Агар аз бинии кӯдак хун равад

Хунравӣ аз бинӣ ба таври куллӣ нигаронкунанда аст. Хоса, вақте хунравӣ аз бинии кӯдак аст, дар чеҳраи волидайн тарсу ваҳм пайдо мешавад. Пас дар ин ҳолат волидайн чӣ бояд кунанд? Агар аз бинии кӯдаки шумо зуд-зуд хун меомада бошад, ин матлабро то охир мутолиа намоед.

Сараввал ором бошед!

Аввалин иқдоме, ки волидайн дар сурати мушоҳидаи хунравӣ аз бинии фарзандашон бояд анҷом диҳанд, оромии худро ҳифз карда, набояд ба ваҳм гирифтор шаванд. Зеро ҳолати беқарорӣ ва изтироби волидайн тарси бемавридро дар вуҷуди кӯдак бедор мекунад. Маҳз ҳамон тарсу ҳарос метавонад дар оянда (дар ҳолати такрори хунравӣ аз бинӣ) кӯдакро аз талаби кӯмаки муҳит боз дорад. Ваҳми волидайн дар вуҷуди кӯдак тарси бештарро ба миён оварда, эҳтимол ба ҳолати рӯҳӣ-равонии ӯ зарар расонад.

Вақте дидед, ки аз бинии фарзандатон хун ҷорӣ мешавад, ӯро тасалло диҳед ва кӯшиш кунед зиёд ҳаракат накунад ё гап назанад. Дар канораш нишинед, то андаке ба шумо такя намояд ва саъй кунед бо як рӯймолча, коғази тоза ё пахта бинии кӯдакро аз ҷое, ки устухон нест ба муддати 10 дақиқа бо дасти худ доред. Ва ё ба бистар хобнида, нимаи болои танашро каме баланд карда, ба бинӣ дока ё пахта дароварда кӯшиш намоед, ки хунравӣ қатъ гардад. Дар ин муддат ҳушу ёди кӯдактонро ба самте ҷалб намоед. Масалан, барояш қисса гӯед ва ё ба тамошои мултфилме даъват кунед. Вале ба ҳеҷ ваҷҳ сари кӯдакро ба ақиб напартоед. Хун ба ақиб рафта ӯро гулӯгиру нафасгир карданаш мумкин аст. Ё хун ба роҳи нафасгирӣ шорида, дохили меъда мешаваду вазъи кӯдакро бадтар карда, боиси дилбеҳузурияш мегардонад.

Бо гузашти 10 дақиқа метавонед дастатонро аз бинии кӯдак гиред. Агар хунравӣ катъ нашавад, бори дигар бинии кӯдакро аз ҳамон қисмате, ки дошта будед, ба муддати 10 дақиқа нигоҳ доред. Баъд аз гузашти 10 дақиқа, ки ҷамъ 20 дақиқа мешавад, бояд хунравӣ қатъ шавад. Баъди манъи хунравӣ бояд як муддат дароз кашида хобад, аз ҳаракатҳои тез худдорӣ кунад, бинӣ наафшонад, хӯроки гарм нахӯрад.

Чаро кӯдак дучори хунравии бинӣ мешавад?

Аз бинӣ замоне хун ҷорӣ мешавад, ки ба рагҳои хурди дохили сатҳи бинӣ осебе мерасад: зарба ба бинӣ, атсаи сахт кардан ҳангом сармохурӣ, ангушт ба дохили бинӣ бурдан ва амсоли ин. Мавридҳои ногаҳонии хунравӣ аз бинӣ мумкин аст шадид бошад, аммо маъмулан миқдори хеле ками хун аз он берун мешавад. Агар хунравӣ қатъ нагардад ҳатман ба духтури кӯдакона тамос бигиред ё дар сурати дастрасӣ надоштан ба табиб, ба наздиктарин беморхона муроҷиат кунед.

– Шаҳнозаи Муродзода


Кӯдакро чӣ гуна аз сигоркашӣ ҳифз намоем?

Чӣ тавр бе дору дарди дандонро таскин бахшидан мумкин аст?

Пешобро дошта натавонистани кӯдак

One Comment Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s