Рушди равонии кӯдак: аз чор то шашсолагӣ

Малака ва маҳорате, ки кӯдак дар ин овон касб мекунад, заминаи шахсияти ояндаи ӯро ташаккул медиҳад. Дар ин синну сол бинобар майлҳо низоми идораву иродаи кӯдак инкишоф меёбанд. Бо ҳамсолону дӯстонаш одоби тақсим карда тавонистан ва изҳору пинҳон кардани ҳисҳояшро меомӯзад. Аллакай ҷинсияташро дарк мекунад. Кӯдак оромтару босалобаттар рафтор мекунад, аз ин рӯ раванди иҷтимоигардӣ афзоиш меёбад.

Барои аксар волидайн ин овон нисбат ба давраи сесолагии кӯдак ҳамчун даврони ҳузуру оромӣ дониста мешавад. Вале ин маънои онро надорад, ки ба таълим ва тарбияи минбаъдаи кӯдак метавон аҳамияти камтар дод. Маҳз дар ҳамин синну сол кӯдак оидияти худро ба атрофиён ҳис карда, диққат ва дилбардориро талаб мекунад. Зеро аз лиҳози ҳиссиву зеҳнӣ аз пеш дида бештар дар ҳолати рушд кардан аст. Нисбат ба эҳсос ва ҳолати равонии атрофиён ҳассос мегардад. Агар касеро ҳазин ва ғамгин бинад, ӯро дилбардорӣ намуда таваҷҷӯҳ зоҳир мекунад.

Рафтор ва гуфтори минбаъдаи кӯдак оқилона шуда, барои ҳамбастагӣ доим омода мегардад. Робита бо дӯстонаш қавитар гашта, онҳо барояш аҳамияти бештар пайдо мекунанд. Дар кӯдак ҳолатҳои асабишавӣ ва қаҳру ғазаби бемаврид камтар дида мешавад. Акнун ӯ дар пайи шинохти худ аст ва аз вуҷуд доштанаш атрофиёнро огоҳ мекунад.

Диққат, хатари телевизор!

Тамошои бемеъёри телевизор дар кӯдакони аз синни 5 то 6-солагӣ боиси вайрон шудани раванди хоби солим мегардад. Аз ин рӯ онҳо шабона зуд-зуд нороҳат шуда, тарсида ё хавотир шуда аз хоб бедор мешаванд. Хоби кӯдак ҳар пагоҳӣ “хом” монда, тамоми рӯз ба рушди рӯҳӣ-равонии ӯ таъсири манфӣ мерасонад. Соати тамошои телевизор, компютер ва ё бозӣ бо ҷиҳозҳои мобилиро бояд маҳдуд кард. Бахусус пеш аз ду соати вақти хоби кӯдак, ӯро аз ҳар гуна ҷиҳозҳои электронӣ дур нигоҳ доред.

Нозукиятҳои муҳими ин синну сол

– Кӯдакро барои мустақилона ба ҷой овардани як қатор амалҳои рӯзмарра ташвиқ намоед: либоспӯшӣ, шустушӯ кардан ва аҳамияти тозагӣ, одоби риояи тозагӣ дар ҳоҷатхона ва ҳаммом, хӯрок хӯрдан;

– Кӯдакро барои кӯмак расонидан дар машғулият ва корҳои хонаводагӣ ташвиқ намоед: пиёлаи чойхӯрдаашро мустақилона шӯяд, барои тозагӣ ва ба низом даровардани хона ба волидайн кӯмак расонад;

– Ҳар вақте кӯдак амалу рафторҳои ношоиста ва беадабонаро ба ҷой меорад, бо имову ишора, лафзи муносиб ва огоҳии мувофиқ волидайн норозӣ буданашонро изҳор намоянд;

– Ҳар вақте кӯдак амалу рафтори мусбат ва мувофиқи одобу рафторро ба ҷой меорад, волидайн бо имову ишора, ҳадяҳои муносиб ва лафзу суханҳои мувофиқ хушнудӣ ва ризоияти хешро нишон диҳанд;

– Муҳити кӯдакро бо ғамхориву меҳрубонӣ иҳота кунед. Вале ҳангоми изҳори меҳру муҳаббати хеш эътидолро бояд риоя кард. Изҳори аз ҳад зиёди муҳаббат ба кӯдак боиси эрка шудан ва беадаб гаштанаш мегардад;

– Муҳити кӯдакро бо макон, ҷомеа ва нафарони намунавӣ, ки барои инкишофи шахсият ва ҷанбаҳои рӯҳӣ-равонияш таъсири мусбат мерасонанд, фароҳам оваред. Раванди иҷтимоигардии фард дар ҷомеа аз тақлид сар мешавад. Аз ин рӯ ҳар макон ва муҳити мусбат ё манфӣ дар ташаккули шахсияти нозук ва ягонаи ӯ нақш мегузорад;

– Ҳар вақте кӯдак бо волидайн гап мезанад, ба суханҳои ӯ бодиққат гӯш диҳед. Фикрҳояшро қадр кунед. Барои дуруст изҳор карда тавонистани андеша ва эҳсосоташ кӯмак расонед;

– Ҳар вақте дар рафтору гуфторҳояш ғалат мекунад ё амалҳои ношоистаро ба ҷой меорад, ӯро огоҳ намуда, сабаби ғалат ва ношоиста будани чунин рафтору гуфторро фаҳмонда диҳед. Азбаски кӯдак ҳамакнун “хато ва дуруст”-ро меомӯзад, ӯро ҷоҳилона таъдиб дода, дилашро озурдан амали оқилон анест;

– Дар ин овон кӯдак нисбат ба солҳои қаблӣ бештар бо дӯстони “хаёлӣ” рафиқ шуда, ҳангоми бозӣ сенарияҳои тахайюлӣ месозад. Хавотир нашавед! Чунин ҳолат барои рушди равонӣ дар ин синну сол муқаррарӣ аст. Ва ҳаргиз кӯдакро аз ин бозиву рафиқони хаёлияш боз надоред.


Рушди равонии кӯдак: яксолагӣ

Рушди равонии кӯдак: дусолагӣ

Рушди равонии кӯдак: сесолагӣ

One Comment Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s