми муайян намудани қоидаву меъёрҳои рафтору гуфтор барои кӯдак, мувозинатро риоя намоед. Аз ҳад зиёд сахтгир ва ё бепарво набошед.


Рушди ҷисмонии кӯдак

Рушди равонии кӯдак: дусолагӣ

Рушди равонии кӯдак: яксолагӣ

2 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s