Моҳи феврали соли 1978 ҳангоми парвоз ба самти Югославия-Австралия дар дохили ҳавопаймо Мария Тодев ном зане кӯдакашро таваллуд мекунад. Чунин ҳодиса дар таърихи ҳавопаймоӣ ҳамчун аввалин ба қайд гирифта мешавад.
Ҳангмони таваллуд кардани фарзанди аввалин Мария Тодеви македониягӣ 18-сола буд. Ӯ аз шаҳри Белград ба самти Сидней ба назди ҳамсараш парвоз мекунад. Қабл аз ду соати фуруд Марияро дарди таваллудкунӣ фаро мегирад. Ӯ кӯдакашро бо кӯмаки ҳайати ҳавопаймо ва мусофирони дигар сиҳҳат таваллуд мекунад. Аз ин рӯ модар ба шарофати Ширкати ҳавопаймоии “JAT” (ҳоло “AirSerbia”) номи тифлро Йатко (Jatko) ном мегузорад.
Ҷиҳати ҷолиби ҳодисаи мазкур ин аст, ки ширкати ҳавопаймоӣ ба Йатко ҳаққи анҷом додани сафарҳои ҳавоии беҳудудро медиаҳд. Йатко метавонад тариқи ҳавопаймоҳои ин ширкат ба кадом кишваре хоҳад сафар намояд. Вале аз ин аҷибтар, ки ҳоло Йаткои 39-сола дар Австралия ба сар мебараду боре ҳам аз чунин ҳаққаш истифода накардааст.
Вақте ҳусни хат ва тасвир ҳамроҳ мешаванд